Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таблиғоти пеш аз интихоботии Трамп ба поён мерасад


Доналд Трамп, президенти ИМА
Доналд Трамп, президенти ИМА

Сухангӯи Доналд Трамп, президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гуфт, ки ӯ чор маъракаи интихоботии дигари худро сари вақт анҷом хоҳад дод.

То интихоботи президентии 3-уми нобяр дар Амрико дуюним ҳафтаи дигар боқӣ мондааст.

Трамп рӯзи 17-уми октябр дар гирдиҳамоии Мичиган ва Висконсин суханронӣ кард. Маъракаи навбатии худро дар Невада рӯзи 18-уми октябр баргузор мекунад ва ду маъраки дигарро рӯзи 19-уми октябр дар Аризона ба нақша гирифтааст.

Бо далели гирифтори ба коронавирус Трамп чанд маъракаи худро саривақт натавонист баргузор кунад.

Дар ин чор аёлат дар соли 2016 ӯ пирӯз шуда буд, вале назарпурсиҳои ғайрирасмӣ нишон медиҳанд, ки ҳоло бештар аз рақиби ӯ-Ҷо Байден, рақиби демократи ӯро пуштибонӣ мекунанд.

Номзадҳо ба мақоми президенти ИМА маъракаҳои пешазинтихоботии худро баргузор мекунанд.

Ҷо Байден, аз ҳизби Демократ ва Доналд Трамп, президенти амалкунанда аз ҳизби Ҷумҳурихоҳон миёни ҳам рақобат мекунанд.

XS
SM
MD
LG