Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Наздики 12 ҳазор олудашавӣ дар рӯз чехҳоро водор кард маҳдудиятҳоро шадидтар кунад

Навбатпоии мардум дар назди як озмоишгоҳи коронавирус дар Ҷумҳурии Чех

Ҳукумати Ҷумҳурии Чех як силсила амру фармонҳое содир кард, ки дар шароити афзоиши бесобиқаи ҳодисаҳои олудагӣ ба коронавирус дар ин кишвари аврупоӣ маҳдудиятҳои нав ҷорӣ мешавад. Нахуствазир Андрей Бабиш дар нишасти матбуотии рӯзи 21-уми октябр гуфт, ки то 3-юми ноябр фурӯшгоҳҳои аз назари аҳамият дуюмдараҷа баста шуда, ҳаракати одамон ба ҷуз дар ҳолатҳои зарурии мисли рафтан ба кор, хона ваё хариди хӯроку доруворӣ манъ мешавад. Бабиш гуфт:

“Барои қабули қарор дар бораи ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои нав мо хеле фикр кардем, вале ба назари ман, пеш аз ҳама ва муҳимтар аз ҳама ин аст, ки мо ҷони ҳамватанони худро ҳифз кунем. Ин далели асосии қабули чунин қарор буд”.

Тадбирҳои нави маҳдудкунанда дар ҳоле гирифта шуданд, ки мақомоти беҳдоштӣ гуфтанд, дар як шабонарӯзи гузашта дар саросари Ҷумҳурии Чех наздики 12 ҳазор нафари нав ба коронавирус гирифтор шуданд. Дар як ҳафтаи охир дар саросари Ҷумҳурии Чех 464 нафар қурбони коронавирус шуда, шумори умумии талафоти инсонҳо ба 1619 нафар расид. Дар маҷмӯъ дар саросари ин кишвар то ҳол тахминан 194 ҳазор нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд ва ин омор барои кишваре бо 10,7 миллион аҳолӣ хеле баланд ба шумор меравад. Вазири беҳдошт Роман Примула гуфт, ки пешбинӣ мешавад дар таърихҳои 11-уми ноябр авҷи олудагӣ ба коронавирус дар ин кишвар мушоҳида шавад.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

“Мардон аз занон бештаранд”. Аҳолии Тоҷикистон ба 10 миллион наздик шудааст

Шаҳри Душанбе, акс аз моҳи январи 2021

Эҳтимол соли оянда аҳолии Тоҷикистон ба 10 миллион нафар бирасад.

Бар асоси ҳисобҳои охирини Оҷонси омори Тоҷикистон, ҳоло аҳолии кишвар наздик ба 9 миллиону 700 ҳазор нафар аст.

Дар Оҷонси омори Тоҷикистон рӯзи 8-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, бар асоси ҳисобҳои тахминӣ эҳтимол то охири соли оянда аҳолии кишвар ба 10 миллион нафар мерасад.

Дар Тоҷикистон ҳоло аҳолии кишварро мешуморанд. Бар асоси ҳисобҳои пешакӣ, шумораи мардон дар Тоҷикистон аз занҳо бештар шудаанд. Дар Тоҷикистон 4 миллиону 901 ҳазор мард ва 4 миллиону 760 ҳазор зан будааст.

Аҳолии бештар дар вилояти Хатлон зиндагӣ мекунанд. Дар ин вилоят 3 миллиону 444 ҳазор нафар, дар Суғд 2 миллиону 770 ҳазор нафар, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон беш аз 227 ҳазор нафар ва дар ноҳияҳои тобеи маркази ҷумҳурӣ 2 миллиону 270 ҳазор нафар умр ба сар мебаранд.

Молики бозори "Корвон" ба Маҷлиси Душанбе роҳ ёфт

Нуршед Машрабов. Акс аз соли 2012

Нуршед Машрабов, молики "Корвон", бозори бузургтарини Душанбе, вакили Маҷлиси пойтахт шудааст.

Интихоботи миёндарвӣ ба Маҷлиси шаҳри Душанбе рӯзи 28-уми ноябри имсол дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсӣ баргузор шудааст, вале натиҷаҳои онро Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ва Комиссияи марказии интихобот эълон накарданд.

Дар Кумитаи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ пирӯзии Нуршед Машрабовро тасдиқ карданд, аммо нагуфтанд, ки интихобот чӣ гуна гузашт. Бисёре аз сокинони ноҳияи Фирдавсӣ мегӯянд, шоҳиди ҳеч гуна интихобот набуданд.

Нуршед Машрабов, фарзанди Хол Машраб, раиси пешини ноҳияи Рӯдакӣ аст. Ӯ барои соҳиб шудан ба курсии холишудаи Хуршед Мирзо, ки моҳи апрели имсол муовини аввали раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ таъин шуд, вориди корзори интихоботӣ гардид.

Хуршед Мирзои 37-сола аз дӯстони наздики Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе, гуфта мешавад ва дар Федератсияи футболи Тоҷикистон солҳо боз муовини ӯст.

Созмонҳои байнулмилалӣ пайваста интихоботҳои Тоҷикистонро барои ношаффоф будан танқид кардаанд. Мақомот ҳамеша гуфтаанд, ки интихоботҳо шаффоф гузаштаанд.

Ангела Меркел рафт, Олаф Шолтс сарвазири нави Олмон шуд

Дар акс: Ангела Меркел ва Олаф Шолтс

Олаф Шолтс рӯзи 8-уми декабр ба ҳайси садри аъзами Олмон савганд ёд кард. Бо ҳамин чаҳор даври пайиҳами ҳокимияти Ангела Меркел дар ин кишвари Аврупо хотима ёфт.

Шолтси 63-сола ҳангоми савгандёкунӣ дар Берлин гуфт: "Қасам мехӯрам, ки талоши худро ба осоишу роҳати мардуми Олмон, пешгирӣ аз зиён расондан ба онҳо, татбиқи Қонуни асосӣ, қонунҳои федерол ва дифоъ аз он, иҷрои масъулонаи вазифаам ва таъмини адолат барои ҳама равона хоҳам кард."

Канор рафтани Ангела Меркел, раҳбари Ҳизби сотсиал-демократ, тағйири сиёсии калоне барои бузургтарин иқтисоди Аврупо аст.

Ҳукумати нави Олмон ба раҳбарии Олаф Шолтс тасмим дорад, ба қонуни муҳоҷират ва шаҳрвандӣ тағйирот ворид кунад.

