Иҷрокунандаи вазифаи президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов (Ҷапаров) гуфт, ки барои роҳандозии ислоҳоти конститутсионӣ, ки ба тақвияти салоҳиятҳои президентӣ равона шудааст, ислоҳоти конститутсионӣ ба роҳ монда мешавад. Рӯзи 3-юми октябр, зимни муроҷиат ба сокинони Ӯш, Ҷабборов интиқодҳои нафаронеро рад кард, ки мегӯянд, Ҷабборов дар фикри заъиф кардани низоми парлумонӣ ва тасарруфи қудрат мебошад. Ӯ гуфт, “ҳама пешниҳодҳои марбут ба ислоҳот ба таври озод бо мардум баррасӣ мешавад. Дар 10-15 рӯзи наздик мо таҳияи тарҳи пешниҳодҳоро анҷом хоҳем дод ва онро ба Шӯрои конститутсионӣ медиҳем, ки қарор аст таъсис шавад. Тамоми шаҳрвандони хоҳишманд ва намояндагони созмонҳои ғайридавлатӣ барои узвият дар Шӯрои конститутсионӣ роҳ дода мешаванд. Пешниҳодҳо ба баррасии ҷомеа гузошта шуда аз роҳи референдум қарори ниҳоӣ гирифта мешавад”.
Ҷабборов дар гузашта як сиёсатмадори миллатгаро ва узви парлумон буд. Соли 2017 ӯро барои гаравгонгирии як рақиби сиёсиаш ба 11,5 соли зиндон маҳкум карданд, вале тарафдоронаш дар авҷи эътирозҳои баъди интихоботи 4-уми октябр ӯро аз зиндон раҳо намуданд. Дар паи ин ҳама ҷараёнҳо президент Сооронбой Ҷеенбеков ба истеъфо рафту Ҷабборови аз ҷониби парлумон нахуствазир интихобшуда иҷрокунандаи вазифаи президент шуд. Ӯ қарор аст то интихоботи нави президентии моҳи январи соли 2021 дар ин мақом кор кунад, вале рӯзи 3-юми ноябр бори дигар ӯ такрор кард, ки моҳи декабр аз вазифаи иҷрокунандаи вазифаи президент канор меравад ва дар интихобот номзад хоҳад шуд. Қонуни амалкунанда ба иҷрокунандаи вазифаи президенти Қирғизистон ҳақ намедиҳад, ки дар интихобот номзад шавад. Чунин кор роҳи қонунии ширкати ӯ дар интихоботро ҳамвор мекунад. Ҷабборов ҳамчунин гуфтааст, ки интихоботи нави парлумонӣ “баъди тағйири низоми ҳукумат дар кишвар” баргузор мешавад.
Ӯ гуфт, “баъди машваратҳо бо раиси парлумон ва раҳбарони гурӯҳҳои сиёсии маҷлис мо ба қароре омадем, ки интихоботи нави парлумонӣ то 1-уми июн баргузор шавад. Ин мутобиқ ба қонун аст. Интизор дорам, ки то моҳҳои апрел ва маи соли оянда ислоҳоти конститутсионӣ барои тағйир додани низоми ҳукумат қабул мешавад ва интихоботи парлумонӣ баъди он баргузор хоҳад шуд”.
Ин дар ҳолест, ки баъди бекор шудани натиҷаҳои интихоботи 4-уми октябр Комиссиюни марказии интихоботҳои Қирғизистон қарор кард, ки интихоботи парлумонии навро 20-уми декабр баргузор кунад. Вале Ҷабборов рӯзи 22-юми октябр тағйирот ба қонуни интихоботро имзо кард, ки бар асоси он санаи интихоботи нави парлумонӣ ба мӯҳлати баъдӣ дар соли 2021 вогузор мешавад. Комиссиюни интихоботҳо хост, ки ин қарорро дар Додгоҳи олӣ бозбинӣ кунад, вале додгоҳ гуфт, ки бо сабабҳои фаннӣ дар заминаи пардохти ҳаққи заҳмат ин аризаро бармегардонад.
Палати конститутсионии Додгоҳи олии Қирғизистон рӯзи 2-юми ноябр гуфт, ки айни чунин аризаи ҳизби оппозитсионии “Реформа” ва ду шаҳрванди дигарро баррасӣ мекунад.
Раиси ҳизби оппозитсионии “Ота-Макон” Омурбек Текебоев ба Радиои Озодӣ гуфт, ки барои тавсеа додани салоҳиятҳои парлумон мубориза мебарад ва ояндаи ислоҳоти пешниҳодкардаи Ҷабборов аз он бастагӣ хоҳад дошт, ки чӣ шахсе барандаи интихоботи президентӣ мешавад.
Депутати собиқ Исҳоқ Масалиев ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Ҷабборов аллакай ба таблиғоти президентии номзадиаш шурӯъ карда дар мулоқот бо сокинони манотиқи кишвар барномаи худро муаррифӣ мекунад. Масалиев ба ин назар аст, ки Ҷабборов аллакай бисёр курсиҳои ҳукуматиро бо шахсони мавриди назари худ табдил карда дар талоши ин аст, ки барои дарозмуддат дар қудрат бимонад. Дар қиболи ин тарафдорони Ҷабборов пойфишорӣ мекунанд, ки кори ӯ мутобиқ бо қонунҳои кишвар мебошад.
То 3-юми ноябр панҷ сиёсатмадор расман Комиссиюни марказии интихоботҳоро огоҳ карданд, ки дар интихоботи президентӣ ширкат хоҳанд кард. Дар ин феҳрист исми раҳбари ҳизби оппозитсионии “Бутун Қирғизистон” Адахон Мадумаров, раҳбари ҳизби “Эл учун” Арстанбек Абдилдаев, собиқ раҳбари ҳизби “Эгемен Қирғизистон” Бектур Асанов, таърихшинос Кубан Чороев ва як фаъоли мухолифон Назарбек Нишонов ёд мешавад.