Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Тихановская аз Лукашенко хост, то 25 октябр аз мақомаш канор равад

Светлана Тихановская.

Номзади пешин ба мақоми президентии Белорус Светлана Тихановская гуфт, иштирокдорони ҳамоишҳои эътирозӣ дар ин кишвар ба Александр Лукашенко то 25 октябри соли равон муҳлат медиҳанд, ки ҳамаи талабҳоро иҷро кунад.

Тавре дар гуруҳи Тихановская дар Телеграм навишта шудааст, Лукашенко, ки бар асоси натиҷаи интихоботи 9 август дубора президенти Белорус эълом шуд, бояд то 25 октябр аз мақомаш канор равад. Ҳамчунин қатъи хушунат зидди тазоҳургарон ва раҳоии эътирозгарони боздоштшуда низ талаб шудааст.

Ба навиштаи Тихановская, агар ин талабҳо иҷро нашаванд, аз 26 октябр дар тамоми корхонаҳои давлатӣ корпартоии миллӣ оғоз шуда, тамоми роҳҳо баста хоҳанд шуд.

"Шумо барои иҷрои ин се шарт 13 рӯз муҳлат доред. Мо низ барои омода шудан 13 рӯз дорем", - навиштааст Тихановская. Ӯ иддаои мақомот дар бораи баргузории "муколама"-ро рад карда, амали онҳоро "террори давлатӣ" номид. Вай бори дигар аз кормандони мақомоти қудратию ҳифзи ҳуқуқи Белорус даъват кард, ки "ба ҷониби мардум гузаранд".

Дар Белорус ҳудуди ду моҳ инҷониб эътирозҳо идома доранд. Эътирозҳо баъди он оғоз шуд, ки Кумисюни марказии интихоботи Белорус дар интихоботи президентии 9-уми август Александр Лукашенкоро баранда эълон кард.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Зодаи Тоҷикистон барои латукӯби духтур баъди муоинаи ҳамсари ҳиҷобпӯшаш ба ҷавобгарӣ кашида шуд

Раиси Кумитаи тафтишотии Русия Александр Бастрикин гуфт, ки таҳқиқи қазияи аз ҷониби як марди 29-солаи тоҷик латукӯб шудани як пизишки русро баъди муоина кардани ҳамсари ҳиҷобпӯши ӯ таҳти назорати худ гирифтааст. Матбуоти Русия менависад, марди тоҷик ба авбошӣ бо истифода аз зӯроварӣ муттаҳам мешавад. Додгоҳ қарор кардааст, ки дар ҷараёни тафтишот Баҳриддин Азимов, ки зимнна шаҳрвандии Русияро дорад, аз ҳаққи тарки ҷои зист, сӯҳбат бо шоҳидон ва аз истифодаи воситаи алоқаву Интернет маҳрум мешавад. Назари худи Азимов ба ин қазия маълум нест.

Ҳодиса рӯзи 21-уми сентябр рух дод. Дар хабарҳо омадааст, ки баъди он ки як духтури пӯст ҳамсари ҳиҷобпӯши Азимовро муоина мекунад, ӯ ба утоқи пизишк даромада ба рӯяш ду мушт мезанад. Дар ҷараёни бозпурсӣ Азимов гуфтааст, ки духтур ҳангоми аз назар гузаронидани ҳамсараш ба ӯ «гап партофтааст ва пурсидааст, ки чаро халтаро ба сараш кашидааст». Гӯё ин ҳарфзо боиси хашми зодаи Тоҷикистон шудааст. Ҳоло ба ӯ то 300 ҳазор рубл ҷарима ва ё ҳукми зиндон таҳдид мекунад.

Даъват ба артиш аз рӯи Қонуни нави хидмати алтернативӣ дар Тоҷикистон

Даъвати сарбозон. Соли 2019

Ҳафтаи ҷорӣ дар Тоҷикистон мавсими даъватӣ тирамоҳӣ барои хидмат дар артиш оғоз меёбад, ки нахустин бор бар асоси қонуни нави хидмати алтернативӣ сурат мегирад. Ин навбат онҳое, ки намехоҳанд, хидмат кунанд, бо пардохти 25 ҳазору 200 сомонӣ ва тамрини якмоҳаи саҳроӣ соҳиби билети ҳарбӣ хоҳанд шуд. Фаридун Маҳмадилизода, сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон ба хабаргузории «Азия-Плюс» гуфтааст, маблағе, ки аз хидмати алтернативӣ ба даст меояд, барои нигаҳдорӣ, ғизо, либоси сарбозоне, ки ихтиёран ин навъи хидматро интихоб кардаанд, сарф мешавад. Ба гуфтаи ӯ, ин пул инчунин барои хариди аслиҳа, муҳимоти ҷангӣ барои эҳтиёткорон, маоши афсарон, таъмири қисмҳои низомӣ истифода мешавад. Маблағи боқимонда барои навсозии зерсохтори ҳарбӣ-техникии қувваҳои мусаллаҳи кишвар равона хоҳад шуд.

Роҳандозии хидмати алтернативиро иддае як роҳи қонунии халосӣ аз артиш арзёбӣ мекунанд, вале гурӯҳе аз эҳтимоли афзоиши фасод нигаронанд. Намояндагони Вазорати мудофиа исрор меварзанд, ки шаффофияти ин кор таъмин хоҳад шуд.

Феълан маълум нест, ки оё шумори хосторони хидмати алтернативӣ чанд аст.

Мирзиёв: Поккории марзи Тоҷикистон аз мина ҳосили "музокироти мушкил" бо Раҳмон буд

17-уми сентябри соли 2021, Душанбе. Мулоқоти президентони Тоҷикистону Узбекистон дар канори ҷаласаи сарони СҲШ

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев гуфтааст, баъди “музокироти мушкили” якунимсола бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон минаҳо дар марзи Тоҷикистону Узбекистон безарар карда шудаанд. Президенти Узбекистон дар ин бора 24-уми сентябр дар мулоқоташ бо интихобкунандагон дар вилояти Самарқанд изҳори назар кардааст. Ин як ҳолати камназир аст, ки раҳбари Узбекистон дар бораи минакорӣ шудани марз бо Тоҷикистони ҳамсояаш дар оғози солҳои 2000-ум ошкоро сӯҳбат кунад.

