Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кормандони "Аэрофлот" дар қочоқи маҳсулоти Apple аз ИМА ба Русия гунаҳгор мешаванд


Ҳавопаймои ширкати "Аэрофлот" - Airbus A350-900
Ҳавопаймои ширкати "Аэрофлот" - Airbus A350-900

Додситонии ҳавзаи шарқии Ню-Йорк ба 10 нафар, эҳтимолан шаҳрвандони Русия аз рӯи иттиҳоми қочоқи маҳсулоти электронӣ айб эълон кард. Тафтишот мегӯяд, ки онҳо бо истифода аз кормандони ширкати ҳавоии “Аэрофлот” дастгоҳҳои дуздии Apple-ро интиқол медоданд. Департаменти давлатии ИМА виза ё раводиди сафари 113 корманди “Аэрофлот”-ро бозхондааст. Аз миёни даҳ нафари гумонбар ҳашт нафар боздошт шуда ду нафари дигарашон дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ ҳастанд. Тафтишот гуфтааст, ки ин нафарон нақшаи аз хоки ИМА ба Русия интиқол додани маҳсулоти электронӣ дар ҳаҷми 50 миллион долларро амалӣ кардаанд. Дар миёни маҳсулоти қочоқшуда асосан компютерҳои планшет, телефон ва соатҳои сохтаи ширкати Apple мебошад. Ин ҳама маҳсулотро дар бағоҷи кормандони собиқ ва амалкунандаи ширкати ҳавоии русӣ интиқол медоданд.

Ин қазияро дар ширкати "Аэрофлот" шарҳ надоданд. Консулгарии генералии Русия дар Ню-Йорк иттилоъ дар бораи парвандаи ҷиноиро мавриди санҷиш қарор додааст. Як дипломати рус гуфтааст, ки парвози ҳавопаймои ширкати «Аэрофлот» аз Ню-Йорк ба Маскав, ки дирӯз бояд анҷом мешуд, бо сабаби тафтиши Бюрои федеролии тафтишот як соат таъхир кард.

XS
SM
MD
LG