Байден ба Путин: Ҳамлаи Русия ба Украина бо чораҳои ҷиддӣ рӯбарӯ хоҳад шуд

Ҷо Байден ва Владимир Путин

Кохи Сафед хабар дод, ки раиси ҷумҳури Амрико ба ҳамтои русаш ҳушдор додааст, ки агар Маскав ҳамларо ба Украина оғоз кунад, бо иқдомоти ҷиддии иқтисодӣ ва чораҳои дигар рӯбарӯ хоҳад шуд. Ҷо Байден ва Владимир Путин рӯзи 7-уми декабр онлайнӣ суҳбат карданд.

Мақомоти Украина мегӯянд, тақрибан 90 ҳазор сарбози Русия дар минтақаҳои наздисарҳадӣ ҷобаҷо шудаанд. Русия соли 2014 нимҷазираи Қрими Украинаро ба хоки худ якҷо карда буд.

Дар охирҳои ҳафтаи гузашта мақомоти амрикоӣ, ки номҳояшон зикр нашудааст, ба рӯзномаи "Вашингтон Пост" ва расонаҳои дигар гуфтанд, Русия дар назар дорад, 175 ҳазор сарбозро дар як ҳамла алайҳи Украина истифода кунад. Ба гуфтаи онҳо, эҳтимол ин амалиёт дар аввали соли оянда оғоз шавад.

Кохи Сафед мегӯяд, Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико, нигаронии амиқи Иёлоти Муттаҳида ва муттафиқонашро дар мавриди тақвияти низомии Русия дар сарҳад бо Украина иброз кардааст. Ба гуфтаи Кохи Сафед, Байден ба хостҳои Владимир Путин ҳам нармиш нишон надодааст.

Путин ба Байден гуфтааст, НАТО тавоноии низомии худро дар сарҳадҳои Русия баланд бурд ва хоҳони замонати ҷиддӣ шудааст, ки паймони ҳарбӣ ба самти шарқ густариш намеёбад.

Баҳси пешхидмати собиқ бо “Тоҷик Эйр” идома мекунад

Ҳавопаймои "Тоҷик Эйр"

Додгоҳи шаҳри Душанбе шикояти пешхидмати собиқи “Тоҷик Эйр”-ро баррасӣ мекунад.

Ин духтар, ки панҷ сол пеш аксеро аз сафари президент бо ҳавопаймои ширкати “Тоҷик Эйр” дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр карда буд, аз кор ронда шудааст.

Дар ин акс дар дохили ҳавопаймо гул ва дар пасманзараш акси Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, гузошта шуда буд. Ҳарчанд, ин акс аз солҳо пеш будааст, раҳбарони собиқи ширкат ӯро ба ошкор кардани сирри корӣ рондаанд.

Як манбаъ дар Додгоҳи шаҳри Душанбе гуфт, солҳо боз баҳси духтар бо ширкат давом дорад ва соле пеш онҳо ба созиш расида буданд, вале ширкат бар асоси он амал накард.

Ӯ аз додгоҳ хостааст, дар ҷойи кори пешинааш барқарор шавад ва ширкат барои солҳо бекор буданаш ҷуброни моддиву маънавӣ пардозад.

Баҳси пешхидмати ширкат дар ҳолест, ки “Тоҷик эйр” чанд сол боз ба буҳрони молӣ гирифтор аст ва фаъолият надорад. Ин ширкат ба пардохти 20 миллион доллар ба як ширкати литвонӣ муввазаф шудааст. Як таҳқиқи Радиои Озодӣ собит кард, ки раҳбарони ширкат огоҳона ширкатро ба қарз ғутонидаанд.

Қазоқистон беш аз 19 миллион аҳолӣ дорад

Қазоқистон, соли 2020. Акс аз "Рейтерз"

Аҳолии Қазоқистон ба 19 миллиону 169 ҳазору 550 кас расидааст. Сарвазири Қазоқистон Аскар Мамин рӯзи 8-уми декабр гуфт, маъракаи шумориши аҳолӣ, ки аз 1-уми сентябр то 30-юми октябр сурат гирифт, чунин иттилоъ ба бор овардааст.

Мардон 51,8 ва занон 48,2 фоизи аҳолиро ташкил медодаанд. Ба ин тартиб, 33,97 дарсади аҳолии он кишвар кӯдакони то 17-сола, 19,72 фоиз ҷавонони то 28-сола ҳастанд.

Синни миёнаи аҳолии Қазоқистон 31,9-ро ташкил додааст. Дар умум 70,18 дарсади аҳолии Қазоқистон қазоқҳо будаанд.

Дар Қазоқистон соли 2009 низ шумориши аҳолӣ баргузор шуда буд. Он замон шумораи аҳолии Қазоқистон 16 миллионро ташкил медод.

Кормандони Вазорати фарҳанги Узбекистон тоқӣ мепӯшанд

Акс аз бойгонӣ

Аз ин ба баъд кормандони Вазорати фарҳанги Узбекистон дар рӯзҳои корӣ бо тоқӣ ба ҷойи кор меоянд. Дар ин бора вазири фарҳанги Узбекистон, Озодбек Назарбеков, рӯзи 8-уми декабр дар Телеграм хабар дод.

Вазир навиштааст, ин тасмим ба хотири ривоҷи анъанаҳои миллӣ гирифта шудааст. "Ман аз ҳамаи рассомон, миллатдӯстон ва ризокорон даъват мекунам, ки аз ин ташаббус пайравӣ кунанд," -- гуфт вазир.

Ин дар ҳолест, ки Вазорати фарҳанги Узбекистон чанд рӯз баргузории консерти TikTok Fest-ро дар шаҳри Тошканд манъ кард.

Дар ин консерт, мебоист, блогерҳои русу украинӣ ширкат мекарданд. Дар Вазорати фарҳанги Узбекистон гуфтанд, консерт "дар шабакаҳои иҷтимоӣ танқид шуд" ва ҳамчунин шакли консерт "посухгӯи фарҳанги миллӣ"-и мардуми узбек нест.

Қарздорони "Тоҷиксодиротбонк" ва "Агроинвестбонк"-ро рӯйхат кардаанд

Ҳоким Холиқзода

Дар Тоҷикистон феҳрасти шахсони қарздор аз "Тоҷиксодиротбонк" ва "Агроинвестбонк" тартиб дода шудааст. Ду бонки як замон "низомсоз" моҳи майи имсол барҳам хӯрданд.