Мирзиёев номзадиашро ба интихоботи президентии моҳи октябри имсол пешбарӣ карда бори дуюм ҷӯёи курсии раёсатҷумҳурӣ мешавад. Ӯ дар мулоқот бо интихобкунандагон дар Самарқанд, ки макони зисти ҳазорҳо тоҷикон низ мебошад, ба навиштаи www.gazeta.uz гуфтааст, баъди музокироти мушкил ниҳоят ӯву Раҳмон "давоми се соат нишаста бо ҳам сӯҳбат кардаанд" ва дар ин мулоқот “99,9 фоийзи мушкилотеро, ки давоми 20 сол вуҷуд дошт, ҳал намуданд”. Мирзиёев зоҳиран аз ин беш сӯҳбат накардааст ва ҳам маълум нест, ки “мушкил” будани музокира дар чӣ ифода мешавад.

Вале мавзӯи минакорӣ шудани марз яке аз дардноктарин масъалаҳо барои Тоҷикистон буд, чун дар давоми 20 сол боиси куштаву захмӣ шудани беш аз 800 шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла кӯдакону занон гардид. Он замон президент Ислом Каримов гуфт, бо нигаронӣ аз хавфи гузаштани ҷангҷӯёни Ҳаракати Исломии Узбекистон марз бо Тоҷикистонро, ки тоза аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо шуда буд, минакорӣ мекунад, вале дар ин муддат аксар қурбониҳои ин қарор на ифротгароёну мусаллаҳон, балки сокинони мулкӣ буданд.

Шавкат Мирзиёев, ки соли 2016 баъди марги Каримов президент шуд, дар баробари тадбирҳои дигар, аз ҷумла, бо Тоҷикистон дар амри поккории минаҳои наздимарзӣ гурӯҳи корӣ таъсис дод.

Намояндаи Қазоқистон бо вазири "Толибон" мулоқот кард, вале аз гуруҳ ном набурданд

Алимхон Есенгелдиев ва Амирхон Муттақӣ, Кобул, 26-уми сентябри 2021

Алимхон Есенгелдиев, сафири Қазоқистон дар Афғонистон, рӯзи 26-уми сентябр бо вазири корҳои хориҷии "Толибон", Амирхон Муттақӣ, дар Кобул мулоқот кардааст.

Матбуоти маҳаллӣ навишт, ин тамоси нахустини мансабдори баландпояи Қазоқистон бо узви ҳукумати "Толибон" аст. Гуруҳе, ки фаъолияташ дар он кишвар мамнуъст.

Дар хабарномаи Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон низ номи гурӯҳи "Толибон" зикр нашуда, Муттақиро "иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷии ҳукумати муваққатии Афғонистон" ном бурдаанд. Муттақӣ дар ҳукумати пешинаи "Толибон" (солҳои 1996-2001) вазири иттилоот ва фарҳанг буд ва номаш дар "рӯйхати сиёҳ"-и Созмони Милал маҳфуз аст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон, ҷонибҳо "масъалаи таъмини ғизо ва ёриҳои дигари башардӯстонаро ба мардуми Афғонистон" баррасӣ кардаанд.

Қосимҷомарт Тоқаев, раиси ҷумҳурии Қазоқистон, ҳангоми суҳбат дар нишасти сарони Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой дар Душанбе (17-уми сентябр) хоҳони ташкили як марказ барои интиқоли ёриҳои башардӯстона ба Афғонистон шуда буд. Тоқаев гуфт, Қазоқистон омода аст, ин марказро дар шаҳри Алмато ташкил кунад.

Тибқи иттилои Оҷонси омори Созмони Милал, Қазоқистон дар соли 2019 ба Афғонистон ба маблағи 400 миллион доллар орду ғалла содирот кардааст. Ҳафтаи гузашта вазири кишоварзии Қазоқистон гуфт, кишвараш содироти гандуму ордро ба Афғонистон идома медиҳад.

Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон дар хабарномааш гуфт, раҳбари сиёсати хориҷии "Толибон" омодагии ҳукумати навро барои ба роҳ мондани муносибати хуб бо кишварҳои минтақа ва "пешгирӣ аз ҳар гуна таҳдид ба амнияти онҳо" баён доштааст.

"Толибон" дар нимаи моҳи августи имсол назорат бар Афғонистонро ба даст гирифт. Аз он замон то кунун кишварҳо дар эътирофу ба расмият шинохтани ин гуруҳ ҳамчун ҳокими нави Афғонистон ба мушкил дучор шудаанд.

Кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки бо Афғонистон ҳаммарзанд, дар навбати худ аз таҳдидҳои амниятӣ аз Афғонистон ва эҳтимоли сарозер шудани ҳазорҳо паноҳҷӯ нигарон ҳастанд. Намояндагони "Толибон" гуфтаанд, ба ҳамсояҳо таҳдиде вуҷуд надорад.

Ҳафтаи гузашта ду намояндаи баланлдпояи Қирғизистон низ дар Кобул бо раҳбарияти "Толибон" мулоқот ва ҳамкориҳоро баррасӣ карданд. Узбекистон аз ташкили ҳукумати "Толибон" истиқбол карда, ба Афғонистон ёрӣ фиристодааст.

Тоҷикистон ягона ҳамсояи Афғонистон аст, ки мухолифати худро бо "Толибон" ба таври ошкор баён кардааст. Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, ҷонибдори ташкили ҳукумати фарогир дар Афғонистон аст, ки дар он тоҷикон ҷойгоҳи шоиста дошта бошанд.

Пешбинии ҳавои чанголуд дар Тоҷикистон

28-уми октябри соли 2018 дар Душанбе ҳаво чанголуд буд

Ҳавошиносони тоҷик пешгӯӣ мекунанд, ки чанд рӯзи оянда дар саросари Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда омехта бо бору чангбод мешавад ва дар бархе манотиқ туман мефарояд. Пешбинӣ шудааст, ки аз 27 то 29-уми сентябр дар вилоятҳои Хатлону Суғд ва навоҳии тобеи марказ ҳаво чанголуд мешавад. Бинобар ин аз сокинон хоста мешавад, ки аз гаштугузори рӯзона, бахусус дар роҳҳои мошингузар худдорӣ кунанд, зеро ба саломатиашон зарар мерасонад. Инчунин ҳангоми иҷрои корҳои саҳроӣ, сохтмонӣ ва зимни сафар бояд эҳтиёт намоянд. Ин гуна ҳаво махсусан ба кӯдакон, пиронсолон, занони ҳомиладор ва одамони гирифтори бемориҳои роҳи нафасу дил таъсир мерасонад.

