Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумораи гирифторон ба КОВИД-19 дар ҷаҳон аз 40 млн нафар гузашт


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Шумораи гирифторон ба коронавирус дар ҷаҳон рӯзи якшанбеи 18-уми октябр аз 40 миллион нафар гузашт ва шумораи қурбониён ба беш аз як миллиону 115 ҳазор нафар расид.

Гирифории аз ҳама бештар ба ин беморӣ дар як рӯз дар Ҳинд, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Аврупо ва Амрикои ҷанубӣ сабт шудааст. Рӯзи шанбе дар Фаронса 32 ҳазор нафар ба ин беморӣ гирифтор шудаанд. Фаронса аз ин бобат дар садри ҷадвали кишварҳои аврупоӣ қарор дорад ва Бритониё, Русия ва Италия дар рутбаҳои баъдӣ қарор гирифтаанд.

Фаронса чанд рӯз пеш дар 9 шаҳри ин кишвар маҳдудиятҳои рафтуомад аз соати 9-и шаб то 6-и субҳ ҷорӣ кард ва хабаргузориҳо мегӯянд, ки Италия низ барои ҷорӣ кардани маҳдудиятҳо омода мешавад. Рӯзи шанбе дар Италия наздик ба 11 ҳазор нафар ба ин беморӣ гирифтор шудаанд.

Бархе кишварҳои аврупоӣ монанди Русия, Италия, Фаронса, Италия ва Испания дар баҳори соли ҷорӣ бо паҳншавии густурдаи коронавирус рӯбарӯ шуданд ва гирифторӣ ба ин беморӣ дар тобистон то андозае коҳиш ёфта буд. Аммо ҳоло бо оғози фасли тирамоҳ гирифторӣ ба ин беморӣ дар ин кишварҳо афзоиш ёфтааст.

Аз миёни 15 кишвари ҷаҳон, ки шумораи гирифторон дар онҳо бештар аст, 9 кишвар аз Аврупо мебошад. То кунун ҳудуди 7 миллион нафар дар Аврупо ба коронавирус гирифтор шудаанд ва беш аз 239 ҳазор нафар ҷон бохтаанд.

Русия дар моҳҳои гузашта шумораи гирифторони рӯзонаро ба зери панҷ ҳазор нафар коҳиш дода буд. Аммо акнун рӯзона ҳудуди 15 ҳазор нафар дар Русия ба ин беморӣ гирифтор мешаванд.

Амрико бештарин қурбониёни коронавирусро дар ҷаҳон дорад ва тақрибан аз панҷ як ҳиссаи гирифторон ва қурбониёни ҷаҳон ба ин кишвар рост меоянд. Вазъияти гирифторӣ ба ин беморӣ дар Амрико ҳамоно дар сатҳи боло қарор дорад, аммо ахиран Ҳинд аз лиҳози шумораи гирифторони рӯзона аз Амрико пешӣ гирифтааст.

Бо ин вуҷуд, омори рӯзонаи гирифторӣ ба КОВИД-19 дар Ҳинд аз ҳудуди 90 ҳазор нафар дар ибтидои моҳи сентябр ба ҳудуди 60 ҳазор нафар коҳиш ёфтааст. Эрон баъд аз Ҳинд болотарин мизони маргу миро дар Осиё дорад.

Рӯзи шанбе беш аз 50 ҳазор нафар дар Амрикои ҷанубӣ ба ин беморӣ гирифтор шуда, 1217 нафар ҷон бохтанд.

XS
SM
MD
LG