Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чанд ҳазор эътирозгари беларусӣ истеъфои Лукашенкоро талаб карданд


Раҳпаймоии эътирозии мухолифон ва сокинони Беларус. 19-уми октябр
Раҳпаймоии эътирозии мухолифон ва сокинони Беларус. 19-уми октябр

Чандсад сокини Беларус аз кӯчаҳои Минск гузашта аз раҳбари худкома Александр Лукашенко талаб карданд, ки ба истеъфо равад. Ширкатдорони ба истилоҳ “Раҳмпайомии хирад” рӯзи 19-уми октябр нидоҳои “Лукашенко, бирав!”-ро ба забон меоварданд. Ин намоиш яке аз охирин эътирозҳои мардум ва мухолифон аст, ки бовар доранд интихоботи президентии 9-уми август ба фоидаи Лукашенко тақаллуб шуд. Баробар бо ин, ҷонибдорони Лукашенко – асосан қишри пиронсол, дар як раҳпаймоии ҷудогона дар Минск дида шуданд. Аксари онҳо либоси низомӣ ва амниятӣ доштанд ва шиорҳое, ки дар дасташон буд, навиштаҷоте мисли “Ба хотири сулҳ, шукуфоӣ ва арзишҳои суннатӣ” дошт. Рӯзи аз ин пеш даҳҳо ҳазор сокини Беларус бо вуҷуди таҳдиди вазорати дохилӣ барои истифодаи нирӯ, аз кӯчаҳои Минск ва дигар шаҳрҳо гузар карданд. Рӯзи 19-уми октябр ба иттилои вазорати дохилӣ, 280 нафар, аз ҷумла 215 нафар бо иттиҳоми нақзи қоидаи маъракаҳои ҷамъиятӣ боздошт шуданд.

XS
SM
MD
LG