Пирӯзии сотсиал-демократҳо ва шурӯи муколамаи таъсиси ҳукумати эхтилофӣ

Дар интихоботи рӯзи 26-уми сентябри Олмон SPD ё Ҳизби сотсиал-демократ аз ҳизби ҳокими Ангела Меркел пеш гузашт. Бар асоси натиҷаҳои пешакии интихоботи парлумонии Олмон, ки 27-уми сентябр нашр шуд, ҳамакнун сотсиал-демократҳои ғолиб ва ҳам иттиҳоди ҳизбҳои росту марказгарои зери назари Меркел (Иттиҳоди масеҳиёну демократҳои Олмон ва Иттиҳоди иҷтимоии масеҳиёни Бавария) иддао карданд, ки ҳақ доранд ҳукумати баъдиро ташкил кунанд. Тафовути миёни овозҳои бурдаи онҳо калон нест. То замони ташкил шудани ҳукумати нави Олмон садри аъзам Ангела Меркел иҷрои вазифаашро идома медиҳад. Ба эҳтимоли зиёд, ҳукумати баъдии Олмон иборат аз се нирӯ, бо шумули ҳомиёни муҳити зист ва “Демократҳои озод” хоҳад шуд.

Бар асоси натиҷаҳои пешакии нашршуда аз ҷониби Комиссиюни федеролии интихоботҳо, SPD 25,7 дарсади овозҳоро ба даст овардааст ва яке аз раҳбарони он Олаф Шолтс шонси дастёбӣ ба курсии садри аъзами баъдии Олмонро дорад. Ӯ гуфт, ки ҳизбаш дар фикри эҷоди як ҳукумати “коромаду хубе” хоҳад шуд. Ангела Меркел баъди 16 соли кор дар мақоми раҳбари ҳукумати Олмон аз сиёсат канор меравад.

Италия мегӯяд, ба расмият шинохтани "Толибон" имкон надорад

Луиджи Ди Майо, вазири корҳои хориҷии Италия

Италия мегӯяд, ки ҳукумати "Толибон"-ро наметавон ба расмият шинохт, аммо ба афғонҳо бояд ёрӣ кард.

Хабаргузории "Ройтерз" ба нақл аз Луиджи Ди Майо, вазири корҳои хориҷии Италия, гузориш дод, ки гуфтааст, ҳукумат ба раҳбарии "Толибон" дар Афғонистон ба расмият шинохта намешавад, аммо ӯ аз кишварҳои ҷаҳон хост, то аз буҳрони иқтисодӣ дар ин кишвар пешгирӣ кунанд.

Ба гуфтаи Луиджи Ди Майо, агар бо афғонҳо дар Афғонистон кумак сурат нагирад, ин боиси муҳоҷирати васеи ғайриқонунӣ хоҳад шуд.

Вазири корҳои хориҷии Италия гуфтааст, ба расмият шинохтани ҳукумати "Толибон" дар Афғонистон ба хотире имконпазир нест, ки дар кобинаи онҳо 17 нафаре шомиланд, ки муттаҳам ба терроризм мебошанд. Аммо ӯ афзудааст, дар фароҳам кардани ёриҳои молӣ ба афғонҳо набояд таъхир сурат бигирад.

"Толибон" 15-уми августи имсол вориди Кобул шуда, қудратро дар Афғонистон ба даст гирифт. То ҳанӯз ҳеч кишвари ҷаҳон ба таври расмӣ ҳукумати "Толибон"-ро ба расмият нашинохтааст.

Қирғизистон гуфт, кони тилои "Қумтор" дар ду моҳ $90 млн даромад овардааст

Кони тиллои "Қумтор" дар Қирғизистон.

Дар моҳҳои июн-июли соли 2021 кони тилои "Қумтор" барои Қирғизистон 90 млн доллар фоида овардааст. Дар ин бора Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон рӯзи 25-уми сентябр хабар дод.

"Дар 21 сол мо аз "Қумтор" ҳамагӣ 84 млн доллар фоида гирифтем, аммо дар моҳҳои июн-июл ин даромад 90 млн долларро ташкил дод. Ана, дар куҷо ҳастанд пулҳои мо. Дороиҳои Қирғизистонро ғорат карданду дуздиданд. Мо фасодкории онҳоро ошкор кардем... Дар Қумтор ҳар моҳ 1,5-2 тона тило истихроҷ мешуд, ки тариқи ҳавопаймо ба хориҷ мебурданд. Айни замон ҳатто як грамм тило ба хориҷ бурда намешавад. Аз ҳисоби ҳамин Қирғизистони мо сарватманд мешавад, маблағ пайдо мегардад", - гуфт Тошиев.

Вай афзуд, ба ҷуз аз "Қумтор" дар ширкатҳои дигаре ҳам фасодкорӣ ошкор шудааст, ки ба кандани куҳҳо машғул ҳастанд.

Пештар аз ин вазорати иқтисод ва молияи Қирғизистон Оқилбек Жапаров гуфта буд, ки дар чаҳор моҳи охир дар кони тилои "Қумтор" 4,1 тона тило истихроҷ шудааст. Ба иттилои вазир, ин миқдор тило 61-62 млн доллар арзиш дорад.

Лавров гуфт, дар Шурои амният мавзуи ба расмият шинохтани Толибон матраҳ нашуд

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия

Вазири умури хориҷии Русия мегӯяд, ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҳоли ҳозир масъалаи эътирофи ҳукумати Толибонро баррасӣ намекунад.

Дар ҳошияи яке аз нишасти солонаи Маҷмаи умумии СММ рӯзи 25-уми сентябр Сергей Лавров, вазир умури хориҷии Русия гуфт, ки мавзуи коҳиши таҳримҳо нисбат ба Толибон дар Шӯрои амнияти ин созмон матраҳ нашудааст. Ба гуфтаи ӯ, аз касе низ дар нишасти Шӯрои амният нашунидааст, ки хостори бардоштани таҳримҳо нисбат ба Толибон шуда бошанд.

Русия яке аз панҷ узви Шӯрои амнияти СММ аст.

Толибон иддао доранд, ки раванди ба расмият шинохтани ҳукумати онҳо ба зудӣ аз сӯи бархе кишварҳо оғоз хоҳад шуд.

Бо гузашти наздик ба ду моҳ аз тасарруфи Афғонистон ҳанӯз ҳеҷ кишваре ҳукумати Толибонро ба расмият нашинохтааст.

Толибон аз тасмими СММ норизоӣ карданд

Суҳайл Шоҳин, сухангӯи дафтари Толибон дар Қатар

Толибон аз тасмими Созмони Милали Муттаҳид, ки ба онҳо иҷозаи суханронӣ дар нишасти солонаи Маҷмаи умумии ин созмонро надодааст, норизоӣ карданд.

