Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти Узбекистон хабари сахттар шудани карантинро рад карданд


Барномаи телевизионӣ роҷеъ ба COVID-19 дар Узбекистон
Барномаи телевизионӣ роҷеъ ба COVID-19 дар Узбекистон



Вазорати тандурустии Узбекистон гуфт, ки хабарҳо дар бораи сахттар шудани чораҳои карантинӣ шуруъ аз 1 ноябр дар кишвар асосе надоранд.

"Дар шабакаҳои иҷтимоӣ овозаҳои беасосе паҳн мешаванд, ки гӯё аз 1 ноябр чораҳои карантинӣ сахттар мешаванд. Бояд зикр кард, ки барои паҳн кардани овозаҳои беасос ва ангехтани ҳарос дар байни аҳолӣ муҷозот пешбинӣ шудааст", - омадааст дар хабари вазорати тандурустии Узбекистон.

Чораҳои карантинии марбут ба вабои коронавирус дар он кишвар, ки аз моҳи март эълом шуда буданд, 15 август бекор гардиданд.

То субҳи 26 октябр дар Узбекистон 65 ҳазору 480 ҳолати гирифторшавӣ ба ин вабо сабт шудааст. Мақомоти он кишвар мегӯянд, дар маҷмуъ дар Узбекистон аз моҳи март ба ин тараф на камтар аз 550 кас бар асари мубталошавӣ ба коронавирус фавтидааст.

XS
SM
MD
LG