Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Узбекистон Ҷоизаи байналмилалии "Ал-Хоразмӣ" - 50000 доллар таъсис ёфт


Ал-Хоразмӣ
Ал-Хоразмӣ

Вазорати адлияи Узбекистон хабар дод, ки Девони вазирони ин кишвар тартиби тақдими Ҷоизаи байналмилалии ба номи Муҳаммад ал-Хоразмиро тасдиқ ва мукофотпулии онро 50 ҳазор доллари амрикоӣ муайян кард.

Ҷоизаи "Муҳаммад ал-Хоразмӣ" ба донишмандон, аз ҷумла шаҳрвандони хориҷӣ ва афроди бешаҳрвандие дода мешавад, ки дар асоси пажӯҳишҳои илмии бунёдӣ ё амалӣ дар бахши риёзиёт ҳалли мушкили дақиқеро пешниҳод кардаанд.

Ин ҷоиза дар ду сол як бор аз сӯи президенти Узбекистон бо пешниҳоди Шӯрои ҷумҳуриявии он кишвар оид ба илму технология тақдим хоҳад шуд.

Ҷоизаи байналмилалии ба номи Муҳаммад ал-Хоразмӣ бо фармони президенти Узбекистон аз 7 майи соли 2020 таъсис ёфтааст.

XS
SM
MD
LG