Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон мехоҳанд, раиси порлумонро ба истеъфо фиристанд


Канатбек Исоев, раиси порлумони Қирғизистон.
Канатбек Исоев, раиси порлумони Қирғизистон.

Вакилони порлумони Қирғизистон мехоҳанд, ба раиси порлумони ин кишвар Канатбек Исоев изҳори нобоварӣ баён кунанд. Дар ин бора намояндаи ҷиноҳи порлумонии "Ота Макон" Сайдулло Нишанов хабар дод.

Ба гуфтаи Нишанов, аз ӯ хостаанд, ки санадеро дар ин замина имзо гузорад. "Аз ташаббуси мазкур ҷонибдорӣ накардам. Рӯйхатро ҳам надидам. Вале мегӯянд, барои изҳори нобоварӣ ба раиси порлумон аллакай наздики 80 имзо ҷамъ шудааст. Ҷамъоварии имзо ташаббуси кӣ аст, намедонам. Агар онро ҳизб, ҷиноҳ ё эътилофи аксарият мекард, ҳатман ошкоро сурат мегирифт. Намедонам, довталаби курсии раиси порлумон кӣ аст",-изҳор дошт ӯ.

Ҳамсуҳбати мо афзуд, ки интизор меравад, масъалаи изҳори нобоварӣ ба Исоев фардо дар ҷаласаи порлумонӣ матраҳ шавад.

Худи Исоев низ дар ин бора маълумоти дақиқ надорад. Ӯ гуфт, дар бораи ҷамъоварии имзо хабар дорад, вале дақиқ намедонад, ки кадом вакилон имзо гузоштаанд.

Канат Исоев раиси ҳизби "Қирғизистон" буда, 13 октябри соли равон раиси порлумони Қирғизистон интихоб шуд. 78 вакил ба ҷонибдорӣ аз Исоев овоз дода будананд.

Пас аз интихоботи парлумонии 4 октябр неруҳои сиёсӣ ва ҷамъиятии ба натоиҷи он норизо рӯзи 5 октябр дар майдони марказии “Ала-Тоо”-и Бишкек гирдиҳамоии эътирозӣ созмон доданд. Наздикиҳои шом гирдиҳамоӣ ба бархӯрди эътирозгарону мақомоти ҳифзи ҳуқуқ табдил ёфт, шаби 6 октябр бошад, эътирозгарон бинои КДАМ ва “Қасри сафед”-ро, ки парлумон ва дастгоҳи президент онҷост, муҳосира карданд.

Дар натиҷаи ҳукумат, раиси порлумон ва президенти ин кишвар ба истеъфо рафтанд.

XS
SM
MD
LG