Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ховарон" шаҳраки "муосир", вале қисман бе шабакаи обу корез. ВИДЕО


"Ховарон" шаҳраки "муосир", вале бе шабакаи обу корез
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:30 0:00

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед

Шаҳрдории Душанбе мегӯяд, дар маҳаллаи "Ховарон" сокинон бо тадриҷ бо оби ошомиданӣ ва системаи корез таъмин мешаванд. Феълан ҳазорон сокини маҳалла ҳар мошин оби ошомиданиро то 100 сомонӣ мехаранд.

Маҳаллаи навбунёди "Ховарон" дар теппаҳои шарқии Душанбе ҷойгир аст. Дар оғоз баъзе аз донишмандони тоҷик мухолифи сохтмони хонаҳо дар ин минтақа буданд, чун мегуфтанд, хокаш устувор нест. Ҳоло мақомот мегӯянд, ки ҷойе барои нигаронӣ намондааст.

Тарҳи меъмории биноҳо дар ин маҳалла ба тарзи хос ва на камтар аз ду табақа аст. Ҷамолиддин Султонов, сокини маҳалла, гуфт, сохтмони биноҳо тибқи тарҳи омодашудаи мақомот сурат мегирад.

"Мақомот дастур медиҳанд, ки дар кадом минтақа бинои чандошёнаӣ сохтан мумкин аст. Дар ҷое, ки хокаш мустаҳкам аст, сохтмони бинои баландошёна иҷозат ҳаст ва агар таркиби хокаш заифтар бошад, пасттар месозӣ", -- афзуд ӯ.

Роҳҳои пурпечутоби мошингарди мумфарш сокинонро то баландтарин теппаҳои шарқи Душанбе мебаранд. Ба гуфтаи сокинон, мушкили асосии онҳо набудани оби ошомиданӣ аст.

Баҳром Раҷабов, сокини маҳалла, мегӯяд, феълан онҳо барои таъмини зиндагӣ оби ошомиданиро мехаранд ва як мошини он 100 сомонӣ будааст.

Маҳмадсаид Зувайдзода, муовини аввали шаҳрдори Душанбе, ба Радиои Озодӣ гуфт, қарор аст, дар минтақаи "Ховарон" шаш маҳалла (микрорайон) бунёд шуда, мушкили таъмини сокинон бо оби ошомиданӣ низ ҳал гардад. Вай гуфт, "ҳоло бо мусоидати молии Бонки Осиёии Рушд дар ин маҳаллаҳо қубури оби ошомиданӣ ва корез насб карда мешаванд."

Чанд сол пеш замини зери манзилҳои баланду мунаққаши маҳаллаи "Ховарон" чарогоҳу киштзори ғалла буд. Нуралӣ Саидов, як сокини маҳалла мегӯяд, аз соли 2012 дар ин теппаҳо зиндагӣ мекунад ва солҳои аввал шароити рафтуо хеле бад буд.

"Вақте омада будем, шароит набуд, роҳ надошт, беобӣ буд. Дар фасли зимистон роҳҳо лой мешуд. Ҳозир роҳҳо мумфарш ва ҷӯйборҳо насб шудаанд", -- мегӯяд ӯ.

Ҷудо кардани қитъаҳои замин барои сохтмони манзил барои муаллимон ва донишмандон дар "Ховарон" ҳанӯз дар даҳаи 1980 шуруъ шуда буд. Аммо он солҳо бархе аз зилзилшиносони тоҷик мухолифи сохтмони манзил дар ин минтақа буданд.

Академик Собит Неъматуллоев, мудири собиқи Пажӯҳишгоҳи зилзилашиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон мегӯяд, озмоишҳо нишон медоданд, ки сохтмони ҳар гуна иморат дар он теппаҳо хатарнок аст.

Ӯ гуфт: "Баъзе аз биноҳоро ҳафт бор таъмир мекардем, аммо деворҳояш зуд мекафид. Ба ин хотир, мухолифи сохтмони шаҳраки Академияи илмҳо дар ин минтақа шуда будам. Ҳоло аз таҳқиқи ин мавзӯъ канор рафта, машғули масоили амнияти нерӯгоҳи "Роғун" аз зилзилаҳо ҳастам. Бо масъулони шаҳрдорӣ суҳбатҳо доштам ва бароям гуфтанд, ки дар сохтмони биноҳо дар "Ховарон" аз фанновариҳои муосир истифода мекунанд."

Ҳоло дар маҳаллаи "Ховарон"-и Душанбе бунёди манзилҳои баландтабақа дар теппаҳои болотар идома дорад. Ба гуфтаи сокинон, феълан ҳудуди 10 ҳазор нафар дар ин маҳалла зиндагӣ доранд ва бо анҷоми сохтмони манзилҳо шумораи сокинонаш бамаротиб афзоиш хоҳад ёфт.

Сохтмони роҳҳои васеи мумфарш низ аз он далолат медиҳанд, ки мақомот афзоиши бамаротиби сокинони теппаҳои ба истилоҳ шарқии пойтахти Тоҷикистонро пешбинӣ мекунанд.

Мушкили маҳаллаҳои навбунёд дар минтақаҳои Тоҷикистон ба мисли ҳамеша набудани хатти обу барқ мемонад. Зоҳиран мақомот аз қабл омодагии худро дар ин замина намегиранд ва ё сокинон барои аз даст надодани як порча замин пеш аз пеш хона сохтаву зиндагиро оғоз мекунанд ва баъд дар фикри обу корез меафтанд.

XS
SM
MD
LG