Айни замон даҳҳо муштарӣ аз банд мондани амонатҳои худ дар бонкҳои муфлисшуда нигаронанд. Ҳоким Холиқзода, раиси Бонки Миллии Тоҷикистон, рӯзи 8-уми декабр ба хабарнигорони Радиои Озодӣ гуфт, "мушкили асосӣ фурӯши амволи бонкҳост".

Ба қавли ӯ, дар умум, "Тоҷиксодиротбонк" ва "Агроинвестбонк" аз мардум 800 миллион сомонӣ қарздоранд. "Дар ҳолати фурӯхтани амвол, метавонанд, маблағи мардумро баргардонанд," – афзуд ӯ.

Аз соли 2016 ба ин сӯ чаҳор бонки Тоҷикистон муфлис шуданд. Аввал "Фононбонк"-у "Тоҷпромбонк" ва сипас "Агроинвестбонк"-у "Тоҷиксодиротбонк".

Ҳоким Холиқзода мегӯяд, муштариёни "Фононбонк" амонати худро пурра гирифтаанд. Ба қавли ӯ, "80 дарсади муштариёни "Тоҷпромбонк" низ пулҳояшонро гирифтанд. Албатта, шахсоне ҳастанд, ки намехоҳанд ба ҷои пул амволи бонкро бигиранд. Онҳо мехоҳанд, пули нақд бигаранд."

Қаблан баъзе аз муштариён аз тарзи фурӯхтани амволи бонк эътироз карда буданд. Фирдавс Шукуров, сокини Душанбе ва аз муштариёни "Тоҷпромбонк", 28-уми сентябри имсол ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки "амволи бонк бо нархи хеле гарон пешниҳод мешавад".

Раиси Бонки Миллӣ мегӯяд, бовар дорад, мушкили "Тоҷпромбонк" солҳои наздик ҳал мешавад. "Ҳамагӣ 40 миллион сомонӣ амонати мардум мондааст," -- гуфт ӯ.

Бо гузашти панҷ сол аз буҳрони бонкии Тоҷикистон танқидҳо аз низоми бонкӣ ва бахусус Бонки Миллӣ зиёд шудааст. Ҳарчанд масъулон дар мавриди бозпасгардонии амонати сокинон ваъда медиҳанд, муштариён пайваста аз тақдири норӯшани маблағҳои бандмондаашон дар бонкҳо дар ташвишанд.

Дар тирпарронии Маскав ду кас ҷон бохт

Яке аз тарабхонаҳои Маскав. Акс аз бойгонӣ.

Як шахси ношинос дар маркази хидматрасониҳои давлатӣ ва маҳаллии "Рязан", дар ҷануби Маскав тир кушод. Ба иттилои пешакӣ, ду кас - маъмур ва муҳофизи марказ кушта шудааст. Тирпаррониро Сергей Собянин, раиси шаҳри Маскав низ тасдиқ кард.

Дар ин тирпарронӣ ҳамзамон 3 кас маҷруҳ шудаанд. Маҷруҳон дар бемористон бистарӣ ҳастанд. Дар пайи ин ҳодиса бо моддаи куштор ва нигаҳдории ғайриқонунии силоҳ парванда боз шудааст.

Расонаҳо бо такя ба пулис навиштанд, ки тирпаррониро Сергей Глазов анҷом додааст. Вай корманди пешини хадамоти иктишофи низомӣ будааст. Глазов дар ҳолати мадҳушӣ ба марказ омада, ба далели надоштани ниқоб ҷанҷол бардоштааст.

Гузоришгари вижаи СММ бо мақомоти тоҷик мубориза бо қочоқи инсонро баҳс мекунад

Гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон Шивон Маллаллӣ дар доираи сафари худ ба Тоҷикистон бо мақомоти ин кишвар, ҷомеаи шаҳрвандӣ, созмонҳо ва низ ҷабрдидаҳо, масъалаи мубориза бо савдо ё қочоқи инсонро баррасӣ менамояд. Сафари хонум Шивон Маллаллӣ ба Тоҷикистон рӯзҳои 8 то 15 декабр сурат мегирад.

Дафтари Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон рӯзи 7-уми декабр дар остонаи сафари хонум Шивон Миллалли бо нашри як баёния ба нақл аз ӯ навишт, хатарҳои қочоқи одамон, ки гурезаҳо, паноҳҷӯён, муҳоҷирони корӣ ва хонаводаҳои онҳо ба он дучор шуда метавонанд, боиси нигаронии вижа мебошад.

Тибқи ин баёния, баробарии гендерӣ, хатарҳои савдои одамон бо мақсади истисмори шаҳвонӣ, инчунин ҳуқуқи кӯдакон ва мушкили савдои кӯдакон ба ҳадафи ҳама шаклҳои истисмор, аз мавзӯъҳои дигари мавриди баҳс дар ин сафар хоҳад буд.

Дар ҷараёни сафараш ба Тоҷикистон, дар назар аст хонум Маллалли бо намояндагони мақомоти давлатӣ, намояндагони расмии СММ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳомиёни ҳуқуқ, ба вижа онҳое, ки дар самти мубориза ва кӯмак бо ҷабрдидагони қочоқ фаъолият мекунанд, мулоқот кунад. Дар поёни сафари худ ӯ рӯзи 15-уми декабр нишасти хабарӣ доир мекунад.

Натиҷаҳо ва тавсияҳои Гузоришгари вижа моҳи июни соли 2022 ба Шӯрои ҳуқуқи инсони СММ пешниҳод мешаванд.

Дар гузашта бархе гузоришҳо гуфтанд, ки бо вуҷуди саъю кӯшишҳои афзояндаи ҳукумати Тоҷикистон барои мубориза бо қочоқи инсон, талошҳои кишвар дар ин замина ба меъёрҳои ҳадди аққали байналмилалӣ мутобиқ нест.

Аммо Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, ки мубориза бо қочоқи инсон ва решакан кардани ин зуҳурот аз авлавиятҳои кораш аст ва маҳз барои ҳамин аз соли 2005 то кунун Комиссияи байниидоравии мубориза бо хариду фурӯши одамон фаъолият мекунад.

