Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Арманистон Озарбойҷонро ба нақзи оташбас айбдор кард


Шаҳри Ганҷаи Озарбойҷон
Шаҳри Ганҷаи Озарбойҷон

Арманистон Озарбойҷонро ба нақзи оташбас айбдор кард, ки ҳадафи он қатъи ҷангҳо дар минтақаи Қарабоғи Кӯҳӣ сар аз рӯзи 18-уми октябр буд.

Миёни ду кишвар аз 27-уми сентябр дар ин минтақа задухӯрд идома дорад.

Шушан Степаниан, сухангӯи вазорати дифои Арманистон рӯзи 18-уми октябр дар саҳифаи Твиттераш навишт, ки Озарбойҷон аз соати 1-и шаб то 2:45 мушак партоб кард.

Ҷониби Озарбойҷон ҳанӯз вокуниш накардааст.

Бегоҳи рӯзи 17-уми октябр ду ҷониб эълон карда буданд, ки аз рӯзи 18-уми октябр оташбасро риоя мекунанд. Изҳороти ду ҷониб дар вебсайтҳои вазорати корҳои хориҷии ду кишвар нашр шудааст.

Дар ин изҳорот гуфта мешавад, ки тасмими оташбас пас аз сӯҳбат бо кишварҳои “Гурӯҳи Мински Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо" гирифта шудааст.

Дар ин гурӯҳ, ки барои ҳали ихтилофи баҳс миёни ду кишвар таъсис ёфтааст, кишварҳое мисли Фаронса, Русия ва ИМА шомиланд.

Дар ҷанги тоза миёни ду кишвар, ки охири моҳи сентябр оғоз шуд, ҳудуди 600 низомӣ ва ғайринизомӣ кушта шудааст.

Ин ҷанг пурқурбонитарин ҷанг аз соли 1994 миёни ду кишвар бар сари Қарабоғи Кӯҳӣ дониста мешавад.

XS
SM
MD
LG