Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муноқишаи навбатӣ дар Хоруғ. ВКД сабаби тирпаронии пулисро шарҳ дод


Намое аз шаҳри Хоруғ.
Намое аз шаҳри Хоруғ.

Мақомоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон муноқишаи шаби гузашта дар шаҳри Хоруғро шарҳ доданд. ВКД гурӯҳе аз ҷавононро ба он муттаҳам кард, ки монеи кори кормандони пулис шуданд. Аммо бархе сокинон гуфтанд, ки маъмурони милиса "беҳуда" тирпаронӣ карданд.

Дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки ҳодиса соатҳои тақрибан 21-и 4-уми ноябр дар маҳаллаи Хоруғи боло рух додааст. Ба қавли манбаъ, сокини ин шаҳр Сино Зикилобеков, дар дидбонгоҳи БДА воқеъ дар деҳаи Бидурди Шуғнон "ба талаботи кормандони милитсия итоат накарда", бо мошинаш ба сатми шаҳри Хоруғ фирор кардааст.

Манбаъ дар идома мегӯяд, ки ҳангоми пайгирии ин худрав, гурӯҳи 15-нафараи ҷавонони маҳаллаи Хоруғи боло ба кори кормандони пулис монеъ шуда, муқобила нишон доданд.

"Бо мақсади пароканда намудани издиҳоми ҷавонон аз тарафи кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба тарафи ҳаво тир парронда шудааст",- омадааст дар хабари ВКД.

Дар бораи ҳодисаи шаби гузашта нахуст бархе аз сокинони шаҳри Хоруғ дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар доданд. Онҳо навиштанд, ки "кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар ҷойи аҳолинишин бе ягон асос тирпаронӣ карданд". Бархе сокинон иттиҳоми халалрасонӣ ба кори пулисро рад карданд.

Комёр Мирзоев, як сокини шаҳри Хоруғ, ки пас аз рух додани ҳодиса ба ин маҳал рафт, ба Радиои Озодӣ гуфт: "Дар маҳаллаи Хоруғи болои шаҳри Хоруғ кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар ҷои аҳолинишин бе ягон асос тирпарронӣ карданд, ҳарчанд қонунгузорӣ тирпарронӣ дар ҷои аҳолинишинро манъ кардааст. Хушбахтона ягон нафар аз сокинон осеб надид. Аз тарафи сокинон ягон муқобилият ҳам нишон дода нашуд".

Бо ин вазъ, ҳанӯз пурра рӯшан нест, ки шаби гузашта миёни маъмурони пулис ва ин гурӯҳи ҷавонони Хоруғи боло чӣ гузаштааст. Мақомот мегӯянд, ки ҳодисаро таҳқиқ доранд.

Шаҳри Хоруғ, маркази Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон аст ва дар гузашта ҳам шоҳиди муноқиша ва эътирози ҷавонон шудааст. Аз соли 2018 дар ин шаҳр постгоҳҳои кормандони ниҳодҳои қудратӣ амал мекунад.

Нофаҳмӣ миёни сокинон дар Бадахшон ва кормандони ниҳодҳои қудратӣ ҳодисаи нав нест. Қаблан низ чунин ҳодисаҳо ба вуқӯъ пайваста ва боиси эътирози сокинон шуда буд.

Аз ҷумла моҳи январи январи соли гузашта як гурӯҳ аз сокинони Хоруғ пас аз он, ки ба гуфтаи онҳо як ҷавон бо номи Наврас Худоёров аз силоҳи пневматикии пулис захм бардошт, эътироз карданд.

XS
SM
MD
LG