Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи шумориши раъйи мардум дар интихоботи президентии ИМА


Эътирозгарон дар Пенсилванияи ИМА
Эътирозгарон дар Пенсилванияи ИМА

Бо идомаи шумориши раъйи мардум дар интихоботи президентии Амрико таниш дар саросари ин кишвар боло мегирад.

Бо вуҷуди сипарӣ шудани 24 соат аз поёни раъйдиҳӣ ҳануз натиҷаҳоро эълон накардаанд.

Ҷо Байден, номзади Ҳизби демократ бино ба назарсанҷиву пешбиниҳо назар ба раиси ҷумҳур Доналд Трамп раъйи бештар ба даст овардааст ва мумкин аст, дар интихобот пирӯз шавад.

Тахмин мешавад, ки ӯ дар иёлатҳои Мичиган ва Висконсин ғолиб омадааст.

Бо идомаи шумориши оро дар иёлатҳои Аризона, Ҷорҷиа, Пенсилвания ва Невада, тахминҳо ин аст, ки Ҷо Байден 253 раъйи ҳайати интихоботиро ба даст овардааст ва Доналд Трамп 214 раъйи ҳайатҳои интихоботиро дорад.

Барои раиси ҷумҳур шудан, яке аз номзадҳо бояд 270 раъйи ҳайатҳои интихоботиро ба даст оварад.

Дар сурати пирӯзии Ҷо Байден дар Аризона ва Невада мумкин аст, ӯ ҳамон 270 раъйи заруриро ба даст биёрад ва раиси ҷумҳури Амрико шавад.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико иддао кард, ки дар ҷараёни раъйдиҳӣ ва шумориши оро қонуншиканиҳои бузурге будааст, вале далеле наовард. Ҷумҳурихоҳон дар чанд иёлат ба додгоҳ шикоят бурдаанд ва баъзе аз тарафдорони Трамп дар марказҳои раъйдиҳӣ дар Детройт ва Феникс ҷамъ омаданд. Айни замон ҳазорон нафар дар шаҳрҳои Амрико ба хиёбонҳо баромада ба зидди Доналд Трамп эътироз карданд.

XS
SM
MD
LG