Қаблан Толибон пешниҳод карданд, ки намояндаи онҳо дар Маҷмаи умумии СММ суханронӣ кунад, вале дархости онҳо қабул нашуд. Ҳоло қарор аст, намояндаи ҳукумати пешини Афғонистон дар ин созмон суханронӣ кунад. Маҷмаи умумии СММ соле як бор баргузор мешавад ва намояндагони кишварҳо дар он мавзуҳои муҳими ҷаҳонро матраҳ мекунанд.

Суҳайл Шоҳин, сухангӯи дафтари Толибон дар Қатар, ки аз ҷониби ҳукумати ин гуруҳ ба ҳайси намояндаи онҳо дар СММ пешниҳод шудааст, ба бахши дарии Радиои Озодӣ гуфтааст, "мо ҳимояти мардумӣ дорем ва ин созмон моро бояд ба расмият шиносад."

Қабл аз ин, дафтари матбуотии СММ хабар дод, ки дар Маҷмаи умумӣ Ғуломмуҳаммад Исҳоқзай, намояндаи ҳукумати пешини Афғонистон суханронӣ хоҳад кард.

Толибон, ки 15-уми август бидуни ҷанг Кобулро тасарруф карданд, ҳанӯз аз ҷониби ҳеҷ кишвару созмоне ба расмият шинохта нашудаанд.

Дар Русия рӯзе то 800 нафар аз КОВИД-19 мефавтанд

Яке аз беморхонаҳои Русия

Дар як ҳафтаи охир дар Русия ҳа рӯз беш аз 800 нафар аз КОВИД-19 мефавтанд. Шумораи гирифторон ба ин вирус аз моҳи август то кунун дар як шабонарӯз аз 20 ҳазор бештар аст.

Аз ҳама бештар дар Маскав ва Санкт-Петербург ба коронавирус гирифтор мешаванд.

Аз ибтидои оғози пандемия аз КВОИД-19 дар Русия беш аз 200 ҳазор нафар фавтидааст.

Дар Тоҷикистон дар як ҳафтаи ахир, мақомот мегӯянд, ҳеҷ ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирусро сабт накардаанд. Коршиносон ба ин бовар надоранд ва мақомоти тоҷикро ба пинҳонкорӣ айбдор мекунанд.

Ангела Меркел тарки сиёсат мекунад

Ангела Меркел, садри аъзами Олмон

Рӯзи 26-уми сентябр дар Олмон интихоботи порлумонӣ баргузор мешавад, ки пас аз 16 сол бори аввал дар он Ангела Меркел, садри аъзами ин кишвар ширкат нахоҳад кард.

Соли 2018 Ангела Меркел аз раҳбарии Ҳизби иттиҳоди масеҳӣ-демократӣ канор рафт ва эълон карда буд, ки пас аз хатми даври чоруми раҳбариаш аз сиёсат канор меравад.

Дар Олмон садри аъзамро, ки кишварро раҳбарӣ мекунад, шахсан интихоб намекунанд, балки раҳбаре ҳизбе ба ин мақом мерасад, ки дар порлумон аз ҳама бештар аъзоёнаш ҷой мегиранд.

Ҳоло барои ин мақом се номзад рақобат мекунанд, ки чандон маъруф нестанд. Армин Ланшет, намояндаи Ҳизби иттиҳоди масеҳӣ-демократӣ, Олаф Шолтс, муовини садри аъзам ва узви ҳизби сотсиал-демократӣ ва Анналена Бербок аз ҳизби “Сабзҳо” вориди рақобат шудаанд.

Дар Маскав барои таваллуди тифл 20 ҳазор рубл ваъда доданд

Яке аз таваллудхонаҳои Русия

Шаҳрдории Маскав барои таваллуди ҳар тифли навзод дар ин шаҳр 20 ҳазор рубл ваъдаи кумак кардааст.

Барои чунин кумак солона то 700 миллион рубл пешбинӣ шудааст. Дар ин бора хабаргузории маҳалии Readovka хабар додааст.

Хабарнигорони нашрия дар деворҳои таваллудхонаҳои шаҳри Маскав овезаҳоеро бо чунин навиштаҷоти таблиғотӣ, ки ба волидайни ҳар кӯдаки навзод 20 ҳазор рубл пардохт мешавад, мушоҳида кардаанд. Чунин эълон дар сомонаи “Таваллуд дар Маскав” низ дида мешавад, ки ба забонҳои сокинони кишварҳои Шӯравии пешин, аз ҷумла тоҷикӣ низ тарҷума шудааст.

Ҳанӯз моҳи феврали соли 2020 ҳукумати шаҳри Маскав гуфта буд, ки ба волидайни ҳар кӯдаки навзод кумакпулӣ медиҳанд. Дар сурате, ки як зан ду ё се тифл таваллуд кунад, он гаҳ ҳаҷми кумак ба маротиб бештар хоҳад шуд.

Дар Русия ҳудуди як миллион муҳоҷири тоҷик кору зиндагӣ мекунад. Пештар, аксаран мардон ба муҳоҷират мерафтанд, вале солҳои ахир муҳоҷирати оилавӣ аз Тоҷикистон ба Русия афзоиш ёфтааст. Коршиносон мегӯянд, маҳз шароитҳои беҳтари иҷтимоӣ ва имтиёзҳо муҳоҷиратро ба ин кишвар афзоиш додааст.

Мақомоти шаҳри Маскав ба коммунистҳо ҳушдор дод ба гирдиҳамоӣ даъват накунанд

Полиси шаҳри Маскав Ҳизби коммунистро ҳушдор дод, ки сокинонро ба гирдиҳамоии эътирозӣ зидди натиҷаҳои интихобот рӯзи 25-уми сентябр даъват накунад.

Ба гуфтаи ду тан аз номзади коммунистҳо, танзимгари расонаҳои Русия "Роскомнадзор" ба ноширони вебсайти ин ҳизб дастур додааст, ки навиштаҷот дар бораи ин чорабиниро пок кунанд. Шубҳаҳо дар шафоф будани интихобот миёни рақибони ҳизби ҳокими "Русияи Воҳид" ва нозирони хориҷӣ боқӣ мондааст. Ин дар ҳолест, ки дар интихоботи вакилони Думаи Давлатӣ аз 17-ум то 19-уми сентябр номзадҳои мухолифин роҳ наётанд ва иддао мешавад қонуншиканиҳо ба муттафиқони президент Владимир Путин имкон дод, ки аксарияти курсиҳоро дар парлумон ба даст оранд.

