Президенти ИМА Доналд Трамп маъракаи таблиғи номзадиашро идома медиҳад ва рақиби демократи ӯ Ҷо Байден ба дебати навбатии телевизионии ҳафтаи ҷорӣ омода мешавад. То интихоботи президентии ИМА ду ҳафта фурсат мемонад ва рӯзи 20-уми октябр номзади ҷумҳурихоҳҳо ва президенти амалкунанда Доналд Трамп дар Пенсилвания талош дорад дили мардумро ба даст оварад. Пенсилвания соли 2016 ҳамчун макони муҳими дастёбӣ ба овози қишри коргари сафедпӯст ба ҳисоб мерафт ва дар миёни чанд аёлати калидие мебошад, ки дар таъмини пирӯзии интихоботӣ нақши ҳалкунанда мебозад. Дар маҷмӯъ пурсиши афкори умум баёнгари он аст, ки Трамп аз Байден 3,7 дарсад камтар маҳбубият дорад. Айни замон, Байден дар аёлати дигари муҳими Филаделфия ва канораҳои он маҳбубияти бештар доштааст. Трамп зимни суханронӣ дар шаҳри саноатии Эри бештар дар бораи масоили ошно сӯҳбат карду боз ҳам аз хатари интихоб шудани рақиби демократаш ҳушдор дод. Ӯ бо ишора ба интихобшавии дуборааш гуфт, “рӯзҳои хуб дар пешанд”. Бо ин ки Байден рӯзҳои 20-21-уми октябр маърака барпо намекунад, дар гузашта борҳо ба Пенсилвания рафтааст. Бо таъкид ба аҳамияти аёлат аъзои тими Байден гуфтанд, ки рӯзи 21-уми октябр собиқ президент Барак Обама ва рӯзҳои истироҳат сенатор Берни Сандерс дар Пенсилвания ба ҳимоят аз номзади демократҳо ҳозир хоҳанд шуд.
Маъракаи таблиғотии Трамп дар Пенсилвания ва омодагии Байден ба дебат
