Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бо идомаи ҳисоби натиҷаҳои интихоботи ИМА, асабоният ҳам бештар мешавад


Лас-Вегас. Нозирон ҷараёни ҳисобукитоби овозҳоро назорат мекунанд
Лас-Вегас. Нозирон ҷараёни ҳисобукитоби овозҳоро назорат мекунанд

Ҳисобукитоби овозҳо дар иёлоти калидии ҳалкунандаи натиҷаи овоздиҳӣ дар ИМА идома дорад. Пешбиниҳо ин аст, ки Ҷо Байдени демократ ба пирӯзӣ наздик мешавад, вале президенти амалкунанда Доналд Трамп дар ҳолати норизоият аз ин ҳолат, ба иттиҳоми бедалели ин ки гӯё натиҷаҳо тақаллуб шудааст, дар ҳолати асабоният ва ҳамла ба ҷараёни демократии кишвар мебошад. Натиҷаҳои овоздиҳӣ ҳанӯз аз чор иёлоти калидӣ дар сетоаш ниҳоӣ нашудааст ва ҳам тафовути овозҳои миёни ду номзад дар ин иёлот зиёд нест, дар натиҷа, ҳамаи ин вазъият баъди интихоботи бисёр тунду тез бисёриҳоро дар ИМА асабонӣ кардааст.

Бо идомаи ҳисобкунии натиҷаҳо, Байден дар Пенсилванияву Ҷорҷия ҳам дар муқобили Трамп каме пешрафт карда, дар Невадаву Аризона ҳам натиҷаҳояш имкон медиҳад, ки билохира 270 овози зарурии ҳайати овоздиҳандагонро ба даст оварад.

Трамп, дар муқобил, аз ин ҳолат бисёр норозӣ аст ва дар изҳороти беасосе интихоботро дар тақаллуб айбдор карда таҳдид кард, ки аз роҳи ҳуқуқӣ пеш меравад.

XS
SM
MD
LG