Аммо Кумиссиюни Марказии Интихоботии Русия (КМИР) рӯзи 24-уми сентябр эълон кард, ки натиҷаҳои интихоботро тасдиқ кардааст. Раиси КМИР Элла Памфилова эълом дошт, ки "Русияи Воҳид" дар парлумон 324 курсӣ ба даст овардааст, ки нисбат ба соли 2016 19 адад камтар аст. Аммо ин курсиҳо барои тағйири Конститутсия ватаҳкими қудрати қудрати Путин дар пешорӯи интихоботи президентии соли 2024 кифоя аст.

Коммунистҳо исрор меварзанд, ки чорабинии рӯзи 25-уми сентябри онҳо як маҷлиси вакилон аст ва аз ин рӯ иҷозати расмӣ талаб намекунад. Аммо шаҳрдории Маскав, додситонӣ ва пулиси шаҳр ҳушдор доданд, ки ба ташкили ин ҳамоиш иҷозат дода нашудааст ва гуфтанд, ки ширкаткунандагони он ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд.

Байден нишасти сарони "Чаҳоргонаи нигарон аз Чин"-ро мизбонӣ кард

Ҷо Байден дар Маҷмаи умумии СММ

Президенти ИМА Ҷо Байден рӯзи 24 сентябр раҳбарони Австралия, Ҳиндустон ва Ҷопонро дар Кохи Сафед мизбонӣ кард. Бо назардошти нигарониҳои муштараки онҳо аз Чин ин мулоқот сароғози Чаҳоргонаи нав унвон шудааст. Дар он таъкид шуд, ки ҳавзаи Ҳинду Уқёнуси Ором бояд озод, босубот ва боз боқӣ монад. Ҳарчанд нигарониҳо аз Чин дар суҳбатҳои расонаии ин роҳбарон садо надод, ба эҳтимоли қавӣ амалкардҳои Пекин ва ҳамкории стратегии чаҳор кишвари пешрафтаи демократӣ дар маркази диққат буданд.

Байден гуфт, Чаҳоргона дар ҷабҳаи аввали мушкилоти ҷаҳонӣ қарор хоҳад дошт.
"Мо чаҳор демократияи бузурги дорои таърихи тӯлонии ҳамкорӣ ҳастем. Мо медонем, ки корҳоро чӣ гуна бояд анҷом диҳем ва мо ба мушкилот дастболо хоҳем буд,"-- гуфт ӯ.

Сарвазири Австралия Скотт Моррисон ба ӯ ҳамовоз шуд: "Мо демократияҳои либералӣ ба назми ҷаҳонӣ бовар дорем, ки озодиро афзал медонанд, ҳамин гуна ба бозу озод будани минтақаи Ҳинду Уқёнуси Ором бовар дорем, зеро медонем, ки маҳз ҳамин чиз минтақаи қавӣ, устувор ва шукуфонро таъмин мекунад".

Ибораи "минтақаи бозу озод" ба нигарониҳои муштарак аз афзоиши нуфузи иқтисодӣ ва низомии Чин дар минтақа ишора мекунад. Дар эъломияи якҷоя пас аз музокирот, раҳбарони чаҳор кишвар қавл доданд, ки як минтақаи бозу озод ва "сарбаланд"-и Ҳинду Уқёнуси Оромро дунбол хоҳанд кард.

Ҳамчунин интизор мерафт, ки дар ҳамоиш пешрафтҳо дар тавлиди эмҳои зидди COVID-19, зербино, тағирёбии иқлим ва ҳамкориҳои технологӣ низ баррасӣ шаванд. Пеш аз нишасти чаҳорҷониба, сарвазири Ҳиндустон Нарендра Модӣ бо Байден бори аввал рӯбарӯ мулоқот кард.

Русия Валентина Чупик, ҳомии муҳоҷирони кориро 30 сол аз ҳаққи вуруд маҳрум кард

Валентина Чупик, роҳбари созмони "Тонг-ҷаҳонӣ"

Марзбонони Русия Валентина Чупик, роҳбари созмони "Тонг ҷаҳони" ва ҳомии шинохтаи муҳоҷирони кориро ҳангоми бозгашт аз Арманистон дар фурдугоҳи Шереметево ба қаламрави ин кишвар роҳ надодаанд. Ба Чупик хабарномае додаанд, ки дар он гуфта мешавад, вуруди ӯ ба қаламрави Русия то соли 2051 манъ шудааст.

Муҳаммад Собиров, яке аз ҳамкорони Валентина Чупик рӯзи 25-уми сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Валентина ҳамроҳи як корманди дигари ин созмон бо як сафари корӣ ба Арманистон рафта буданд.

"Вақти бозгашт шаби 24-уми сентябр дар фурудгоҳи Шереметево нагузоштаанд ӯ аз марз гузарад ва ба ӯ огоҳинома додаанд, ки то соли 2051 ӯ ҳаққи ворид шудан ба Русияро надорад",- гуфт Собиров.

Ӯ афзуд, то ба ҳол намедонанд, ки Чупик дар куҷои фурудгоҳ нигоҳ дошта мешавад ва талош доранд макони нигоҳдории ӯро пайдо кунанд. Хабари манъи вуруди ӯро ба Русия ҳамсафари ӯ ба дигар ҳамкорон расонидааст.

Валентина Чупик, шаҳрванди Узбекистон буда, як сол пеш дар Русия санади паноҳандагиро ба даст овардааст. Ҳоло ҳамкорон ва ҳампешагони ӯ нигаронанд, ки имкон дорад мақомоти Русия ӯро ба Узбекистон истирдод кунанд ва ӯ дар ин кишвар мавриди озору азияти кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шавад.

Бархе аз ҳампешагони Чупик навиштанд, ки ихроҷи Валентина Чупик аз Русия ва бекор кардани санади паноҳандагиаш як навъ "интиқоми мақомоти Русия барои дифоъ аз ҳуқуқи муҳоиҷрони корӣ аст".

Валентина Чупик, танҳо ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия нест, ки мақомоти ин кишвар ихроҷ мекунанд. Тайи чанд соли охир чанде аз ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик, аз ҷумла Каромат Шарипов, роҳбари "Созмони муҳоҷирони кории тоҷик", Иззат Амон поягузори созмони "Тоҷикон" дар Маскав, ки аз ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дифоъ мекарданд бо баҳонаҳои гуногун аз қаламрави Русия ихроҷ шуданд.

