Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

COVID-19 маҳдудиятҳоро бештар ва кӯчаҳои Аврупоро сокит кард


СОVID-19 аҳволи ширкатҳои саёҳӣ ва меҳмонхонаҳои Тоҷикистонро бад кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:37 0:00

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед

Бо зиёдтар шудани теъдоди мубталоёни COVID-19 дар Аврупо кишварҳои минтақа маҳдудиятҳои гаштугузор ва фаъолиятҳои иқтисодиро зиёдтар мекунанд. Аз ҷумла, дар Париж ва ҳашт шаҳри дигари Фаронса қуюди шабгардӣ эълон шуд. Тарабхонаву мағозаҳо бояд аз соати 9-и шаб то 6-и бомдод баста бошанд.

Раиси ҷумҳур Эммануэл Макрон бо эълони маҳдудиятҳои нав гуфт, рӯзҳои сахте дар пешанд. “Тамоми донишмандон возеҳ гуфтаанд, мо то тобистони соли 2021 бо ин вирус дастбагиребон хоҳем буд”, -- афзуд ӯ.

Дар Испония, дар Мадриду 8 шаҳри дигар, вазъи фавқулода эълон шудааст ва баромадан аз ин шаҳрҳо мумкин нест. Ресторану барҳоро барои 15 рӯз бастанд.

Испония кумаки молӣ ба соҳибкоронро идома медиҳад ва дар саросари Аврупо хисороти иқтисодӣ аз маҳдудиятҳо зиёдтар мешавад. Ҳукумати Ҳолланд ҳам ба бару ресторанҳо амр дод, то ду ҳафта дарҳояшонро банданд.

Баъзе аз донишмандон мегӯянд, ки бозгашти донишҷӯён ба дарс дар моҳи сентябр сабаби афзоиши беморӣ аст.

Бритониё ҳам дар баъзе аз шаҳрҳо маҳдудиятҳоро сахттар кард ва Ливерпул дар қатори онҳост. Табибон мегӯянд, 95 дар сади катҳои беморон дар шӯъбаҳои эҳёгарии шаҳр пур шудааст.

Ҳукумати Бритониё мегӯяд, намехоҳад, дигарбора карантини саросарӣ эълон кунад, зеро оқибаташ барои иқтисоду ҷомеа бисёр бад мешавад. Аммо бо пур шудани шифохонаҳову афзоиши маргу мир, дар саросари Аврупо фишор барои андешидани чораҳои сахттар зиёд мешавад.

XS
SM
MD
LG