Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Халилзод гуфт, хушунатҳои идомаёбанда созиши сулҳро бо хатар рӯбарӯ мекунад


Залмай Халилзод, фиристодаи ИМА барои Афғонистон

Залмай Халилзод, фиристодаи хоси Амрико барои Афғонистон рӯзи 18-уми октябр гуфт, ки идомаи ҳамлаву хунрезӣ метавонад музокироти сулҳ дар кишварро аз роҳаш берун кунад. Ӯ дар ин бора баъд аз бомбгузории маргбор дар шаҳри Ғур суҳбат кард, ки дар натиҷаи он 14 нафар кушта шуданд. Айни замон намояндагони ҳукумати Афғонистон ва Толибон дар Қатар барои поён додан ба ҷанги 19-сола дар кишвар гуфтугӯ доранд. Залмай Халилзод дар Твиттер навишт, ки хушунат муддатҳои дароз афғонҳоро думболагирӣ кардааст ва фоҷиа дар Ғур, ки дар назди қароргоҳи пулис сурат гирифт, яке аз намунаҳои нави он аст. Ӯ ҳушдор додааст, ки боварӣ ба он ки бо зӯроварӣ касе метавонад тарафи дигарро ба гузашт водор кунад, “бисёр хатарнок” аст, зеро ба қавли Залмай Халилзод, раҳбарони Афғонистон дар гузашта бо ҳамин бовар хато кардаанд. Дипломати амрикоӣ хост, тамоми муқаррароти созише, ки қабл аз оғози музокироти сулҳ дар Қатар ба имзо расид, риоят шавад. Рӯзи 18-уми октябр дар натиҷаи таркиши бомб дар шаҳри Фирӯкуҳ, маркази вилояти Ғур 14 нафар кушта шуданд ва 119 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Раиси вилоят гуфт, ки бомбгузорӣ кори дасти Толибон аст.

XS
SM
MD
LG