Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози зидди маҳдудиятҳои марбут ба пандемия дар Прага


Майдони Шаҳри Кӯҳнаи Прага рӯзи 18-уми октябр ба макони бархӯрди эътирозгарон бо полис табдил шуд
Майдони Шаҳри Кӯҳнаи Прага рӯзи 18-уми октябр ба макони бархӯрди эътирозгарон бо полис табдил шуд

Маҳдудиятҳои нав дар паи нигаронӣ аз паҳншавии бештари коронавирус боиси як задухӯрди ҳаводорони варзиш дар Прага ва полиси маҳаллӣ шуд. Рӯзи 18-уми октябр дар Прага 2 ҳазор ҳаводори футбол ва ҳоккей дар раҳпаймоии эътирозӣ алайҳи ҷоришавии маҳдудиятҳои нави дуҳафтаинаи марбут ба пандемия ҷамъ шуданд. Маҳдудиятҳо маъракаҳои варзишии байналмилалиро сарфи назар мекунад. Дар маркази шаҳри Прага эътирозгарон ба сӯи полис шишаву дигар мавод партофтанд ва дар ниҳоят полис барои пароканда кардани эътирозгарон аз маркази шаҳр аз бобмаҳои дудзо, оташафрӯз ва лӯлаҳои об истифода кард. Дар ин ҳодиса чанд нафар, аз ҷумла ходимони полис маҷрӯҳ шуданд. Полис гуфт, ки эътирози серҷамъият муқаррароти маҳдудкунандаи давраи пандемияро нақз мекунад, чун дар як ҷо дар хиёбон ҷамъ шудани беш аз 500 нафар манъ аст. Дар Ҷумҳурии Чех мисли дигар нуқоти Аврупо ҳодисаҳои олудашавии рӯзона ба коронавирус дар ҳоли афзоиш аст.

XS
SM
MD
LG