Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қазоқистон дар як рӯз 495 кас ба COVID -19 мубтало шуданд


Мақомоти Қазоқистон 5 ноябр хабар доданд, ки давоми як шабонарӯзи ахир дар ин кишвар 494 ҳолати нави мубталошавӣ ба коронавирус ё COVID -19 сабт шудааст.

Ними ҳолатҳои навро дар шарқи он кишвар ошкор кардаанд. Ба ҷуз ин, 209 ҳолати дигар ба иллатӣ манфӣ баромадани натиҷаи озмоиши вирус ба омор шомил карда нашудааст. Ҳамчунин дар давоми як рӯзи ахир 7 ҳолати фавт ба қайд гирифта шудааст.

Танҳо дар вилояти Қазоқистони Шимолӣ, ки ҳафтаҳои ахир аз нигоҳи теъдоди мубталоёни нав пешсаф аст, 222 ҳолати мубталошавӣ бо натиҷаи мусбати озмоиш сабт гаштааст.

Дар Қазоқистон шумори умумии мубталоёни коронавирус расман ба 114 235 расидааст. 38 490 ҳолати дигарро бо натиҷаи манфии озмоиши вирус ба рӯйхати беморони "илтиҳоби шуш", ки яке аз барангезандаҳои он коронавирус аст, шомил кардаанд. Аз оғози паҳншавии коронавирус то ба ҳол дар ин кишвар 1 873 нафар бар асари вирус фавтидааст. Сабаби 406 ҳолати дигар "илтиҳоби шуш" гуфта мешавад.

XS
SM
MD
LG