Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Авангард – гурӯҳи сабтиномнашуда. Созмони "худҷӯши ҷавонон" ё "дастгоҳи мубориза бо мухолифон"?


Дар акс: Фирӯзи Маҳмадулло ва Мардихудо Давлатов, ки ҳар кадом худро роҳбари созмони "Авангард" медонад. Аксҳо аз Фейсбук

Баҳси ду ҷавон бар сари роҳбарӣ дар созмони “Авангард” (Пешоҳанг) мавзӯи чигунагии фаъолияти ин гуруҳи наздик ба мақомотро доғ кардааст. Мардихудо Давлатов ва Фирӯзи Маҳмадулло ҳар кадом худро роҳбари “Авангард” мешуморанд. Гурӯҳе, ки ба гуфтаи масъулонаш беш аз 22 ҳазор узв дорад, аммо дар ҳеч ҷой расман сабтином нашудааст.

Пайравони “Авангард” бештар бо ҷонибдорӣ аз ҳукумату мансабдорон ва ҳамлаҳои лафзӣ ба зидди мухолифон ва мунтақидон шуҳрат доранд. Онҳо худро “гуруҳи худҷӯши ҷавонони ватандӯст” меноманд, вале коршиносон мегӯянд, “абзори мубориза ба зидди мухолифин ҳастанд”.

Мардихудо Давлатов, ки худро роҳбари гуруҳи “Авангард” медонад, 13-уми октябр дар Фейсбук Фирӯзи Маҳмадуллоро танқид кард ва “ба рафторҳои ноҷавонмардона” муттаҳам намуд. Фирӯзи Маҳмадулло ба ин иддао посух надод, вале ҳамзамон иддао кард, ки чанд муддати ахир роҳбарии гуруҳи “Авангард”-ро ба уҳда дорад.

“АВАНГАРД" ЧӢ ГУНА ТАШКИЛ ШУД?

“Пешоҳанг” ё “Авангард”, ба навиштаи сомонаи гуруҳ, моҳи августи соли 2015 ташкил шудааст. Ҷаласаи аввали созмон дар бинои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва бо ҳузури вазир Рамазон Раҳимзода баргузор шудааст.

Дар оғоз ҳадафи ташкили гуруҳ мубориза бо ифротгароӣ номида мешуд, вале баъдан онҳо ба танқиди мунтақидони ҳукумат пардохтанд. Давоми панҷ соли ахир гуруҳ дар назди чанд сафорати кишварҳои ғарбӣ дар Душанбе низ бо ҳадафи “баргардондани террористон” аз Аврупо гирдиҳамоӣ кардааст.

Дар Тоҷикистон ташкили тазоҳуроти бе иҷоза манъ аст ва давоми дастикам 20 соли ахир ба ҳеч гуруҳ иҷозаи ин кор дода нашудааст. Ба ҷуз аз ҷамъ шудан дар назди сафоратҳо, аъзои гуруҳи “Авангард” дар чорабиниҳои Вазорати корҳои дохилӣ низ иштироки фаъол доранд ва аз дасти вазир Рамазон Раҳимзода низ туҳфаҳо гирифтаанд.

"ГУРУҲИ СИЁСӢ НЕСТ"?

Мардихудо Давлатов, ки худро роҳбари “Авангард” медонад, гуфт, онҳо ҷамъияти ихтиёрии ҷавонон ҳастанд. Ба қавли Давлатов, “ин ягон гуруҳи сиёсӣ нест, танҳо ҷавонони фаъоле ҳастанд, ки аз арзишҳои миллӣ ҳимоят мекунанд”.

Ин ҳарфҳо аз амалҳое, ки ҷонибдорону аъзои гуруҳи “Авангард” анҷом медиҳанд, фарқ дорад. Маводе, ки дар сомонаи гуруҳ ва ё аз ҷониби тарафдоронашон дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мешаванд, асосан баёнияҳои сиёсӣ ҳастанд. Аз ҷумла “маҳкум кардани ҲНИТ”, ё “муроҷиат ба Олмон барои баргардондани террористон”. Ин рафтори худро масъулони гуруҳ ҳамчун “ҳимояи манфиатҳои давлат” арзёбӣ мекунанд.

ПАНҶ СОЛИ ФАЪОЛИЯТ - БЕ САБТИНОМИ РАСМӢ

Фирӯзи Маҳмадулло, ки худро роҳбари гуруҳи «Авангард» мешуморад, гуфт, феълан беш аз 22 ҳазор узв доранд.