Порлумон созишномаи ташкили низоми ягонаи дифои зиддиҳавоиро бо Русия тасвиб кард

Шералӣ Мирзо ва Сергей Шойгу, вазирони дифои Тоҷикистон ва Русия. Акс аз бойгонӣ.

Порлумони Тоҷикистон тарҳи созишнома байни Тоҷикистону Русия оид ба ташкили низоми ягонаи дифои зиддиҳавоиро қабул кард. Ин тарҳро Шералӣ Мирзо, вазири дифои Тоҷикистон рӯзи 8-уми декабр дар назди вакилони Маҷлиси намояндагон муаррифӣ намуд.

Вазири дифои Тоҷикистон зимни муаррифии ин тарҳ гуфт, "бо назардошти болоравии таҳдиду хатарҳои минтақавӣ ва ба миён омадани шаклҳои нави пешбурди амалиёти ҷангӣ, аз ҷумла истифодабарии васеи ҳавопаймои бесарнишин, аз ҷумла, аз ҷониби гуруҳои террористӣ-экстремистӣ, амалигардонии ин созиншнома ба манфиати таъмини амнияти фазои ҳавоии кишвар арзёбӣ мегардад".

Шералӣ Мирзо пас аз суханронӣ дар порлумон, ба суоли хабарнигори Радиои Озодӣ дар ин робита ба ин созишнома тафсилоти дигар надод ва гуфт, маълумоти аз ин бештар "махфӣ" мебошад.

Дар бораи ташкили низоми ягонаи дифои зиддиҳавоӣ дар моҳи майи имсол Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия ба мақомоти кишвараш дастур дода буд, ки созишномаи бунёди шабакаи ягонаи мудофиаи зиддиҳавоиро бо Тоҷикистон омода карда, ба имзо расонанд.

Матни дастури Путин дар ин бора рӯзи 17-уми май дар пойгоҳи иттилооти ҳуқуқии ин кишвар нашр шуд. Тибқи он Вазорати мудофиа ва Вазорати корҳои хориҷии Русия уҳдадор шудаанд, ки бо Тоҷикистон дар ин замина музокира пеш баранд.

Эҷоди як низоми муштараки мудофиаи зиддиҳавоии Русия ва Тоҷикистон дар гузашта дар матбуот суолҳоеро ба бор овард. Бархе аз коршиносон ба зарурати он таъкид карданд ва бархе ҳам интиқод карданд, ки Тоҷикистон ҳарими ҳавоии худро дар назорати Маскав мегузорад.

Ташкили низоми ягонаи дифои зиддиҳавоӣ миёни Душанбеву Маскав дар ҳолест, ки дар ҳоли ҳозир Афғонистон дар ихтиёри гурӯҳи тундрави Толибон қарор дорад ва нигарониҳои кишварҳои Осиёи Миёна ва Русия аз ҳузури ҷангиёни гурӯҳҳои даҳшатафкан дар марзҳояшон бештар шудааст.

Президенти Қазоқистон қонуни афви маҳбусонро имзо кард

Яке аз зиндонҳои Қазоқистон.

Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев 7-уми декабр қонуни афви маҳбсуон дар ин кишварро бахшида ба 30-солагии истиқлоли давлатӣ имзо кард.

Бар асоси ин қонун, наздики як ҳазор зиндоние, ки ҷиноятҳои сабук ва миёна содир кардаанд, озод мешаванд. Ҳамзамон муҳлати ҳабси қисми дигаре аз маҳбусон кам мегардад.

Ерлан Тургумбоев, вазири корҳои дохилии Қазоқистон пештар гуфта буд, ки 2236 кас шомили афв ва ҳамзамон наздики 5 ҳазор парвандаи ҷиноӣ баста мешавад.

Бино ба иттилои расмӣ, дар Қазоқистон 34 ҳазор кас дар муассисаҳои ислоҳӣ адои ҷазо мекунанд.

Палатаи болоии порлумони Қазоқистон рӯзи 2-юми декабр тарҳи қонуни афвро қабул ва барои имзо ба президенти Қазоқистон фиристода буд.

Натиҷаҳои ниҳоии интихоботи порлумонии Қирғизистон эълом шуд

Интихоботи порлумонии Қирғизистон.

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Қирғизистон (КМИР) 7 декабр натиҷаи ниҳоии ҳисоби дастии овозҳоро дар интихоботи порлумонии ин кишвар эълом кард.

Бар асоси натиҷаҳои ниҳоӣ, ҳизбҳои "Ота-Журт Қирғизистон" (17,3%), "Ишеним" (13,63%), "Интимак" (10,99%), "Алянс" (8,34%), "Бутун Қирғизистон" (7,04%) ва "Ийман Нуру" (6,15%) соҳиби курсӣ дар порлумони Қирғизистон шуданд.

Ҳамчунин аз ҳавзаҳои якмандатӣ 34 номзад вориди порлумон гаштааст.

Дар Қирғизистон 28-уми ноябр интихоботи порлумонӣ баргузор шуд. Ҳизбҳои мухолифи Қирғизистон натиҷаҳои пешакии интихоботи парлумонии ин кишварро, ки рӯзи якшанбе барпо шуд, рад карда, Комиссияи марказии интихоботро дар тақаллуб айбдор намуданд.

Шоми 28-уми ноябр дар як нишасти хабарӣ дар Бишкек раҳбарони чор ҳизби сиёсӣ – “Отамакон”, ҳизби “Озодӣ”, сотсиал-демократҳо ва ҳизби “Ваҳдати қавмҳо” аз мақомот талаб карданд, ки натиҷаҳои интихоботро бекор ва интихоботи навро барпо кунанд.

Мухолифон комиссияи интихоботро дар он муттаҳам карданд, ки дар 40 дақиқае, ки монитори ҳисобу китоби овозҳо аз кор монд, овозҳо “дуздидаву” “тақаллуб шудаанд”. Мақомоти интихоботӣ гуфтанд, ки 122 ҳазор ё наздики 10 фоизи бюллетенҳо беэътибор дониста мешаванд.

Фаронса яке аз гумонбарон дар куштори Ҷамол Хошуқчиро боздошт кард

Ҷамол Хошуқҷӣ.

Пулиси Фаронса яке аз гумонбарон дар куштори рӯзноманигори мухолифи саудӣ Ҷамол Хошуқчиро боздошт кард. Холид ал-Утайбӣ рӯзи сешанбе дар фурудгоҳи "Шарл-де-Голл" дастгир шудааст.

