Намояндагони кишварҳои Иттиҳоди Аврупо феҳристи таҳримшудаҳо аз рӯи қазияи заҳролудшавии сиёсатмадори мухолифи ҳукумати Русия Алексей Навалнийро таҳия карданд. Ба ин феҳрист шаш шахс ва як созмон шомил мешаванд. Рикард Йозвяк, хабарнигори Радиои Озодӣ бо такя ба манобеи худ мегӯяд, исми ин афрод ва созмон рӯзи панҷшанбе расман эълон хоҳад шуд. Нашрияи Le Monde қаблан навишт, ки ба феҳристи муқаддамотии афроди таҳримшаванда аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо нӯҳ нафар аз маъмурияти президенти Русия ва сохторҳои амниятии ин кишвар ворид шуданд. Қарори сиёсӣ дар заминаи муҷозот кардани Русия барои заҳролуд кардани Навалний рӯзи душанбе дар ҷаласаи аъзои Иттиҳоди Аврупо қабул шуд. Чанд озмоишгоҳи мустақили аврупоӣ ва баъдан Созмони манъи силоҳҳои кимиёӣ ҳам тасдиқ карданд, ки мунаққиди Кремл бо заҳри низомии навъи “Новичок” заҳролуд карда шуд. Раҳбарони аврупоӣ тақозо карданд, ки Русия қазияи заҳролудшавии Навалнийро таҳқиқ кунад, худи Навалний мегӯяд, ки дар сӯиқасд ба ҷони ӯ хадамоти вижа истодаанд ва онҳо бидуни огаҳии президенти Русия Владимир Путин амал карда наметавонистанд. Мақомоти Русия заҳролуд шудани сиёсатмадорро рад мекунанд ва мегӯянд, ки Навалний рӯзи 20-уми август бо нишонаҳои бемории дигар дар беморхона бистарӣ шуд. Навалний баъди анҷоми муолиҷааш дар Олмон давраи барқарорсозии саломатиро дар ҳамин кишвар идома медиҳад.