Аҳмад Масъуд: "Толибон кишвари моро ба паноҳгоҳи терроризми байналмилалӣ табдил додаанд"

Пас аз чанд рӯзи хомӯшӣ Аҳмад Масъуд, роҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар Афғонистон бо нашри як паёми савтӣ ба ширкатдорони конфронси бахшида ба падараш Аҳмадшоҳ Масъуд дар донишгоҳи Оксфорди Британия аз худ дарак дод. Паёми ӯ рӯзи 24-уми сентябр дар саҳифааш дар шабакаи иҷтимоии Ютуб нашр шуд.

Дар ин паём Аҳмад Масъуд Толибонро як "гурӯҳи экстремистӣ" хонд ва гуфт ҷонибдори ғайримутамарказ кардани низоми сиёсиву идорӣ дар Афғонистон аст, то ҳама ақвоми сокини Афғонистон имкони интихоби роҳбари худ ва таъсиргузорӣ дар таъини сиёсатҳоро дошта бошанд.

Ӯ гуфт, "бовар дорем, ки ғайримутамарказ кардани низоми сиёсиву идорӣ (дар Афғонистон) беҳтарин роҳ барои оянда мебошад. Дар заминаи чунин низом ақвоми бумӣ имкон хоҳанд дошт ки роҳбарони маҳаллии худро интихоб кунанд ва онҳо дар назди сокинон ҳисоботдиҳанда бошанд. Дар ин сурат сокинон имкон хоҳанд дошт, дар таъини сиёсатҳо дар маҳали скунати худ иштироки фаъол дошта бошанд.”

Аҳмад Масъуд афзуд, ки падараш Аҳмадшоҳ Масъуд низ ҷонибдори чунин низом буд, ки шараф ҳайсият ва адолати иҷтимоиро барои ҳамагон таъмин кунад.

Дар идомаи ин паём, ӯ гуфт падараш зидди режимҳои мустамликавӣ ё ҳукумати гурӯҳои экстремистие мисли Толибон мубориза мебурд. Ба гуфтаи Аҳмад Масъуд, Толибон аз рӯзи дигарбора ишғол кардани ҳукумат дар Кобул " бо идомаи террору тахрибкорӣ ва кирдорҳои ваҳшиёна бори дигар ҷомеаҳои гуногунро гирифтор карданд. Онҳо зидди ҳуқуқҳои бунёдии занон ва таҳсили духтарон ҳастанд. Толибон кишвари моро ба паноҳгоҳи терроризми байналмилалӣ табдил доданд.”

Ба гуфтаи Аҳмад Масъуд, ба он хотир Ҷабҳаи муқовимати миллиро ташаккул дод, ки ормонҳои падарашро идома диҳад ва орзӯи мардуми Афғонистонро амалӣ созад.“Ҳадафи ҷабҳа озодии Афғонистон, дифоъ аз ҳуқуқи худ, амният ва эҳтиром ба мероси фарҳангиву таърихӣ аст",- иброз дошт ӯ.

​Қабл аз хуруҷи нерӯҳои Амрико ва ҳампаймононаш аз НАТО аз Афғонистон Толибон рӯзи 15-уми август ҳукуматро дар Кобул ишғол карданд. Раисҷумҳур Ашраф Ғанӣ аз кишвар фирор кард.

Ҷомеаи байналмилалӣ дар эътирофи ин гурӯҳи тундрав ба ҳайси ҳокими Афғонистон дар дуроҳа аст. Дар айни замон, Мулло Муҳаммад Ҳасан Охунд, иҷрокунандаи вазифаи раиси ҳукумати "Толибон", рӯзи 21-уми сентябр дар Кобул бо намояндагони Русия, Чин ва Покистон мулоқот кард. Аввали ҳафтаи ҷорӣ президенти Узбекистон дар Маҷмаи умумии Созмони Милал дар Ню-Йорк гуфт, ин кишвари Осиёи Марказӣ интиқоли нафту барқро ба Афғонистон аз сар гирифтааст.

Дар ҳамин ҳол, кишварҳои Осиёи Марказии ҳаммарз бо Афғонистон аз таҳдидҳои амниятӣ ва эҳтимоли омадани даҳҳо ҳазор гуреза аз Афғонистон дар ташвиш ҳастанд. "Толибон" кӯшиш дорад, итминон диҳад, ки ба кишварҳои ҳамсоя ҳеч таҳдид надорад.

Туробӣ гуфт, "Толибон" аз буридани даст ва ҳукми қатл даст намекашад

Мулло Нуриддин Туробӣ

Мулло Нуриддин Туробӣ, яке аз поягузорон ва вазири адлияи ҳукумати гузаштаи "Толибон", дар суҳбат бо хабаргузории "Ассошиэйтед Пресс" гуфтааст, ки гуруҳ аз ҷазоҳое ба монанди буридани даст ва ҳукми қатл ё эъдом даст намекашад.

Намояндагони "Толибон" дар даври гузаштаи ҳокимияташон дар Афғонистон (аз 1996 то 2001) дар ҳузури ҳазорон нафар, асосан дар майдонҳо, гунаҳкоронро эъдом мекарданд. Аммо Туробӣ гуфтааст, мумкин аст, ин дафъа муҷримон дар ҳузури мардум муҷозот нашаванд.

Ин намояндаи "Толибон" гуфтааст, нигарониҳои кишварҳои хориҷиро аз иҷрои ҳукми қатл намепазиранд ва ҳушдор додааст, ки ҷаҳон бояд ба умури дохилии ҳукумати "Толибон" дар Афғонистон дахолат накунад.

"Ҳеч кас ҳақ надорад, ба мо бигӯяд, ки қонунҳои мо чӣ гуна бояд бошанд. Мо қонунҳои худро бо пайравӣ ба Ислом ва Қуръон таҳия мекунем", - гуфтааст Мулло Нуриддин Туробӣ.

Аз замони ғасби ҳукумат дар Кобул дар 15-уми августи имсол ҷомеаи ҷаҳонӣ ба амалкарди "Толибон" назорат мекунад, ки оё қонунҳои золимонаи худро ба мисли солҳои 90-ум бақарор мекунад ё хайр.

