Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Бишкек зидди президенти Фаронса эътироз карданд


Тазоҳурот зидди Эммануэл Макрон дар Бишкек.
Тазоҳурот зидди Эммануэл Макрон дар Бишкек.

Дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон рӯзи 1 ноябр наздики 500 нафар гирди ҳам омада, зидди президенти Фаронса Эммануэл Макрон эътироз карданд. Онҳо талаб карданд, ки кашидани тасвирҳои танзомези пайғамбар Муҳаммад (с) ва даъватҳои зиддиисломӣ бас шаванд.

Абдулҳамид Таштанов, фаъоли ҷамъиятӣ ва яке аз ташкилкунандагони гирдиҳамоӣ аз роҳбари Фаронса даъват кард, ки аз мусалмонон узрхоҳӣ кунад.

Чунин гирдиҳамоӣ рӯзи 30 октябр дар шаҳри Ӯши Қирғизистон ҳам баргузор шуд.

Эммануэл Макрон, президенти Фаронса баъди куштори муаллим Самюэл Патӣ аз сӯи як чечентабор дар наздикии шаҳри Порис рӯзи 16 октябр, дар бораи тундгароӣ изҳороти шадиде кард. Муаллим Патӣ баъди он кушта шуд, ки карикатураҳои кашидаи маҷаллаи Charlie Hebdo-ро дар бораи пайғамбар Муҳаммад (с) дар дасрҳои худ ба хонандагон нишон дод.

Пулиси Фаронса дар куштори муаллим чечентабор Абдуллоҳ Анзоровро гумонбар мекунад. Анзоров дар саҳифаи шабакаҳои иҷтимоӣ акси мақтулро нашр ва зери он навишт, ки ӯро ба хотири таҳқири пайғамбар "қатл" кардааст.

Президенти Фаронса гуфт, ин ҳодиса нишонаҳои "террори исломӣ"-ро дорад. Ҳарфҳои Макрон дар чанде аз кишварҳо эътирозҳоро ба бор оварданд. Баъдтар дар чанд шаҳри дигари Фаронса ҳамлаҳои мусаллаҳона сурат гирифт.

XS
SM
MD
LG