Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эҳтимол дорад, интихоботи порлумонии Қазоқистон онлайнӣ баргузор шавад


Вазири тандурустии Қазоқистон Алексей Сой гуфт, эҳтимол дорад интихоботи ояндаи порлумонии ин кишвар ба иллати идома ёфтани пандемияи коронавирус онлайнӣ баргузор шавад.

Алексей Сой 14 октябр дар як нишасти хабарӣ гуфт, дар ҳоли ҳозир бо назардошти вазъи эпидемиологӣ шаклҳои гуногуни раъйдиҳӣ коркард мешавад. Ба гуфтаи ӯ, вазорат бо Комиссияи марказии интихоботии Қазоқистон дар ин замина чандин ҷаласа баргузор кардааст.

"Вазифаи мо таъмини амнияти тиббӣ дар интихобот аст. Дар кадом шакле онҳо баргузор кунанд, барои мо муҳим иҷрои ҳамаи қоидаҳои беҳдоштӣ аст. Мо ҳама гуна имкони раъйдиҳӣ, онлайнӣ ва ҳузуриро баррасӣ дорем", - изҳор дошт ӯ.

Ахиран дар сомонаи дархостҳои иҷтимоии Аvaaz.org хитобае нашр шуд, ки зидди онлайн баргузор шудани интихоботи порлумонии Қазоқистон равона шудааст. Муаллифон аз президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев дархост кардаанд, ки интихоботи порлумонӣ дар давраи пандемия ба таъхир гузошта шавад.

"Таҷриба нишон дод, ки ингуна низоми интихобот то куҷо ношаффоф аст. Низоми рақамии мо ҳам аз нигоҳи техникӣ ва ҳам аз нигоҳи қонунгузорӣ ҳоло омода нест. Дар Конститутсия ва қонуни интихоботи Қазоқистон низоми раъйдиҳии онлайнӣ пешбинӣ нашудааст",-омадааст дар муроҷиатнома.

То ҳол зери ин хитоба 218 нафар имзо гузоштааст. Тибқи қонунҳои Қазоқистон, интихоботи ояндаи порлумонии ин кишвар набояд дертар аз 25 январи соли 2021 баргузор шавад.

XS
SM
MD
LG