Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Минск ҳазорон нафар бо талаби истеъфои Лукашенко дигарбора ба хиёбонҳо рехтанд


Даҳҳо ҳазор нафар аз мардуми Белорус дигарбора ба хиёбонҳои шаҳри Минск рехтанд ва истеъфои Александр Лукашенкоро талаб карданд. Таҳдиди мақомот барои истифодаи аслиҳаи оташфишон ҳам монеи онҳо нашуд.

Рӯзи панҷшанбе сардори Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилона ва ришвахорӣ дар Белорус, тазоҳургаронро бандитҳо номид ва гуфт, ки "албатта мо ба зидди онҳо аз аслиҳа, аз ҷумла аслиҳаи оташфишон истифода мебарем ва ба шакли инсонӣ".

Хабаргузории "Интерфакс" навишт, ки дар тазоҳурот 30 ҳазор нафар ширкат кардаанд. Ба гуфтаи созмони ҳомии ҳуқуқи "Весна", бештар аз 100 нафар дастгир шудаанд.

Тазоҳуроти оммавӣ дар Белорус ҳафтаҳост, ки идома дорад, баъди аз интихоботи президентии рӯзи 9-уми август шуруъ шуд. Мақомот гуфтанд, Александр Лукашенко, ки аз соли 1994 Белорусро раҳбарӣ мекунад, 80 дарсади раъйи мардумро ба даст овардааст.

Мақомоти интизомӣ то кунун бештар аз 13 ҳазор нафар, аз ҷумла чанд фаъоли мухолифонро, ки дар кишвар монданд, дастгир кардаанд. Светлана Тихановская, пешвои мухолифон, ки ба Литва гурехт, аз Лукашенко хостааст, ки то 25-уми октябр истеъфо бидиҳад, дар акси ҳол мардум ба коршикании оммавӣ оғоз мекунанд.

XS
SM
MD
LG