Дилмуродҷон Солиев, раиси ноҳияи Фурқати вилояти Фарғонаи Узбекистон талаб кард, ки пизишкони таваллудхонаи ноҳия аз кор ронда шаванд.
Ин талаби раиси ноҳия баъди он садо дод, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори ҷанҷоли пизишкони таваллудхона нашр шуд. Пизишкон натавонистанд, подошеро тақсим кунанд, ки барои таваллуди кӯдаке дарёфт карда буданд.
Дар навор дида мешавад, раиси ноҳияи Фурқат Дилмуродҷон Солиев рӯзи 29 октябр ба таваллудхона рафта, аз пизишкон талаби берун баромаданро дорад.
"Бевиҷдонҳое, ки подошро наметавонед тақсим кунед. Ҳамаро ба берун бароред, бигзор посух диҳанд. Бароредашон, онҳо ҳамаро ба дод овардаанд", - шунида мешавад садои раиси ноҳия дар навор.
Дилмуродҷон Солиев аз роҳбарияти таваллудхона ҳамчунин талаб мекунад, ки пеши роҳи фасодкориро бигиранд.
Ин ҷанҷол баъди он сар зад, ки навори фасодкории пизишкон дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд. Кормандони таваллудхона сари тақсими подоше миёни ҳам баҳсу даъво карданд, ки аз хешовандони тифли нав таваллудшуда дарёфт карда буданд.
Яке аз пизишкони таваллудхона шикоят мекунад, ки хешовандони кӯдак ба вай подоши кам додаанд. "Ба ман ҳамагӣ 20 ҳазор сӯм (муодили 20 сомонӣ) доданд. Ба дигарон 100-150 ҳазор сумӣ (мутаносибан 100 ва 150 сомонӣ) доданд", - сабт шудааст дар навор.
Раиси ноҳияи Фурқат мегӯяд, баъди тамошои ин навор ба ваҳшат уфтодааст. Вай худро дар ҷой доштани фасод дар таваллудхона айбдор ҳисобидааст.
Пештар аз ин мақомоти Узбекистон мавҷудияти фасодро дар таваллудхонаҳо эътироф карда буданд.