Бино ба иттилои Бӣ-БӢ-Сӣ, Ал-Утайбӣ яке аз 26 шаҳрванди Арабистони Саудӣ аст, ки аз сӯи Туркия бо гумони даст доштан дар куштори рӯзноманигор ҷустуҷӯ мешаванд. Холид Ал-Утайбӣ, низомии 33-солаи Горди шоҳигарӣ бо ному насаби худ вориди Фаронса шуда, ҳоло дар боздоштгоҳ қарор дорад.

Сутуннависи нашрияи "The Washington Post" Ҷамол Хошуқчӣ моҳи октябри соли 2018 дар консулгарии Арабистони Саудӣ дар шаҳри Истамбул кушта шуд. Баъди куштор ҷасади Хошуқчиро реза ва аз консулгарӣ берун бурданд. То кунун пораҳои ҷасади ӯ пайдо нашудааст.

Хошуқчӣ сиёсатҳои Риёз ва ба вижа валиаҳди кишвар Муҳаммад бин Салмонро танқид мекард. Яке аз гумонбарони асосии қатли рӯзноманигор мушовири пешини валиаҳд дониста мешавад.

Созмонҳои байналхалқӣ гуфтанд, мурофиаи додгоҳии парвандаи қатли Хошуқчӣ, ки пушти дарҳои баста сурат мегирад, ба талаботи меъёрҳои байналхалқӣ посухгӯ нест. Моҳи декабри соли гузашта панҷ тан аз айбдоршавандагони куштори рӯзноманигор ба ҳукми қатл ва се тани дигар ба зиндон маҳкум шуданд.

Охири моҳи март Туркия 20 танро дар куштори Хошуқчӣ айбдор кард. Бисёре аз айбдоршавандаҳоро зиндони якумрӣ таҳдид мекунад.

Боздошти додраси тоҷик бо гумони ришвагирӣ. Наздиконаш воқеаро шарҳ надоданд

Додгоҳи шаҳри Гулистон. Акс аз бойгонӣ

Азизҷон Шарифзода, додраси Додгоҳи шаҳри Гулистон (Қайроққуми собиқ)-ро бо гумони ришваситонӣ дастгир кардаанд.

Маъмурони Оҷонси мубориза бо фасод дар Тоҷикистон хабарро ба таври расмӣ шарҳ намедиҳанд. Наздикони додрас аз гуфтани асли воқеа худдорӣ карданд.

Манобеи огоҳ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, додрас Шарифзода рӯзи 6-уми декабри имсол дар утоқи корияш, "ҳангоми гирифтани ҳазор доллар" боздошт шудааст.

"Пулҳо бо маҳлули махсус коркард шуда будаанд, ки ҳангоми зери рӯшноӣ гузоштани он навиштаи “пора” аён мегардад. Бозрасон аз ангуштони Азизҷон Шарифзода ин маҳлулро пайдо кардаанд. Вақте додрасҳоро дар ҷойи ҳодиса бо далелҳои айнӣ дастгир мекунанд, ба ҳабси пешакӣ мегиранд," -- хабар дод як манбаъ рӯзи 7-уми декабр ба Радиои Озодӣ.

Ба иттилои мусоҳиби мо, ки нахост номаш зикр карда шавад, Азизҷон Шарифзодаро аз вилояти Суғд ба Душанбе фиристодаанд.

Дар ҳоле ки мақомот то ин дам ҷузъиёти боздоштро шарҳ намедиҳанд, манбаи дигари огоҳ аз қазия гуфт, масъала ба тақсими замин рабт дорад.

Ӯ афзуд: "Як зан, мудири боғчаи кӯдакон, барои бунёди хона замин гирифта, ду сол чизе насохтааст. Раиси шаҳр қарорро бекор мекунад. Зан аз додрас кумак мехоҳад. Шарифзода дар иваз 2500 доллар пурсидааст. Корафтода 1500 долларро медиҳад ва ҳукми додгоҳ содир мешавад. Вақте додрас 1000 доллари мондаро хоста, таҳдид кардааст, ки агар наорад, қарор бекор хоҳад шуд, зан ба Оҷонсӣ муроҷиат кардааст."

Пайвандони Азизҷон Шарифзода нахостанд, ки дар ин бора суҳбат кунанд.

Азизҷон Шарифзода рӯзи 7-уми феврали соли 2020 бо фармони президент Эмомалӣ Раҳмон додраси шаҳри Гулистон (Қайроққуми собиқ) таъин шуда буд. Вай пеш аз он дар Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд кор кардааст.

Наргис Ёдгорзода, раиси пешини Додгоҳи шаҳри Гулистони вилояти Суғд ва зердасташ Муродбек Насриддинзода дар охири соли 2019 барои кирдоре, ки ба гуфтаи мақомот, "шаъну эътибори додрасҳоро паст мезанад", аз мақомҳои худ барканор карда шуданд.

Дар Тоҷикистон беш аз 450 додрас кор мекунанд. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар борҳо гуфтаанд, ки низоми додгоҳии кишвар пойбанди ҳукумати иҷроия буда, мустақил нест. Додрасҳоро раиси ҷумҳур таъин ва барканор мекунад.

Ба иттилои дафтари матбуоти президент, дар даҳ соли гузашта дар Тоҷикистон беш аз бист додрас бо гуноҳи ришвагирӣ боздошт ва зиндонӣ шудаанд. Соли 2020 ду додраси додгоҳҳои вилояти Суғд бо айни чунин иттиҳом аз мақомашон барканор шуданд. Маъмулан додрасҳои муттаҳам ба ришвагириро бо айби “содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори додрасро паст мезанад” аз мақом баркнор мекунанд.

Созмонҳои байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи инсон кам будани маоши додрасҳоро яке аз сабабҳои густариши “порагирӣ” дар низоми додгоҳии Тоҷикистон меноманд.

Ҳушдори шаш сенатори амрикоӣ ба мақомоти Узбекистон

Боб Менендез

Шаш сенатори амрикоӣ аз мақомоти Иёлоти Муттаҳида хостаанд, ки ба Узбекистон дар робита ҳуқуқи башар фишор биоранд.

Боб Менендез, раҳбари Кумитаи робитаҳои хориҷии Сенати Амрико ва панҷ сенатори дигар аз ҳизби демократ дар остонаи мулоқоти ҳайатҳои ду кишвар, ин матлабро иброз доштанд.

