Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

 “Орзуи Гурҷистон” пирӯз эълон шуд, мухолифон қабул надоранд


Дар интихоботи порлумонии рӯзи 31-уми октябр ҳизби “Орзуи Гурҷистон” пирӯз эълон шуд, вале мухолифон натиҷаҳои интихоботро қабул надоранд.

Намояндагони ин ҳизб ҳашт сол боз ҳукуматро дар Гурҷистон дар даст доранд. Бузургтарин ҳизби мухолиф натиҷаҳои интихобтро рад кард ва ба тазоҳурот дар маркази Тифлис даъват намуд.

Як созмони ҷамъиятии нозирон интихоботи охирро барои кишваре, ки 3,7 миллион аҳолӣ дорад, "як қадам ба қафо" унвон кард.

Комиссияи Марказии интихобот гуфт, ки аз 92 дар сади овози шаҳрвандон беш аз 48 дар сади онро “Орзуи Гурҷистон” ва беш аз 26 дар садро ҳизби мухолифи Ҷумбиши муттаҳидаи миллӣ дарёфт кардаанд. Шаш ҳизби дигар овозҳои камтар гирифтанд.

Созмони Амният ва ҳамкории Аврупо ҳанӯз хулосаҳои худро дар бораи интихоботи порлумонии Гурҷистон эълон накардааст.

XS
SM
MD
LG