Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаҳои мусаллаҳона дар Вена. Ҳадди ақал 3 нафар кушта шуданд


Ҳамла дар Вена
Ҳамла дар Вена

Мақомоти Австрия мегӯянд, ки дар пайи ҳамлаҳои шаби гузашта ба як каниса ё ибодатгоҳи яҳудиён дар шаҳри Вена, ҳади ақал се нафар ҷон бохтанд. Ба гуфтаи мақомот, ин ҳамлаҳо аз 6 нуқта дар маркази шаҳри Вена сурат гирифтааст.

Телевизиони давлатии Австрия ба нақл аз шоҳидони айнӣ гузориш додааст, ки ин тирандозӣ андаке баъд аз соати ҳашти шаб ба вақти маҳалӣ рух додааст. Тибқи иттилои манбаъҳои расмӣ, 15 маҷруҳи ин тирандозиҳо, ки вазъи ҳафт тани онҳо вахим мебошад, ба яке аз бемористонҳои Вена интиқол дода шудаанд. Яке аз захмиҳои ин ҳодиса, ки ҳолаш вазнин мебошад, аз муҳофизони ин каниса будааст.

Ба гуфтаи вазири умури дохилии Австрия, чандин нафар дар ин ҳамлаҳо даст доштанд ва ҳар шаш нуқтае, ки ҳамлаҳо дар он сурат гирифтааст, дар наздикии хиёбоне ҳастанд, ки канисаи марказии Вена дар он қарор дорад. Ӯ изҳор дошт, "акнун метавонем таъйид кунем ва бовар дорем ин ҳамлаҳо террористӣ будааст".

Вазири умури дохилии Австрия ҳамчунин гуфт, ки дар ин ҳамлаҳо чандин нафар кушта шудааст. Як мақоми дигар дар ҳукумати Австрия гуфтааст, ки ду нафар кушта шудаанд, ки яке аз онҳо шаҳрванди оддӣ ва нафари дувум аз худи ҳамлаварон мебошанд.

Чанд соат баъд аз ин ҳодиса, мақомоти шаҳрдории Вена эълон карданд, ки яке аз захмиён ҷон бохта ва шумораи кушташудаҳо ба се нафар расидааст.

Дар ҳамин ҳол, эҳтимоли вуҷуди навъе иртибот миёни ҳодисаи шаби душанбе дар Вена бо ҳамлаҳои ахир дар Фаронса матраҳ шудааст. Аз ин рӯ тамоси телефонии Эммануэл Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса бо нахуствазири Австрия, таваҷҷуҳи расонаҳоро ба худ ҷалб кардааст.

Макрон дар ин тамоси телефонӣ ҳимояти комили Фаронсаро аз Австрия таъкид кард. Қабл аз ин, нахуствазири Австрия низ дар ҷараёни ҳодисаҳои хушунатбори ҳафтаи ахир дар шаҳрҳои мухталифи Фаронса, бо он кишвар ибрози ҳамбастагӣ карда буд.

Бархе гузоришҳо аз кушта шудани ҳафт нафар сухан гуфтаанд. Аммо пулис ҳанӯз маълумоти расмӣ дар ин бора нашр накардааст. Пулиси Австрия аз ҳамаи мардум хостааст, ки аз нашри видеоҳои ин ҳодиса, дар ҳоле, ки таҳаввулот идома дорад, худдорӣ кунанд.

Ниҳодҳои яҳудиёни Австрия дар машварат бо пулис аз яҳудиён хостаанд ҳамаи намоишгоҳҳо ва марказҳои вобаста ба яҳудиёнро бибанданд. Аз онҳо даъват шудааст, ки дар хонаҳо бимонанд, дарҳоро қуфл карда, аз берун рафтан худдорӣ кунанд.

Ҳамчунин аз яҳудиён хоста шудааст, ки аз истифодаи кулоҳи динӣ ва дигар нишонаҳои мазҳабӣ худдорӣ кунанд. Бо ин ҳол, раиси ҷамъияти яҳудиёни Вена гуфтааст, фикр намекунад, ки каниса ва яҳудиён ҳадафи мушаххаси ин ҳамла буда бошанд.

Дар маҳали ҳамла даҳҳо яҳудӣ зиндагӣ мекунанд ва хонаи таърихии Бенямин Ҳертсл, бунёдгузори Ҷунбиши миллигарои яҳуд, маъруф ба саҳюнизм, дар наздикиҳои ин маҳал аст.

Канисае ки ба он ҳамла сурат гирифт, рӯзона дорои ду нигаҳбон мебошад ва дар паҳлуи он низ як қаҳвахонаи хуроки забҳи "ҳалол"-и яҳудиён вуҷуд дорад.

Ин каниса дар соли 1981 ҳам мавриди ҳамлаи мусаллаҳона қарор гирифта буд, ки дар ҷараёни он ду тан кушта шуданд.

XS
SM
MD
LG