Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эдвард Сноуден дархости шаҳрвандии Русияро кард


Ҳуҷҷатҳои Эдвард Сноуден.
Ҳуҷҷатҳои Эдвард Сноуден.

Корманди пешини Оҷонси миллии амнияти Амрико Эдвард Сноуден барои дарёфти шаҳрвандии Русия ариза пешниҳод кардааст. Дар ин бора худи ӯ дар шабакаи иҷтимоии "Твиттер" иттилоъ дод.

"Баъди он ҳама солҳои тӯлонии ҷудоӣ аз волидон ман бо ҳамсарам тасмим гирифтем, ки аз писарамон ҷудо нашавем. Бинобар ин, дар авҷи пандемия ва баста будани марзҳо мо барои дарёфти душаҳрвандии Русия ва ИМА ариза пешниҳод мекунем",-навиштааст ӯ.

Вале ба гуфтаи Сноуден, ӯ ва ҳамсараш "амрикоӣ" мемонанд ва фарзандашонро ҳам тибқи "ҳамаи арзишҳои амрикоие, ки онҳо дӯст медоранд, бо шумули озодии баён" ба воя мерасонанд.

"Рӯзи бозгашт ба ИМА-ро бесаброна мунтазир ҳастам, то ҳамаи хонавода ба ҳам бипайванданд. Орзуи бузургтарини мо ин аст, ки писарамон худро дар хонаи худ эҳсос намояд", - афзудааст вай.

Эдвард Сноуден дар солҳои гуногун бо Раёсати марказии иктишофӣ ва Оҷонси миллии амнияти ИМА ҳамкорӣ дошт. Соли 2013 вай ҳуҷҷатҳои махфиро дар ихтиёри рӯзноманигорон гузошт. Ҳуҷҷатҳо шаҳодат медоданд, ки мақомоти амрикоӣ шаҳрвандони кишварҳои гуногунро назорат мекунанд. Сноуден аз ҷавобгарӣ фирор кард - нахуст ба Гонконг рафт ва баъдтар вориди Русия шуда, ҳаққи истиқомат пайдо кард.

Мақомоти ИМА Сноуденро дар дуздии моликияти давлатӣ, истифодаи ғайриқонунии иттилои марбут ба сирри низомӣ ва қасди ошкор кардани маълумоти дорои сирри давлатӣ айбдор мекунанд.

Бештар аз як миллион сокини кишварҳои ҷаҳон аз президенти пешини ИМА Барак Обама хоста буданд, ки Сноуденро авф кунад. Обама гуфта буд, Сноуден бояд ба додгоҳи амрикоӣ ҳозир шавад.

XS
SM
MD
LG