Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Халилзод аз Толибон хостааст, ҷангро бас кунанд


Залмай Халилзод чанде пеш дар Тоҷикистон ҳам буд ва хатми ҷанг дар Афғонистонро бо мақомоти баландпоя баррасӣ кард.
Залмай Халилзод чанде пеш дар Тоҷикистон ҳам буд ва хатми ҷанг дар Афғонистонро бо мақомоти баландпоя баррасӣ кард.

Залмай Халилзод, фиристодаи хоси Амрико барои Афғонистон, мегӯяд, бо Толибон мувофиқа кардааст, ҷангу хунрезиро кам кунанд, чун идомаи хушунат, музокироти байнулафғонӣ дар Қатарро халалдор кардааст.

Залмай Халилзод дар ин бора рӯзи 15-уми октябр ва дар замоне суҳбат кард, ки даҳҳо ҳазор нафар дар байни ҷанги Толибон ва нерӯҳои ҳукуматӣ дар вилояти Ҳилманд мондаанд.

Халилзод дар Твиттер навишт, ки ӯ ва генерал Скот Миллер, фармондеҳи нерӯҳои Амрико дар Афғонистон бо Толибон чанд гуфтугӯе доштаанд ва тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки аҳдҳои додаашон бар асоси созиши сулҳро қатъиян риоят мекунанд. Созиши сулҳ байни Амрикову Толибон моҳи феврал дар Қатар имзо шуд.

Залмай Халилзод навиштааст, мувофиқа ба ин маънист, ки: “Амалиёт камтар шавад, чун ҳоло афғонҳои бисёр зиёд мемиранд.”

Дипломати амрикоӣ изҳори умедворӣ кардааст, ки баъди ин талафот камтар мешавад. Музокирот байни ҳукумати Афғонистон ва Толибон моҳи гузашта дар шаҳри Доҳа, пойтахти Қатар оғоз ёфт, вале ду тараф барои хотима додан ба ҷанги тӯлонӣ дар Афғонистон ба пешрафте ноил нашудаанд.

XS
SM
MD
LG