Зиндоние, ки шиканҷаи пеш аз қатли варзишгари эрониро дидааст, даргузашт

Шоҳин Носирӣ аз дохили зиндон нақл кард, ки шоҳиди шиканҷаи пеш аз марги варзишгар Навид Афкорӣ шудааст

Мақомоти эронӣ тасдиқ карданд, ки Шоҳин Носирӣ, як зиндоние, ки иддао кардааст пеш аз иҷро шудани ҳукми қатли гӯштигир Навид Афкорӣ дар оғози соли ҷорӣ шоҳиди шиканҷа шудани ӯ будааст, даргузашт. Мақомоти зиндонҳо рӯзи 23-юми сентябр гуфтанд, ки сабаби марги Носирои, ки дар зиндони "Теҳрони бузург" рух додааст, таҳқиқ мекунанд. Ду рӯз пеш аз ин як созмони Ҳуқуқи башари Эрон, воқеъ дар Осло бо нашри гузорише гуфт, ки “Носирӣ баъди интиқолаш ба утоқи якҳуҷраӣ дар шароити мармуз даргузашт”. Ин созмон гуфт, ки дар солгарди ҳукми қатли Афкорӣ, ки барои куштори як афсари амниятӣ дар эътирозҳои зиддиҳукуматии соли 2018 ба ҳукми қатл маҳкум шуд, Носириро ба макони номуайян интиқол доданд.

Афкорӣ 12 сентябри соли 2020 ба дор овехта шуд ва ин кори мақомоти эронӣ маҳкумиятҳои ҷомеаи байналмилалиро ба бор овард. Ҳомиёни ҳуқуқ гуфтанд, ки Афкорӣ шиканҷа шуд ва баъди ин иттиҳомоти дурӯғинро ба гардан гирифт. Вакили дифои ӯ гуфт, ки исботи гунаҳгор будани ӯ вуҷуд надорад. Мақомот шиканҷа шудани Афкориро рад мекунанд.

Навид Афкорӣ, гӯштигири эронӣ барои куштори як ходими амниятӣ ба ҳукми қатл маҳкум шуд ва соли гузашта ҳукми ӯ иҷро гардид. Ҳукми ин варзишгари қаҳрамони миллӣ маҳкумияти ҷомеаи ҷаҳониро ба бор овард
Навид Афкорӣ, гӯштигири эронӣ барои куштори як ходими амниятӣ ба ҳукми қатл маҳкум шуд ва соли гузашта ҳукми ӯ иҷро гардид. Ҳукми ин варзишгари қаҳрамони миллӣ маҳкумияти ҷомеаи ҷаҳониро ба бор овард

Баъди ин ҳодиса Носирӣ иддао кард, ки шоҳиди латукӯби шадиди Афкорӣ аз ҷониби ду марди ҳузарби либоси мулкипӯш шуд ва шунид, ки Афкорӣ дод мезад. Дар як паёми садоие, ки Радио Фардо ба даст овардааст, Носирӣ нақл мекунад, ки шоҳиди “як шиканҷаи монанд ба асри миёнаи”-и Афкорӣ шудааст. Ӯ инчунин гуфтааст, ки мақомот ба ӯ таҳдид карданд, ки дар бораи марги Афкорӣ лаб накушояд.

Мақомоти зиндонҳои Эрон дар як изҳорот навиштанд, ки Носирии маҳкумшуда барои тақаллуб ва дуздӣ баъди 45 дақиқаи ба беморхонаи зиндон интиқол ёфтанаш ва бо вуҷуди ёрии зарурии тиббӣ гирифтанаш даргузашт. Мақомот гуфтанд, ки сабаби марги ӯро таҳқиқ мекунанд. Манобеъ гуфтанд, ки Носирӣ аз ҳеҷ дарде шикоят надошт.

Созмони “Афви байнулмилал” дар гузорише рӯзи 15-уми сентябр гуфт, аз оғози соли 2010 то кунун марги мармузи 72 нафар дар зиндонҳои Эрон сабт шудааст, вале ҳеҷ як мақомдор барои ин ҳодисаҳо ба ҷавобгарӣ кашида нашудааст.

Дар Элбруси Русия панҷ кӯҳнавард кушта шуд

Кормандони вазорати ҳолатҳои изтирории Русия дар амалиёти наҷот иштирок мекунанд. 23-юми сентябри соли 2021, ҷумҳурии Қабардину Балқор, минтақаи Қафқози Шимолӣ

Дар Русия аз миёни 19 кӯҳнаварде, ки талош карданд қуллаи баландтарини Элбрусро фатҳ кунанд, панҷ нафарашон куштаву 11 нафарашон захмӣ шуданд. Ин гурӯҳ шоми 23-юми сентябр дархости наҷот карда буданд. Дар ин гурӯҳ, ба иттилои Интерфакс, намояндагони 11 минтақаи Русия аъзо буданд. 14 нафарашонро дар амалиёти ҷустуҷӯ, ки бо ширкати 70 наҷотбахшу 16 васоили нақлиётӣ барпо шуд, зинда пайдо карданд. Фарзияи пешакии сабабҳои фоҷеа бад шудани ҳаво ва бориши зиёди барфу тӯфон гуфта мешавад. Шоми панҷшанбе суръати бод 40 метр дар сония ва ҳарорати ҳаво минус 20 дараҷа Селсияро ташкил медод. Барфу тӯфон имкони диданро ҳам мушкил кард ва кӯҳнавардон танҳо фосилаи 1 метр аз ҳамдигарро ба сахтӣ дида метавонистанд, менависад Радио Свобода. Ҳеҷ яке аз ҳайати гурӯҳ кӯнаварди касбӣ набудааст.

Аризаи фатҳи қуллаҳои Элбрусро ин гурӯҳ аз қабл дар вазорати ҳолатҳои изтирории Русия сабт карда, ҳангоми ирсоли занги хатар ва дархости наҷот дар баландии 5400 метр дар сатҳи баҳр қарор доштааст.

Элбрус дар ҳудудҳои Қафқози Шимолӣ ҷойгир буда, яке аз маконҳои маъруф дар миёни кӯҳнавардони ҷаҳон ба шумор меравад.

Эрдуғон гуфт, ки чаро муносибати Амрико бо Туркия бад шуд

Раҷаб Таййиб Эрдуғон

Раҷаб Таййиб Эрдуғон, президенти Туркия, рӯзи 23-юми сентябр дар шаҳри Ню-Йорки Амрико гуфт, самти кунунии муносибатҳои амрикоиву туркӣ "хушиеро ба бор намеорад".

Эрдуғон афзуд, муносибатҳои Анкара бо ҳукумати президенти нави Амрико Ҷо Байден "аз қадамҳои дуруст шуруъ нашуданд". Вай гуфт, агар Иёлоти Муттаҳида ҳамчун узви НАТО ба Туркия дар амри тақвияти ниёзҳои мудофиааш ёрӣ нарасонад, Туркия метавонад, ба кишварҳои дигар муроҷиат кунад.

Нашрияи Haberturk бо нақли қавл кардани суханони Эрдуғон навишт, мушкилӣ дар муносибатҳои ду кишвар, мумкин аст, дар пайи норизоии Вашингтон аз хариди низоми зиддимушакии С-400-и русӣ аз сӯи Туркия сар зада бошад.

