Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Узбекистон дар нуҳ моҳ қимати маҳсулот ва хадамот 6% гарон шудааст


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Ба иттилои Кумитаи омори Узбекистон, дар он кишвар болоравии қимати маҳсулот ва хизматрасонӣ дар моҳи апрели имсол мушоҳида шудааст. Дар он моҳ қимати маҳсулот якбора 1,7 дарсад афзудааст.

Тибқи ҳисоботи кумита, дар моҳҳои январ-сентябр қимати маҳсулоти ғизоӣ дар маҷмуъ 3,1 дарсад, маҳсулоти ғайриғизоӣ 2,1 дарсад, хизматрасонӣ 1,1 дарсад боло рафтааст.

Дар муқоиса бо моҳи сентябри соли гузашта қимати маҳсулоти ғизоӣ ва ғайриғизоӣ, инчунин хизматрасонӣ 7,5 дарсад, 2,8 ва 1,4 дарсад боло рафтааст.

Дар моҳи сентябр қимати гӯшт, гӯшти мурғ ва моҳӣ 3,8 дарсад гарон шудааст. Дар маҷмуъ, аз ибтидои соли ҷорӣ то кунун дар Узбекистон, қимати гӯшт 14,2 дарсад боло рафтааст.

XS
SM
MD
LG