Ин сенаторҳои амрикоӣ рузи 6-уми декабр дар номае гуфтанд, ки онҳо "пешравиҳои Узбекистонро дар бахши ҳуқуқи башар" эътироф мекунанд, аммо ба ин кишвари Осиёи Миёна ҳушдор доданд, ки ислоҳоти васеътар ва густурдаро, ки президент Шавкат Мирзиёев ваъда дода буд, анҷом диҳад.

Қарор аст, намояндагони ду кишвар дар охири моҳ дар нахустин Гуфтугӯи шарикии стратегӣ бо ҳам мулоқот кунанд. Сенаторҳо гуфтанд, ки мулоқот барои матраҳ кардани эҳтироми ҳуқуқи инсон ҳамчун пояи асосӣ дар муносибатҳо бо Узбекистон фурсати нодир аст.

Сенаторҳо дар номаи худ ба нигаронӣ дар мавриди маҳдудиятҳои озодии баён ва расонаҳо ва пешрафт накардан ба сӯи озодиҳои сиёсӣ ишора кардаанд.

Посухи Чин ба ИМА дар мавриди Олимпиада: "Касе, ки даъват нашудааст, таҳримро тарғиб мекунад"

Пекин, Чин. Октябри 2021

Мақомоти Чин ба изҳороти Вашингтон дар мавриди "таҳрими дипломатӣ"-и Бозиҳои зимистонаи Олимпӣ дар Пекин дар соли 2022 посух доданд.

Тасмими ИМА маънои онро дорад, ки дар бозиҳои моҳи феврал дар Пекин, ки аз сӯи роҳбари Чин Си Ҷинпин кушода мешавад, президенти ИМА Ҷо Байден ва мақомдорони дигари баландпояи амрикоӣ ширкат намекунанд. Ҳамчунин дипломатҳо низ ба Чин намераванд: миёни ширкатдорони ҳайати ИМА танҳо варзишкорон ва мураббиён хоҳанд буд.

"Рафтори ИМА ба таври ҷиддӣ муоҳидаи Олимпиро дар мавриди бетарафии сиёсии варзиш вайрон мекунад", - гуфт Чжао Литсзян, намояндаи расмии вазорати корҳои хориҷии Чин.

Дар изҳороти ҷониби Чин омадааст, ки "сиёсатмадорони амрикоӣ таҳрими дипломатиро дар ҳоле тарғиб мекунанд, ки ҳанӯз ба Бозиҳо даъват нашудаанд". Чин изҳороти Вашингтонро "дасткории сиёсӣ", "иғвои ошкорои сиёсӣ ва таҳқири ҷиддии 1,4 миллиард чиноӣ" унвон кард.

Кохи Сафед рӯзи 6-уми декабр эълон кард, ки Амрико аз фиристодани мақомоти расмии худ ба Бозиҳои олимпии зимистона-2022 дар Чин ба хотири "ҷиноятҳо"-е, ки ҳукумати ин кишвар алайҳи башарият анҷом додааст, худдорӣ мекунад.

Чанд руз қабл аз он Пекин таҳдид карда буд, ки таҳрими дипломатии Бозиҳои олимпии зимистона-2022 бо вокуниши онҳо рубару хоҳад шуд. Ин таҳдид ба суханони Ҷо Байден, президенти Амрико буд, ки чанде пеш гуфт, ки дар ҳоли баррасии таҳрими ин бозиҳо ба хотири нақзи ҳуқуқи башар дар Чин, аз ҷумла ба гуфтаи Вашингтон, "наслкуши ақалияти мусалмон дар Шинҷон", аст.

Хабаргузории "Рейтерз" менависад, ки ин тасмим бо вуҷуди талошҳои ахир барои беҳтар шудани муносибатҳои Чин ва Амрико ва анҷоми як мулоқоти онлайнӣ миёни раҳбарони ду кишвар, робитаҳои бе ин ҳам тираи ду кишварро тиратар мекунад.

Ҷен Псаки, сухангӯи Кохи Сафед, рузи душанбе дар як нишасти хабарӣ гуфт, "ҳукумати Байден ба хотири наслкушӣ ва ҷиноят алайҳи башарият дар минтақаи Шинҷон ва дигар мавридҳои нақзи ҳуқуқи башар, ҳеҷ намояндаи расмӣ ё дипломатӣ ба Бозиҳои олимпӣ ва паратлимпии зимистонаи 2022 дар Чин, нахоҳад фиристод.

Вай афзуд, "фиристодани намояндаи расмӣ ё дипломатӣ ба ин мусобиқа ба маънои он хоҳад буд, ки мо нисбат ба амалкардҳои Чин дар нақзи ҳуқуқи башар ва ҷиноятҳо дар Шинҷон, бетафовут ҳастем ва бархурди оддӣ дорем, дар ҳоле ки чунин нест".

Хонум Псаки аммо дар айни ҳол таъкид кард, таҳрими дипломатии ин бозиҳо, ки шуморе аз аъзои Конгресси ИМА ва гурӯҳҳои пуштибони ҳуқуқи башар аз моҳҳо қабл дар пайи он буданд, таъсире ба ҳузури варзишгарони амрикоӣ нахоҳад дошт. Вай изҳор дошт, "варзишгарони дастаи ИМА аз ҳимояти комили мо бархӯрдор ҳастанд. Мо сад дар сад пуштибони онҳо ҳастем ва аз хона ташвиқашон мекунем".

Ҷабҳаи муқовимат хабари мулоқоти Аҳмад Масъуд бо раиси ширкати "Блэк Вотер"-ро рад кард

Аҳмад Масъуд. Акс аз бойгонӣ.

Дар ҳоле, ки расонаҳои наздик ба давлати Эрон хабар додаанд, ки гӯё Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар шаҳри Душанбе бо раҳбари созмони хусусии низомии "Блэк Вотер" мулоқот кардааст, сухангӯи ҷабҳа ин иддаоро рад кард.

Алӣ Майсам, Назарӣ, масъули робитаҳои хориҷии Ҷабҳаи муқовимати миллӣ рӯзи 7-уми декабр дар гуфтугӯ бо "Afghanistan International" хабарҳо дар бораи мулоқоти Аҳмад Масъуд, фармондеҳи умумии ин ҷабҳа бо раҳбари ширкати "Блек Вотер"-ро беасос хонд.

