Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазияи Шерафган масъалаи маошро доғ кард. Дар Ситод гуфтанд, "ташвишовар аст". ВИДЕО


Наздиконаш гуфтанд, Шерафган Хоҷақулов рӯзи 25-уми октябр худкушӣ кардааст

Худкушии як корманди бахши амнияти Фурудгоҳи Душанбе, ки наздиконаш онро ба пардохт нашудани маоши чандмоҳа рабт доданд, вале масъулони идора рад карданд, мавзӯи пардохти моҳонаи коргаронро дар Тоҷикистон доғ кард. Шерафган Хоҷақулов рӯзи 25-уми октябри имсол дар ҷойи кор худкушӣ кардааст.

Дар ҳоле ки Додситонии нақлиёт сабабҳои ҳодисаро таҳқиқ мекунад, корбаре бе зикри ном дар сомонаи Радиои Озодӣ навиштааст, "ин воқеа на ҳамчун худкушӣ, балки расондани шахс ба худкушӣ санҷида шавад."

Амирҷони Аминҷонӣ дар саҳифаи Радиои Озодӣ дар Фейсбук ин ҳолатро нишонаи набудани адолати додгоҳӣ номидааст. Шарҳи ӯ чунин аст: "Аз ҳуқуқи коргарон ҳеч кас ҳимоят намекунад, баръакс, касеро, ки ариза навишт, аз кор пеш ва ҳатто говсуд мекунанд."

Чанде аз корбарон худкуширо роҳи ҳал надонистаанд, аммо иддае онро эътирози як коргар аз дарёфт нашудани моҳонааш гуфтаанд. Хонаводаи Шерафган Хоҷақулов гуфтанд, ӯ дар манзили иҷора мезист ва аз соҳиби хона қарздор шуда буд. Як манбаъ дар Додситонии нақлиёт гуфт, ӯ аз шахсони дигар низ қарз дошт. Масъулони Фурудгоҳи Душанбе гуфтанд, маоши ӯро пурра пардохта буданд.

Корбаре бе зикри номаш дар сомонаи Радиои Озодӣ пурсидааст, нархи билети парвозҳои чартерӣ даҳҳо ҳазор рубл аст, вале чаро кормандони фурудгоҳ бемузд мондаанд. Вай навиштааст: "Ҳам билетҳоро гарон мефурӯшанд ва ҳам маоши коргаронро намедиҳанд."

Барномаро дар инҷо бинед:

Баҳси пардохт нашудани маош дар Озоди Онлайн
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:27 0:00

Дар ҷавоб "Номдор" менависад, агар ҳамаи маблағҳо ба хазинаи фурудгоҳ ворид мешуд, Фурудгоҳи Душанбе дар Осиёи Марказӣ бойтарин мешуд. Ба бовари ӯ, "афсӯс, он 40-70 ҳазор рубл ба "ғори бетаг" меравад. Ягон ниҳоди давлатӣ намепурсад, ки ин маблағи ҷамъшуда аз рейсҳои чартерӣ куҷо шуд."

Гурӯҳе аз корбарон дар сомонаи Радиои Озодӣ навиштаанд, ки мушкили нагирифтани маош танҳо дар фурудгоҳ нест, айни мушкилро дар соҳаҳои дигар низ доранд.
Корбаре бе номаш навиштааст, "се сол шуд, ки маош нагирифтаем. То президент навиштем, ягон ҷавоб нагирифтем. Агар худкушӣ мекардем, ҳазор одам мемурд."

"Беном"-и дигар аз он нигаронӣ кардааст, ки дар як идораи муҳим моҳҳо маоши коргарон пардохт намешавад, вале ниҳодҳои тафтишотӣ дар ин маврид чизе намедонанд ё намегӯянд.

Одил барои аз байн рафтани ин мушкил пешниҳод кардааст, ки Тоҷикистон ҳарчи зуд парвозҳои мунтазами ҳавопаймоҳоро ба Русияву Қазоқистон ва Ҳиндустон ба роҳ монад.
Шарҳи ӯро мехонем: "Коргарон бе маош то чанд мегарданд? Сайёҳонро бештар ҷалб кунед, ки мизоҷони меҳмонхонаву таксиҳо низ зиёд шаванд. Бо мақомоти кишварҳои дигар гуфтушунид бояд кард. Охир, фурудгоҳ замини кишт нест, ки дар он деҳқонӣ бикунӣ."

Мақомоти Тоҷикистон баъд аз ду рӯзи қазияи Шерафган эълон карданд, ки "ҳолатҳои сари вақт пардохт нагардидани музди меҳнати кормандони ташкилоти алоҳида мушоҳида карда мешавад ва ин ташвишовар аст." Ва ҳамчунин бо ширкати вазири меҳнату муҳоҷират ҷаласаи нахустини Ситоди кор дар мавриди пешгирӣ ва бартараф кардани қарздории музди меҳнат дар ҷумҳурӣ баргузор гардид.

Барномаи мо дар Ютуб:

Баҳс дароз асту фурсат кам. Агар назару пешниҳоде доред, ба мо бифиристед. То дидор дар барномаҳои дигар.

Шарҳҳоро бинед (5)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG