Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВКД Тотористон дар бораи кушта шудани ҳамлагари 16-солаи полис хабар дод


Идораи полисе дар шаҳри Кукмори Тотористон
Идораи полисе дар шаҳри Кукмори Тотористон

Вазорати умури дохилии Тотористон як навраси 16-соларо, ки ба қавли ин сохтор, ба як идораи полиси шаҳри ивоқеъ дар марзи Тотористону вилояти Киров ҳамла кард, тир холӣ намуд. Вазорат дар изҳороте гуфт, ки ҳодиса соати 00:30-и шаби 30-юми октябр рух дод. Наврас гӯё ба сӯи таваққуфгоҳи мошинҳои идораи полиси ВКД-и Тотористон дар ноҳияи Кукмор ду шишаи дорои “эҳтимолан маҳлули тарканда” партофт. “Вақте ходимони полис ба хомӯш кардани оташ шурӯъ карданд, ба самти онҳо як шишаи дигар партофта шуд”. Ходимони полис наврасро таъқиб карданд ва гӯё ӯ яке аз онҳоро бо корд захмӣ кардааст. Дар паи ин полис ба сӯи ӯ тир холӣ кард.

Дар ҳамин ҳол, телеграм-канали Mash хабар медиҳад, ки гӯё ҷавони кушташуда пеш аз маргаш паёме гузошта ҳангоми ҳамла суханҳои “Аллоҳу Акбар!”-ро ба забон овардааст. Радио Свобода мегӯяд, ки парвандаи ҷиноии бозшуда дар Кумитаи тафтишоти Русия ин қазияро ҳамчун “сӯиқасд ба амали террористӣ” арзёбӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG