Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон дар Маскав барои интиқоли 125 ҳазор доллар


Фурудгоҳи Домодедоваи Маскав. Акс аз бойгонӣ.
Фурудгоҳи Домодедоваи Маскав. Акс аз бойгонӣ.

Як шаҳрванди Тоҷикистонро дар фурудгоҳи Домодедоваи Маскав барои талоши интиқоли маблағи нақдӣ боздошт кардаанд. Бино ба маълумоти хадамоти гумруки ин фурудгоҳ дар долони сабз ба ҳангоми тафтиши мусофирони хатсайри Маскав-Душанбе аз боғоҷи марди тоҷик 125 ҳазор доллари амрикоӣ ва 12 ҳазор рубли русиро пайдо кардаанд. Тибқи қонунҳои амалкунанда ба ҳангоми интиқоли маблағи нақди беш аз 10 ҳазор доллар бояд соҳиби пул эъломияи гумрукӣ пур кунад. Хадамоти гумрук дар хабарномааш навиштааст, ки дар ҳолати бо худ доштани беш аз 100 ҳазор доллар, бояд сарчашмаи ин маблағҳо дар санаде ба мақомоти гумрукӣ пешниҳод гардад.

XS
SM
MD
LG