Рӯзи гузашта "Tehran Times" ба нақл аз "як манбаи огоҳ" навишт, ки Аҳмад Масъуд дар пойтахти Тоҷикистон бо Эрик Принс, раис ва бунёдгузори ширкати "Блэк Вотер" дидор кард. Аммо ин расона ҳеҷ ҷузъиёте аз ин мулоқот надод ва танҳо навишт, ки далели шикасти Ҷабҳаи муқовимат иртиботаш бо ин созмон будааст.

"Блэк Вотер", як созмони хусусии низомии амрикоист, ки ба иддаои нашрияи "Теҳрон Таймз", тариқи зархаридҳо берун аз қаламрави Амрико амалиётҳоеро анҷом медиҳад.

Бархе огоҳон хабари расонаҳои наздик ба давлати Эронро як иқдоми бадномкунанда алайҳи Аҳмад Масъуд медонанд. Ба гуфтаи огоҳон, дар ҳукумати Эрон ду гуруҳе амал мекунад, ки яке аз Толибон пуштибонӣ мекунад, вале гуруҳи дигар бо Аҳмад Масъуд равобити хуб доранд.

Толибон моҳи август Афғонистонро тасарруф карданд ва Эрон аз ин гуруҳ борҳо истиқбол кардааст. Аммо Тоҷикистон дар баробари Толибон мавзеи ошкор гирифта ва то кунун ҳеч гуна робитае бо ин гурӯҳ барқарор накардааст.

Муҳоҷиронро баъди як моҳ дар Русия чӣ интизор аст? 

Ҳар сол садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои кору иқомат ба Русия мераванд. Акс аз моҳи апрели 2021

Дар охири моҳи декабри имсол дар Русия қонуне ба иҷро медарояд, ки қоидаҳои сабти номи муҳоҷиронро сахттар мекунад. Бино бар қонун, ки чанд моҳ пеш Думаи Давлатӣ ё порлумони Русия қабул кард, гирифтани изи ангушти муҳоҷирон ва ташхиси тиббии онҳо ҳатмӣ мешавад.

Каримҷон Ёров, яке аз ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон, рӯзи 7-уми декабр гуфт, қонун нофаҳмиҳои зиёде дорад ва дар умум зиндагии муҳоҷиронро сахттар мекунад.

Навгонии мазкур ба хориҷиёне, ки ба қаламрави Русия бидуни виза ва ба муддати дароз, яъне барои беш аз 90 рӯз мераванд, дахл хоҳад дошт.

Тамоми ин расмиётро муҳоҷирон дар муддати 30 рӯз аз замони вуруд ба кишвар ё ҳангоми муроҷиат барои гирифтани иҷозатномаи кор ё патент бояд ба анҷом расонанд. Агар муҳоҷир барои гузаштан аз назорати биометрӣ ва тиббӣ саркашӣ кунад, муҳлати будубошаш дар Русия кам карда мешавад.

Дар сурати ошкор шудани бемориҳои хатарноки сироятӣ ва ё муътод будани шаҳрванди хориҷӣ, ба ӯ иҷозати дар Русия мондан дода намешавад.

Дар Русия ҳудуди як миллион муҳоҷири тоҷик кору зиндагӣ мекунанд.

Мушкили интернет дар Бадахшон. "Дар баъзе идораҳо ҳаст, аммо сокинон надоранд"

Интернет дар ВМКБ пас аз тазоҳуроти рӯзҳои 25-28-уми ноябр дастнорас шуд

Дар баъзе аз идораҳои давлатӣ ва созмонҳои байнулмилалӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон интернет дубора дастрас шудааст, аммо сокинон мегӯянд, ҳанӯз дар телефонҳои мобилиашон интернет надоранд.

Дар пайи эътирози рӯзҳои 25-28-уми ноябри имсол дар шаҳри Хоруғ, ки пас аз кушта шудани Гулбиддин Зиёбеков, сокини ноҳияи Роштқалъа, рӯй дод, интернет дар вилояти Бадахшон дастнорас шуд.

Барқарор кардани интернет дар минтақа як банди созиши мақомот бо намояндагони эътирозгарон буд. Мақомот гуфта буданд, дар сурати хатми эътироз дастрасиро ба интернет барқарор карда, омилони қатли Гулбуддин Зиёбековро ба ҷавобгарӣ мекашанд ва эътирозгаронро таъқиб намекунанд.

Корманди яке аз созмонҳои иҷтимоӣ рӯзи 7-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин субҳ дар ҷойи кори онҳо ва баъзе аз идораҳои давлатӣ интернет "пайдо шудааст". Ба гуфтаи ӯ, раҳбари онҳо таъкид кардааст, ки аз изҳори назар ва нашри аксу видео дар шабакаҳои иҷтимоӣ худдорӣ варзанд.

Баъзе аз сокинони ноҳияи Рӯшони ВМКБ гуфтанд, чанд рӯз боз танҳо аз тариқи як ширкати мобилӣ ба интернет дастрасӣ доранд, аммо суръаташ хеле суст аст.

Рӯзи гузашта дар шабакаҳои иҷтимоӣ номаи баъзе аз сокинони вилояти Бадахшонро ба Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия, нашр карданд. Дар мактуб гуфтаанд, бинобар набудани интернет, довталабон наметавонанд барои дохилшавӣ ба донишгоҳҳои Русия худро номнавис кунанд.

Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз дар бораи қатъ ва дубора фаъол кардани интернет дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳеч изҳороте надодаанд.

Ҷо Байден ва Владимир Путин аз чӣ хоҳанд гуфт?

Владимир Путин (чап) ва Ҷо Байден (рост)

Ҷо Байден, президенти Амрико, рӯзи 7-уми декабр бо раҳбари Русия, Владимир Путин, таҷаммӯи нерӯҳои Русияро дар марзи Украина ва дурнамои НАТО дар минтақа баррасӣ мекунад.

Суҳбат видеоӣ ва онлайн доир мешавад. Ин дидори дувуми раҳбарони ду кишвар аз замони ба сари қудрат омадани Байден дар моҳи январи имсол аст.

Тибқи изҳороти Қасри Сафед, дар арафаи ин суҳбат президенти Амрико бо муттафиқони кишвараш: Бритониё, Фаронса, Италия ва Олмон машварат кард. Дар изҳорот гуфта мешавад, ки Иёлоти Муттаҳида аз истиқлол ва тамомияти арзии Украина пуштибонӣ намуда, ҷонибдори рафъи ташаннуҷ дар минтақа аст.

