Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сооронбой Ҷеенбеков, раиси ҷумҳури Қирғизистон аз мақомаш истеъфо дод. ВИДЕО


Сооронбой Ҷеенбеков

Сооронбой Ҷеенбеков, раиси ҷумҳури Қирғизистон, аз мақомаш истеъфо додааст, чун ба гуфтаи ӯ, сулҳу ваҳдат барои кишвараш "муҳимтар аз ҳаргуна мақом аст".

Дар баёнияи расмии Сооронбой Ҷеенбеков, ки рӯзи 15-уми октябр нашр шуд, омадааст: "Ман намехоҳам дар таърихи Қирғизистон ҳамчун раиси ҷумҳуре дар ёд монам, ки хуни шаҳрвандони худашро рехтааст."

Ҷеенбекови 62-сола аз 24-уми ноябри соли 2017 раиси ҷумҳури Қирғизистон буд. Вай дар гузашта ба ҳайси нахуствазир, вакили порлумон, соҳибкори хусусӣ ва мудири Хадамоти давлатии кадрҳо низ кор кардааст.

Сооронбой Ҷеенбеков баъд аз тазоҳуроти оммавӣ ба зидди натиҷаҳои интихоботи порлумонӣ (4-уми октябри имсол) истеъфо дод, ки дар он аксаран ҳизбҳои тарафдори ҳукумат пирӯз шуданд. Ӯ пештар аз истеъфо қарори порлумонро дар бораи интихоби Содир Ҷабборов (Ҷапаров) ба мақоми нахуствазир тасвиб кард.

"Дирӯз порлумон ҳайати ҳукуматро тасдиқ кард ва ман қарор дар бораи таъйини кадрҳоро имзо кардам. Аммо ин боис ба коҳиши шиддат нашуд. Мутаассифона, хушунат фурӯ наменишинад. Талаби истеъфои фаврии ман идома дорад. Вазъи кунунӣ ба ҷанги ду ҷониб наздик аст", - гуфт Ҷеенбеков дар муроҷиаташ рӯзи 15-уми октябр.

Президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков ба истеъфо рафт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:59 0:00

Вай афзуд, аз як сӯ эътирозгарон ва аз сӯйи дигар мақомоти қудратӣ қарор гирифтаанд: "Низомиён ва мақомоти қудратӣ вазифадоранд, ки барои муҳофизат аз қароргоҳи давлатӣ аз силоҳ кор гиранд. Дар чунин ҳолат хунрезӣ хоҳад шуд, аз ин ҷойи гурез нест. Ман аз ҳар ду ҷониб даъват мекунам, ки ба иғво дода нашаванд. Барои ман сулҳу оромӣ дар Қирғизистон, ягонагии кишвар, муттаҳидии мардум ва оромии ҷомеа аз ҳар чизи дигар болотар аст. Барои ман гаронтар аз ҳаёти ҳар сокини кишвар ҳеч чизи дигаре нест."

Ҷеенбеков аз Содир Ҷабборов (Ҷапаров) ва сиёсатмадорон дигар даъват кард, ки ҷонибдоронашонро аз пойтахт берун баранд ва ҳаёти осоиштаи сокинони Бишкекро таъмин кунанд.

Таъйини Содир Ҷабборов (Ҷапаров), ки барои одамрабоӣ ба зиндон маҳкум шуда буд ва тазоҳургарон ӯро шаби 6-уми октябр озод карданд, роҳро барои ҳалли буҳрони сиёсӣ дар Қирғизистон то ҷое боз мекунад.

Баъди интихоботи порлумонии рӯзи 4-уми октябр дар Қирғизистон тазоҳургарони хашмгин, ки мегуфтанд, дар интихобот тақаллубкорӣ шудааст, биноҳои давлатиро ишғол карданд ва Комиссияи интихоботӣ натиҷаҳои интихоботро беэътибор донист.

Сооронбой Ҷеенбеков дар яке аз аввалин баёнияҳояш пас аз тазоҳуроти оммавӣ гуфта буд, дар сурати таъйини ҳукумати нав ва ором шудани кишвар, аз мақомаш истеъфо медиҳад. Баъдан гуфт, ки омодааст, пас аз баргузории интихоботи нави порлумонӣ ба истеъфо равад.

Дар даврони пасошӯравӣ дар Қирғизистон се бор талоши бо роҳи хушунат тағйир додани қудрат, ду бор интиқоли мусолиматомези қудрат, беш аз 30 дафъа қисман ё пурра иваз шудани кобинаи вазирон бо шумули сарвазир, ҳафт бор Қонуни асосӣ ва ду бор шакли идораи давлат сурат гирифтааст.

Дар соли 2005 баъд аз эътирозҳои оммавӣ раисҷумҳури ин кишвар Аскар Оқоев (Акаев) аз мақомаш истеъфо дод. Баъд аз 5 сол, дар соли 2010, ин сарнавишт насиби Қурмонбек Боқиев шуд. Аввалӣ дар Русия ва дувумӣ дар Белорус аст.

Дар оғози имсол бо иттиҳоми фасод додгоҳ раисҷумҳури пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоевро ба 11 соли зиндон маҳкум кард. Эътирозгарон шаби 5 ба 6-уми октябр ӯро низ аз боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ озод карданд, вале ӯ пас аз чанд рӯз ва баъди иштирок дар тазоҳурот дубора дастгир шуд.

Шарҳҳоро бинед (27)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG