Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Аврупо омори марги инсонҳо аз COVID-19 аз 250 ҳазор гузашт


Фаронса. Кӯдакон пеш аз ворид шудан ба синфхона дастонашонро мешӯянд
Фаронса. Кӯдакон пеш аз ворид шудан ба синфхона дастонашонро мешӯянд

Рӯзи 18-уми октябр шумори афроди бар асари вируси нав даргузашта дар саросари Аврупо аз 250 ҳазор нафар гузашт. Дар ин қора дар ҳафтаҳои охир ҳодисаҳои ошкоршавии ҳодисаҳои нави гирифторӣ ба вирус якбора афзоиш ёфтааст. Айни замон, дар Исроилу Австралия мақомот аз сабуктар шудани маҳдудиятҳо ва коҳиши суръати гирифторшавиҳои нав ба коронавирус хабар медиҳанд. Дар Аврупо афзоиши ҳодисаҳои нави гирифторӣ дар як ҳафтаи охир 44 дарсадро ташкил дода, бархе кишварҳоро водор кардааст, ки маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кунанд.

Дар Амрикои Шимоливу Ҷанубӣ ҳам мубориза бар зидди коронавирус шиддат гирифтааст. Дар ИМА рӯзи 17-уми октябр 52 ҳазор ҳодисаи нави олудагӣ ба қайд гирифта шуд ва ин дар қиёс бо 2 ҳафтаи аз ин пеш 28 дарсад бештар будааст. Ҳодисаҳои фавт 679 адад бештар шуда, ба 220 ҳазор нафар наздик мешавад. Дар Бразилия вазири беҳдошташ рӯзи 17-уми октябр гузориш дод, ки дар 24 соати гузашта беш аз 24 ҳазор ҳодисаи нави олудагӣ ва 461 ҳодисаи марг бар асари COVID-19 ба қайд гирифта шудааст. Дар Исроил дар паи маҳдудиятҳои бисёр сахту сангин, аз ҷумла манъи ҳақи сафар дар фосилаи беш аз 1 км аз хона тавонистанд дар ҷилавгирии бештар аз паҳншавии беморӣ муваффақ шаванд.

XS
SM
MD
LG