Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Узбекистон 14 донишгоҳи хусусӣ бунёд мешавад


Дар яке аз донишгоҳҳои Узбекистон дар давраи пеш аз ҳамагири COVID-19
Дар яке аз донишгоҳҳои Узбекистон дар давраи пеш аз ҳамагири COVID-19



Дар Узбекистон сар аз 1 сентябри соли 2021 дар ҳар як минтақа дасти кам як муассисаи таҳсилоти олии ғайридавлатӣ бунёд хоҳад шуд. Дар ин бора муовини вазири таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсуси Узбекистон Узоқбой Бегимқулов дар як нишасти хабарӣ дар Тошканд иттилоъ дод.

Дар иттилоияи расмии Вазорати таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсуси Узбекистон дақиқ гуфта нашудааст, ки дар ин кишвар чӣ қадар донишгоҳи ғайридавлатӣ бунёд мешавад.

Тавре Бегимқулов гуфт, агар дар шаҳри Тошканд, Қароқалпоқистон ва 12 вилояти Узбекистон яктоӣ донишгоҳ бунёд шавад, пас дар 1 сол дасти кам 14 донишгоҳи ғайридавлатӣ дар ин кишвар таъсис дода хоҳад шуд.

Расонаҳо дар бораи таъсиси донишгоҳҳои хусусӣ дар Узбекистон бори нахуст ду сол пеш иттилоъ дода буданд.

XS
SM
MD
LG