Дар Бангладеш даҳҳо ҳазор мусалмонон дар намоиши эътирозӣ иштирок карда, президенти Фаронса Эммануэл Макронро “террористи калонтарини ҷаҳон” номиданд. Ин дар ҳолест, ки ҳимояти ҳукумати Фаронса аз карикатураҳои Муҳаммад Пайғамбар мояи нигаронии дигар ҷомеаҳои мусалмонӣ дар ҷаҳон шудааст. Фаронса, ки макони зисти як ҷомеаи калони мусалмонон мебошад, рӯзи 30-юми октябр дар ҳолати омодабоши амниятӣ қарор гирифт. Ин тасмим баъди он гирифта шуд, ки марде дар шаҳри Ниси Фаронса ба як калисо ҳамла кард ва бо зарби корд се нафарро кушт. Макрон ин ҳодисаро “ҳамлаи террористи исломгаро” номид. Ин ҳодиса ду ҳафта баъди он рух дод, ки дар канораҳои Париж омӯзгори мактабе, ки дар мавзӯи озодии баён ба шогирдонаш сӯҳбат карда, карикатураҳои Муҳаммад Пайғамбарро намоиш додааст, аз ҷониби як ҷавони 18-сола кушта шуд. Рӯзи 30-юми октябр эътирозгарон аз кӯчаҳои шаҳри Дака, пойтахти кишвари аксаран мусалмоннишини Бангладеш гузашт карда, ба бойкоти маҳсулоти сохтаи Фаронса даъват карда президент Макронро “террористи калонтарини ҷаҳон” номиданд. Макрон гуфт, кишвар “барои арзишҳо, салиқаи мо ба озодӣ ва тавони мо барои таъмини озодии мазҳаб дар ин сарзамин” мавриди ҳамла қарор гирифт. Макрон, дар ҳоле, ки дар беруни калисои мавриди ҳамла қарор гирифтаи шаҳри Нис сӯҳбат мекард, гуфт, “мо ҳеҷ заминае намедиҳем” ва аз мардумаш хост, ки “ба андешаҳо дар бораи ихтилофҳо дода нашаванд”.
Намоиши эътирозии Бангладеш бо интиқод аз Макрон