“Барои узв шудан ба гуруҳи «Авангард» тартиби соддаеро ҷорӣ кардем, ки ду дона акс ва маълумот оварда мешавад ва нусхаи шиноснома. Ҳозир боз хислатнома мепурсем. Гуруҳи “Авангард” як гуруҳи озоди худҷӯш аст. Дар давраҳое, ки фаъолияти мо лозим шавад, бароти суҳбату вохуриҳо ва ё корҳои шанбегӣ, ҷамъ мешавем. Чорабиниҳо мегузаронем ва боз ҳама аз пайи таҳсил мешавем. Зарурати дар ҳоли ҳозир сабт кардан ҳам набуд,” – шарҳ дод ӯ.

Аммо масъулони Вазорати адлия мегӯянд, бе сабтином ҳеч гуруҳ ҳаққи фаъолият надоранд. Як масъули раёсати бақайдгирии созмонҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсии Вазорати адлия рӯзи 14-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, “ба қайд нагирифта бошанд, наметавонанд фаъолият кунанд. Дар қонун ин чиз рӯшан ва фаҳмо нишон дода шудааст.”

"ҲАМКОРӢ МЕКУНАНД"

Сабтином нашудан, пуштибонии пайвастаи мақомот, истиқболи пурдабдаба дар ноҳияҳо шубҳаеро дар заминаи мустақил ё худҷӯш будани гуруҳи “Авангард” ба миён овардааст.

Бархе бо ишора ба фаъолияти наздики гуруҳ бо ВКД мегӯянд, ин гуруҳи ташкилкардаи вазорат аст, то дар лаҳзаҳои зарурӣ аз он истифода шавад. Дар сомонаи ВКД ҳам хабарҳои зиёде дар бораи фаъолияти гуруҳи “Авангард” нашр кардаанд. Масъулини ниҳод чунин чизеро рад карда, гуфтанд, “Авангард” ба онҳо робита надорад ва танҳо дар баъзе масъалаҳо ҳамкорӣ мекунанд.

Нусратулло Маҳмадзода, сухангӯйи Вазорати корҳои дохилӣ дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, инҳо ҷавонони фаъоли ҷомеа ҳастанд, ки бо ҳама идораҳои давлатӣ ҳамкорӣ мекунанд: “Ин зерсохтори ВКД нест ва ҳамчун ҷавонони фаъоли Тоҷикистон ҳастанд. Ҳамчун гуруҳи фаъоли ҷамъиятӣ барои тарғиби арзишҳои замони истиқлол.”

"ҶОЕ, КИ ХУДАШОН ОШКОРО ИҚДОМ КАРДА НАМЕТАВОНАНД…"

Ин дар ҳолест, ки дар гузашта баъзе аз талошҳои дигари ҷавонон барои гирдиҳам омадан дар як гуруҳ ноком шуда буд. Аз ҷумла, соли 2012 Далер Шарифов, рӯзноманигори тоҷик бо як гуруҳ аз ҷавонон созмони “Қадам ба қадам”-ро таъсис дод, ки ҳадафаш аз байн бурдани маҳалгароӣ гуфта мешуд, вале натанҳо сабтином нашуд, балки худи ӯ мавриди латукӯби арфоди ношинос қарор гирифт.

Абдуқодири Рустам, донишманди тоҷик, мегӯяд, ҳадаф аз таъсиси гуруҳҳое ба монанди «Авангард» дар он аст, ки мақомот мехоҳанд нишон диҳанд, дар миёни мардум бахусус ҷавонон ҷонибдори зиёд доранд. “Ҷое, ки худашон ошкоро наметавонанд иқдом кунанд, инҳоро пеш меандозанд, то ин корро анҷом диҳанд. Ба монанди он ки ба дарвозаи САҲА санг заданд. Ва инро мехоҳанд ҳамчун як назари мардум ба оламиён намоён кунанд”, -- афзуд ӯ.

Фаъолияти “Авангард” зоҳиран ҳоло хеле густурда мешавад ва ин гуруҳ дар бештари ноҳияҳо намояндагиҳои худро дорад. Аъзои гуруҳ ба ноҳияҳо мераванд ва онҳоро дар сатҳи расмӣ ва бо нону ширинӣ пешвоз мегиранд.

Чунин сафари аъзои “Авангард” ахиран ба ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд баҳсҳои зиёдеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён овард. Масъулони бахши ҷавонони ноҳияи Зафаробод гуфтанд, бо “супориши боло” ҷавонони “Авангард”-ро ботантана пешвоз гирифтанд. Аъзои созмонеро, ки панҷ сол боз ҳузур дорад, аммо дар ҷое сабтином нашудааст.

Шарҳҳоро бинед (43)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG