Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Twitter ва Facebook ба хотири пешгирӣ аз хабарҳои носаҳҳеҳ бархе саҳифаҳои хабариро масдуд карданд


Дар ИМА ҳама, аз мардум сар карда то расонаҳо мунтазири натиҷаҳои интихобот ҳастанд
Дар ИМА ҳама, аз мардум сар карда то расонаҳо мунтазири натиҷаҳои интихобот ҳастанд

Twitter ва Facebook саҳифаҳои чандин расонаҳои ростгарои хабариро, ки дар бораи интихоботи ИМА иттилоъ медоданд, бо далели нақзи сиёсати истифодаи ин шабакаҳо масдуд карданд. Бархе аз ин саҳифаҳо ҳанӯз 3-юми ноябр масдуд шуданд, чун матолиби нашркардаи онҳоро чандин расонаи Русия бознашр карда барҷаста нишон доданд. Twitter гуфт, ки ин саҳифаҳо баъди он баста шуданд, ки сиёсати зидди “ҳамоҳангӣ”-и шабакаҳои иҷтимоиро нақз карда, маводи ба ҳам монанд нашр карданд, дар ҳоле, ки худро расонаҳои мустақил вонамуд мекунанд.

SVNewsAlerts, ки дар Twitter беш аз 78 ҳазор пайрав дорад, дар матнҳояш дар бораи беназмиҳои марбут ба интихобот хеле зиёд навишт ва борҳо ба гӯё набуди амнияти овоздиҳӣ таъкид кард. Дар ин саҳифа дар бораи иддаоҳои тақаллуб дар бораи демократҳо бисёр навишта ва ба раҳпаймоиҳову тарафдорӣ аз Доналд Трамп даъват шуд.

Вале дар рӯзи интихобот дар ИМА тақрибан ҳеҷ як ҳодисаи хароб шудани ҷараёни овоздиҳӣ рух надодааст. Дар миёни саҳифаҳои аз ҷониби Twitter масдудшуда инчунин исми FJNewsReporter, Crisis_Intel ва Faytuks ҳам ёд мешавад.

Facebook бо таъкид ба “рафтори ношинохташуда” чандин саҳифаи вобаста ба ИМА, аз ҷумла SV News and FJ News-ро масдуд кард. Reuters гузориш дод, ки саҳифаҳои SVNewsAlerts ва Faytuks даҳҳо бор матолиби вебсайтҳои таҳти назорати ҳукумати Русия, аз ҷумла Sputnik ва RT-ро бознашр карданд. Оҷонсиҳои иттилоотии ИМА қаблан аз дахолати Русия ба ҷараёни интихоботии ИМА тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар василаҳо огоҳ карда буданд. Маскав ҳама гуна иттиҳом дар бораи дахолаташ ба ҷараёни интихоботи ИМА ваё кишварҳои дигари хориҷиро рад мекунад.

XS
SM
MD
LG