Мансабдорони Амрико мегӯянд, Маскав дар марзи Украина ва нимҷазираи Қрим, ки дар соли 2014-ум аз тарафи Русия ишғол шудааст, беш аз 150 ҳазор афсару сарбозро ҷобаҷо кардааст.

Эмомалӣ Раҳмон 21 декабр паём медиҳад

Акс аз бойгонӣ.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи 21-уми декабр дар ҷаласаи муштараки ҳар ду палатаи порлумон паёми солонаи худро ироа мекунад. Дар ин бора рӯзи 6-уми декабр қарори Маҷлиси Миллӣ қабул шудааст. Ҳамасола раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар паёми солонаи худ ба ҳарду палатаи порлумони кишвар ҳадафҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати давлати Тоҷикистонро шарҳ медиҳад. Маъмулан дар пайи ироаи паёми солонаи президент, гурӯҳҳои вижа барои фаҳмондани нуктаҳои он таъсис дода мешаванд. Ба гуфтаи коршиносон, баъди паём баъзе аз ислоҳот сурат мегирад, вале дар умум авзоъ ба таври чашмрас тағйир намекунад.

Вазорати дифоъ: "Нақша иҷро шуд, аммо даъват давоми сол идома мекунад"

Даъвати ҷавонон ба артиш. Акс аз бойгонӣ

Масъулони Вазорати мудофиаи Тоҷикистон гуфтанд, нақшаи тирамоҳии бурдани ҷавонон ба артиш пурра иҷро шудааст, вале даъвати онҳо ба комиссариатҳои ҳарбӣ давоми сол идома хоҳад кард.

Фаридун Маҳмадализода, сухангӯи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, рӯзи 7-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, "бар асоси қонуни нави хидмати ҳарбӣ, бо қарори раисони комиссияҳои шаҳру ноҳияҳо, даъвати ҷавонон то мавсими дигар идома меёбад."

Сухангӯи вазорат дар идома афзуд, ҷавонони синни даъватӣ новобаста аз он, ки донишҷӯянд ё аз хориҷа бармегарданд, давоми сол барои пурра кардани ҳуҷҷатҳояшон ба комиссариати ҳарбӣ даъват мешаванд.

Имсол тибқи қонуни нав ҳамчунин хизмати алтернативӣ ҳам пешниҳод шуд, ки бо пардохти маблағ ҷавонон аз хизмат озод мешаванд. Аммо мақомот то ба ҳол эълон накардаанд, ки чӣ қадар ҷавонон бо ин роҳ аз хизмат озод шуданд.

Бо вуҷуди қабули қонун дар бораи хидмати алтернативӣ, ки бо супурдани маблағ ҷавононро аз уҳдадории ҳарбӣ озод мекард, имсол низ шикоятҳо аз "сарбозшикор" ё "облава" зиёд буд.

Мақомот аз он нигаронанд, ки баъзе аз ҷавонон бо ҳар баҳона аз хидмат сарпечӣ мекунанд. Намояндагони созмонҳои ҳомии ҳуқуқ далелашро ба вазъи нохуби қисмҳои ҳарбӣ ва зарбу лати наваскарон дар онҷо пайванд медиҳанд.

Ҳар сол тирамоҳу баҳор ҷавонони аз 18 то 27-соларо ба артиши Тоҷикистон даъват мекунанд. Мавсими тирамоҳии даъват ба артиш якуми октябр сар шуда, якуми декабр ба анҷом мерасад. Мавсимии баҳории даъват ба артиш аз аввали моҳи апрел то охири моҳи май идома мекунад.

Узбекистон баргузории "TikTok Fest"-ро бо иштироки блогерони рус манъ кард

INDIA-CHINA-INTERNET-SECURITY-TIKTOK

Баргузории "TikTok Fest" дар Узбекистон, ки қарор буд дар он блогерҳои рус ва украинӣ иштирок кунанд, манъ карда шуд.

Нашрияи "Новости Узбекистана" бо истинод ба созмондиҳандагони фестивал дар ин бора хабар дода, афзудааст, ки пули билетҳои фурӯхташуда баргардонида мешавад.

Вазорати фарҳанги Узбекистон дар шарҳи қарори манъи баргузории чорабинӣ гуфтааст, "TikTok Fest" интиқодҳоеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор оварда, ба фаҳмиш ва ҷаҳонбинии ҷавонони он кишвар таъсири манфӣ мегузорад".

Иҷозати баргузории фестивалро Вазорати умури дохилии Узбекистон ва мақомоти маҳаллӣ медиҳанд. Вале Вазорати фарҳанги Узбекистон қотеъона дастур додааст, ки сатҳ, муҳтаво, идеяи барномаро "таҳлил карда", хулосаи ниҳоии худро бароранд.

"TikTok Fest" мебоист 25 декабр дар шаҳри Тошканд бо иштироки 12 500 бинанда баргузор шавад. Интизор мерафт дар он блогер ва навозандаҳои русу украин – Даня Милохин, Артур Бабич, Егор Шип, Анет Сай, Ваня Дмитриенко ва Аня Покров иштирок кунанд.

Қирғизистон барқро барои камбизоатҳо арзон кард

Қирғизистон. Акс аз бойгонӣ.

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов фармон дар бораи кӯмак ба хонаводаҳои камбизоатро аз ҳисоби поин бурдани нархи нерӯи барқ содир кард.

Ба огаҳии хадамоти матбуотии президенти Қирғизистон, Девони вазирони ин кишвар вазифадор шудааст, то аз 1 январи соли 2022 нархи 1 киловат-соат барқро барои хонаводаҳое, ки кудаки то 16-сола доранд ва аз давлат кумакпулӣ дарёфт мекунанд, 50 тийин муайян кунад.

Ҷабборов моҳи ноябр дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Қирғизистон гуфта буд, ки нархи 1 киловат-соат нерӯи барқ барои хонаводаҳои камбизоат аз 77 то ба 50 тийин арзон карда шавад.

Ин дастур дар пасманзари норасоии неруи барқ дар Қирғизистон содир шудааст. Қирғизистон соли равон ба иллати камобӣ дар обанборҳояш бо бузургтарин буҳрони энергетикӣ рӯбарӯ шуд.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG