Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия даъвати Амрикоро ба “масдуд кардани созиши силоҳҳо” рад кард


Маршал Билингсли, фиристодаи вижаи ИМА дар умури назорати силоҳ
Маршал Билингсли, фиристодаи вижаи ИМА дар умури назорати силоҳ

Мақомоти ИМА ва Русия дар заминаи музокироти сари назорати аслиҳа мавзеи мухталифро ба намоиш гузоштанд ва бо ин, сарнавишти созиши нав чанд моҳ пеш аз анҷоми мӯҳлати санади кунунӣ номуайян боқӣ мемонад. Маршалл Биллингсли, фиристодаи ИМА дар масоили назорати силоҳҳо рӯзи 13-уми октябр гуфт, ки Вашингтону Маскав “усулан ба мувофиқа расиданд”, ки мӯҳлати амали созиши нави START ё қарордоди боздоштани силоҳҳоро то давраи номуайян нигоҳ бидоранд. Созиши соли 2020 шумори силоҳҳои ҳастаиро маҳдуд нигоҳ медорад ва қарор аст моҳи феврали соли оянда ба анҷом расад. Ин санад метавонад ба мӯҳлати панҷ соли дигар тамдид шавад. Биллингсли, ки ҳафтаи гузашта сафараш ба Осиёро бекор карда, ба шаҳри Ҳелсинкии Финляндия барои мулоқот бо муовини вазири хориҷаи Русия Сергей Рябков рафта буд, рӯзи 13-уми октябр дар сӯҳбаташ дар маркази таҳлилии Ҳеритейҷ дар Вашингтон ишора кард, ки ду ҷониб ба иттифоқи назар даст меёбанд. Вале Рябков ба ин изҳориназарҳои Биллингсли гӯё оби хунук рехт, чун ахиран гуфт, ки пешниҳоди мазкур “ғайри қобили қабул аст”. Дипломати рус гуфт, ки пеш аз интихоботи 3-юми ноябри ИМА Маскав ба тамдиди мӯҳлати амали созиши "New START” розӣ намешавад.

XS
SM
MD
LG