Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Палатаи конститутсионии Қирғизистон шикояти зидди КМИР-ро баррасӣ мекунад


Палатаи конститутсионии Додгоҳи олии Қирғизистон гуфт, ки баррасии шикояти ҳизби оппозитсионии “Реформа” ва ду шаҳрванди маҳаллиро шурӯъ мекунад, ки бо қарори Комиссиюни марказии интихоботҳои Қирғизистон дар бораи рӯзи 20-уми декабр баргузор кардани интихоботи парлумонӣ розӣ нестанд. Ҳафтаи гузашта айни чунин як шикояти ҳизби дигар бо далелҳои фаннӣ рад шуд. Таҳаввулот дар ҳолест, ки баъди бекор шудани натиҷаҳои интихоботи парлумонии 4-уми октябр ва истеъфои президент Сооронбой Ҷеенбеков дар ҷомеа аз як ҳолати номуайянӣ эҷод шудааст. Аъзои мухолифон гуфтанд, ки овозҳои интихобкунандаҳо тақаллуб шуд ва ин ҳолат боиси ба хиёбонҳо рехтани мардум гашт. Комиссиюни интихоботӣ баъди ин натиҷаҳоро бекор карду интихоботи навро дар таърихи 20-уми декабр таъин намуд. Вале рӯзи 22-юми октябр президент Содир Ҷабборов (Ҷапаров) ба қонуни интихоботҳо тағйирот ворид кард ва санаи баргузории овоздиҳиро ба фурсати баъди соли нави 2021 вогузор намуд. Ин ба он маъност, ки интихоботи парлумонӣ баъди интихоботи президентии 10-уми январ барпо мешавад.
Ҷабборов, собиқ вакили миллатгарои парлумон, соли 2017 бо иттиҳоми гаравгонгирии як рақиби сиёсиаш ба 11 соли зиндон маҳкум шуд, вале дар авҷи эътирозҳову беназмиҳои баъди 4-уми октябр озод гардид. Ӯро 14-уми октябр парлумон дар мақоми нахуствазирӣ тасдиқ кард. Ӯ инчунин салоҳиятҳои иҷрокунандаи президентро ҳам баъди аз мақом канор рафтани Ҷеенбеков ба даст овард. Қонунҳои Қирғизистон пешбарӣ шудани иҷрокунандаи мақоми президентро ба интихоботи президентӣ манъ мекунад, вале рӯзи 25-уми октябр Ҷабборов гуфт, ки пеш аз интихобот аз мақом канор рафта барои номзади президентӣ шудан пешбарӣ хоҳад шуд.

То 2-юми ноябр панҷ сиёсатмадори дигар дар Қирғизистон гуфтанд, ки омода ҳастанд дар интихобот иштирок кунанд. Инҳо: раҳбари “Бутун Қирғизистон” Адахон Мадумаров, раҳбари ҳизби “Барои мардум” Арстанбек Абдилдаев, собиқ раиси ҳизби “Истиқлолият” Бектур Асанов, таърихшинос Кубан Чороев ва фаъоли мухолифон Назарбек Нишонов мебошанд.

XS
SM
MD
LG