Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тихановская аз кормандони ҳифзи қонун хост, ба тарафи мардум гузаранд


Брюссел, 21 сентябр. Светлана Тихановская зимни суханронӣ дар Парлумони Аврупо акси эътирозгари шиканҷашударо намоиш медиҳад
Брюссел, 21 сентябр. Светлана Тихановская зимни суханронӣ дар Парлумони Аврупо акси эътирозгари шиканҷашударо намоиш медиҳад

Собиқ номзади интихоботи президентии Беларус Светлана Тихановская аз кормандони ҳифзи қонун даъват кард, ки то 25-уми октябр ба ҷониби мардум гузаранд. Ин мӯҳлати ултиматум ё зарбулаҷалест, ки мардум дар пеши Александр Лукашенко гузоштааст.

Ӯ гуфт, «агар шумо амрҳои ҷинояткоронаро иҷро кардан нахоҳед, накунед. Режим медонад, ки дар ҳоли мурдан аст ва талош мекунад сарнавишти худро бо шумо тақсим кунад. Дар Беларуси нав кори шумо лозим мешавад, як системаи сохторҳои қудратӣ лозим мешавад». Тихановская аз кормандони ҳифзи қонун хост, ки ошкоро мавқеи худро иброз доранду ба созмонҳои ҷамъиятӣ дар тамос шаванд. Ӯ инчунин ваъда дод, ки масъулият бо онҳое аст, ки «шахсан даст ба ҷиноят задаанд» ва кормандони ҳифзи қонун мавриди санҷиши люстратсия ваё шаффофияти корашон қарор намегиранд.

Қаблан Тихановская аз Лукашенко тақозо кард, ки ба истеъфо равад, даст аз хушунати эътирозгарон бардорад ва ҳама зиндониҳои сиёсиро озод бикунад. Ӯ гуфт, агар ин талабот иҷро нашавад, шурӯъ аз 26-уми октябр «дар корхонаҳо корпартоии миллӣ ва роҳҳо масдуд мешаванд".

Дар Беларус 9-уми август интихоботи президентӣ баргузор ва Александр Лукашенко барандаи он эълон шуд. Мухолифон гуфтанд, ки натиҷаҳо тақаллуб шудааст ва аз он замон то кунун дар Беларус пайваста намоишҳои эътирозӣ бо ширкати даҳҳо ҳазор нафар баргузор мешавад. Мақомот даст ба саркӯби эътирозгарон зада, ҳама раҳбарони мухолифонро боздошт ваё маҷбур ба тарки кишвар карданд.

XS
SM
MD
LG