Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Намангон парчами Фаронсаро аз назди як меҳмонхона канданд



Меҳмонхонаи "Grand Sherdor" дар Намангон.
Меҳмонхонаи "Grand Sherdor" дар Намангон.

Дар назди меҳмонсарои "Grand Sherdor"-и шаҳри Намангони Узбекистон дар эътироз ба изҳороти президент Эммануэл Макрон парчами Фаронсаро даронданд.

Фаъоли ҷамъиятии Намангон, ки дар ин бора дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук хабар дод, навишт, "парчами Фаронса ба нишони эътироз канда шуд ва барои парчами ин кишвар дар шаҳри мо ҷой нест".

Ахиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ видеое паҳн шуд, ки дар он марде бо номи Муҳаммад Икром аз шаҳри Намангон дар болои расми президенти Фаронса ва ҳамсараш рост истодааст.

Намояндагони вазоратҳои умури дохиливу хориҷии Узбекистон ва маъмурияти Намангон ин қазияро шарҳ надоданд.

Ин амалҳо дар ҳоле сурат мегирад, ки ҳудуди 10 рӯз қабл Самуэл Пати, устоди 47-солаи фанни таърих ва ҷуғрофия дар Фаронса, баъд аз намоиши карикатура ё тасвирҳои танзомези пайғомбар Муҳаммад ба шогирдонаш, дар канори шаҳри Порис кушта шуд. Мақомоти Фаронса рӯзи 17-уми октябр гуфтанд, ки ҳамлавар ҷавони 18-солаи чечен аз шаҳри Маскав аст ва ҳангоми амалиёт ба ҳалокат расид.

Ин масъала вокунишҳои ҷаҳониро дар пай дошт. Раиси ҷумҳури Фаронса дар Твиттер рӯзи 25-уми октябр навишт, "мо ҳаргиз таслим нахоҳем шуд. Мо суханони тавҳиномезро қабул надорем ва аз баҳси мантиқӣ дифоъ мекунем".

Изҳороти раиси ҷумҳури Фаронса дар шуморе аз кишварҳои исломӣ бо вокунишҳои тунд рӯбарӯ шуд. Покистон рӯзи 26-уми октябр аз "маъракаи исломситезӣ" дар Аврупо эътироз кард, Эрон Порисро ба рӯған андохтан ба оташи "экстремизм" муттаҳам намуд ва раиси ҷумҳури Туркия ба таҳрими маҳсулоти фаронсавӣ даъват кард.

XS
SM
MD
LG