Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати як ҷавон аз заҳролудшавӣ дар Данғара. Ҳашт нафари дигар бистарианд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Аз "консерваи бодирингу помидор" дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон 11 нафар заҳролуд шуда, рӯзи якуми ноябр яке аз онҳо фавтидааст. Масъулони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода гуфтанд, ҳоло ҳашт нафар бистарианд. Вазъи се нафари онҳо, ки аз 15 то 47-сола ҳастанд, вазнин гуфта мешавад.

"Вазъи саломати 5 каси дигар хуб аст ва ҳамаи онҳо муолиҷа мешаванд", - гуфтанд дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода рӯзи 3-юми ноябр. Айни замон мақомот аз сокинон хостаанд, ки ҳангоми омода кардани консерваи бодирингу помидор дар хона қоидаҳои бехатариро риоя кунанд.

Сокинони Тоҷикистон бо далели гарон ва камчин шудани меваву сабзавот дар зимистон, дар фасли тобистон ин маҳсулотро дар шакли консерва захира мекунанд. Мутахассисон мегӯянд, агар консерва то андозае мушкили захираи ғизоро ҳал мекунад, вале хатар ҳам дорад.

Дар сурати риоя нашудани меъёрҳои тозагӣ, истифода аз маҳсулоти дорои маводи кимиёии зиёд, дар дохили консерва таҷзияҳои кимиёӣ мегузарад ва ғизои хушхӯр ба заҳр табдил шуда метавонад.

Моҳи декабри соли 2017 чаҳор узви як хонавода дар Кӯлоб дар натиҷаи истеъмоли ғизои олуда заҳролуд шуда буданд.

Соли 2012 дар ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд бар асари истеъмоли консерваи заҳролуд як нафар ҷони худро аз даст дод. Соли 2016 низ 3 нафар дар Кӯлоб аз заҳролудшавӣ ҷон бохтанд.

XS
SM
MD
LG