Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия гуфт, омода аст созиши силоҳҳо бо ИМА-ро як соли дигар тамдид кунад


Пойгоҳи ҳавоии Байконур. Мушаки навъи SS-18 баъди анҷоми озмоишҳо.
Пойгоҳи ҳавоии Байконур. Мушаки навъи SS-18 баъди анҷоми озмоишҳо.

Русия гуфт, ки агар Вашингтон ҳам омода бошад, ин кишвар розӣ аст, ки созиши боздорандаи кулоҳакҳои ҳастаии мавсум ба New START-ро то як соли дигар тамдид кунад. Мӯҳлати ин созиш қарор буд моҳи феврали соли оянда ба анҷом бирасад. Ҳамакнун ҷонибҳо як соли дигар фурсат хоҳанд дошт, ки шарту шурути созиши навро баррасӣ кунанд. Тасмими рӯзи 20-уми октябри Маскав метавонад ихтилофҳои Кремлу Кохи Сафедро бар сари сарнавишти созиши муҳими силоҳҳо кам кунад. Вазорати хориҷаи Русия дар изҳороте гуфт, ки “Русия пешниҳод мекунад, ки New START то як соли дигар тамдид шавад ва омода аст, ки ҳамроҳ бо ИМА дар заминаи “масдуд кардани” шумори кулоҳакҳои ҳастаӣ ӯҳдадориҳои сиёсӣ қабул кунад”. Дар изҳорот омадааст, ки ин созиш ба шарте иҷро мешавад, ки ИМА ҳеҷ шарту шутуре пеш нагузорад. Созиши амалкунанда соли 2010 имзо шуд ва аз ҳарду кишвар тақозо мекунад, ки силоҳҳои стратегии ҳастаии худро дар шумори маҳдуд нигаҳ дорад. Созише, ки моҳи феврал ба итмом мерасад, метавонад ба мӯҳлати панҷ соли дигар тамдид шавад.

XS
SM
MD
LG