Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Собянин: Шумораи муҳоҷирон дар Москва 40 дарсад кам шудааст


Сергей Собянин, шаҳрдори Маскав.
Сергей Собянин, шаҳрдори Маскав.

Шаҳрдори Москва Сергей Собянин гуфт, шумораи муҳоҷирони корӣ дар пойтахти Русия 40 дарсад коҳиш ёфтааст. Бинобар ин, мақомоти Москва одамонро барои кор аз дигар минтақаҳои Русия ҷалб мекунанд.

Ба гуфтаи Собянин, "на ҳама москвагиҳо омодаанд, ки дар даст белу ҷорӯб" гиранд.

Шаҳрдори Москва пештар гуфта буд, ки коҳиши шумораи муҳоҷирон ба пандемияи коронавирус ва баста шудани марзҳо рабт дорад. Ӯ ҳушдор дода буд, ки "мушкилиҳо пеш хоҳад омад".

"Москва дар фасли сармо гуруҳҳои иловагиро барои корҳои дастӣ муваққатан ҷалб мекард",-изҳор дошт.

Шаҳрдории Москва аз норасоии кормандон дар сохтмонҳои шаҳр низ хабар дод. "Марзҳо бо кишварҳое баста шудаанд, ки сохтмонҳои Москваро бо нерӯи кории кофӣ таъмин мекарданд. Мутаассифона бинокорони рус наметавонанд ҷойи онҳоро пур кунанд. Дар ҳоли ҳозир дар сохтмонҳои шаҳр даҳҳо ҳазор коргар намерасад", - афзуд ӯ.

XS
SM
MD
LG