"Ман наметавонам, бигӯям, ки дар равобити Туркияву Амрико раванди солим идома дорад", - гуфт Эрдуғон дар суҳбат бо рӯзноманигорон дар Ню-Йорк.

Ҳукумати Доналд Трамп, президенти пешини Амрико, баъди аз сӯи Туркия харида шудани низоми зиддимушакии русӣ нисбат ба Анкара таҳрим ҷорӣ кард.

Баъзе аз коршиносон мегӯянд, низоми зиддимушакии С-400 ба ҳавопаймоҳои F-35 хатар эҷод мекунад. F-35 аз сӯи НАТО ва Амрико истифода мешавад. Ин ҳавопаймоҳо дар Туркия низ истеҳсол мешаванд.

Русия барои ҳар навзоди муҳоҷирон дар Маскав 20 000 рубл медиҳад

Яке аз таваллудхонаҳои Русия

Шаҳрдории Маскав барои ҳар фарзанди таваллудшудаи муҳоҷирони корӣ дар пойтахти Русия 20 ҳазор рубл медиҳад. Ба иттилои сомонаи "Readovka", солона аз буҷаи Маскав барои ин навъи пардохтҳо 700 миллион рубл харҷ мешавад.

Рӯзноманигорони расона дар таваллудхонаҳои пойтахти Русия навиштаҳоеро дар бораи пардохти 20 ҳазор рубл барои ҳар як кӯдаки муҳоҷир бо забонҳои гуногуни хориҷӣ, аз ҷумла англисӣ, озарӣ, ветнамӣ, тоҷикӣ, дарӣ, узбекӣ, туркманӣ, қазоқӣ ва қирғизӣ дидаанд.

Шаҳрдории Маскав моҳи феврали соли 2020 дар сомонаи расмии худ қарореро нашр кард, ки бар асоси он, ба волидони навзодон дар таваллудхонаҳои пойтахти Русия 20 ҳазор рубл ва туҳфа дода мешавад.

Дар сурати таваллуд шудани ду тифл ва ё зиёда аз он миқдори кумакпулӣ сари ҳар як кӯӯдак ҳисоб карда мешавад.

Дипломати амрикоӣ ба нишони эътироз аз бӯҳрони муҳоҷират истеъфо дод

Даҳҳо ҳазор паноҳҷӯи ҳаитӣ зери як пули Техас хайма задаанд

Фиристодаи ИМА барои Ҳаитӣ ба нишони эътироз аз ихроҷи ҳазорҳо паноҳҷӯи ин кишвар дар Амрико истеъфо дод. Давоми чанд рӯзи гузашта шаҳрвандони ин кишвари соҳилҳои Карриб дар Техаси Амрико ҷамъ шуда, бархе дархости паноҳандагӣ дар ИМА кардаанд. Даниэл Фут, дипломати собиқадор вазъи Ҳаитиро бо истилоҳи як “давлати суқуткарда” тасвир карда гуфт, ки ин кишвар ҳоло наметавонад ба мушкилоти муҳоҷирони баргашта расидагӣ кунад. Дар номае, ки Фут ба унвонии Котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен рӯзи 23-юми сентябр навишт, гуфт, “Ман бо қарори ғайриинсонӣ ва носозгори ИМА оид ба ихроҷи ҳазорҳо паноҳҷӯёну муҳоҷирони ғайриқонунии ҳаитӣ ҳеҷ умумияте доштан намехоҳам”.

Нед Прайс, сухангӯи Департаменти давлатӣ интиқодҳои Футро рад карда гуфт, ки ин дипломат шароити истеъфояшро ба шакли дигар шарҳ додааст. Ӯ гуфт: “Ӯ натавонист бо имкониятҳои васее, ки дошт, дар замони ишғоли вазифааш натавонист дар заминаи паноҳҷӯён изҳори нигаронӣ кунад ва ба ҷои ин қарор кард, ки ба истеъфо равад”.

Ҳаити дар ғарби сайёра кишвари фақиртарин ба ҳисоб меравад. Моҳи июл президенти ин кишвар кушта шуд ва моҳи август зилзилаи пурқурбоние рух дод.

Баъди ин ҳодисаҳо тахминан 150 ҳазор нафар аз ин кишвар ба хоки ИМА гузашта, зери пули калони Дел Риои Техас хайма заданд. Баъди он ки ба матбуот ва шабакаҳо саҳнаҳои бархӯрди шадиди марзбонони аспсавор бо паноҳҷӯён роҳ ёфт, бӯҳрон пуршиддат шуд. Вазорати амнияти дохилии ИМА гуфт, ки Амрико 1400 паноҳҷӯро ба кишварашон баргардонид ва беш аз 3200 нафари дигарро аз хаймаҳо берун кард.

Раиси Оҷонсии СММ оид ба паноҳандагон аз ихроҷи дастаҷамъии паноҳҷӯёни ҳаитӣ изҳори нигаронии амиқ кард ва гуфт, ки ихроҷи онҳо бидуни санҷиши ҳолату вазъияташон “дар ихтилоф бо қонунҳои байналмилалӣ” аст.

Тоҷикистон наврасони боздоштшудаи қирғизро раҳо кардааст

Акс аз бойгонӣ

Тоҷикистон дар натиҷаи музокирот ду хонандаи мактаберо, ки 23-юми сентябр дар минтақаи номуайяни марзӣ бо Қирғизистон дастгир шуда буданд, озод кардааст.

Бино ба иттилои Хадамоти марзбонии Қирғизистон, ду навраси 16-сола 23-юми сентябр дар марз бо Тоҷикистон ба қочоқбарон кумак мекарданд. Дар ҳамин ҳол, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон онҳоро дар минтақаи номуайяни марзӣ боздошт кардаанд.

Раҳбарони вилоятҳои Бодканди Қирғизистону Суғди Тоҷикистон дар гузаргоҳи "Кулунду" бо иштироки раҳбарони ниҳодҳои маҳаллии қудратӣ мулоқот кардаанд. Ҷониби Тоҷикистон дар натиҷаи гуфтугӯ наврасони боздоштшударо озод кардааст.

Ин дар ҳолест, ки чанде аз сокинони деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳ дар Исфара рӯзи 23-юми сентябр хабар доданд, ки як гуруҳ аз бошандагони деҳаи Куктоши Қирғизистон кӯдакони тоҷикро "ҳангоми бозгашт аз мактаб бо санг задаанд".

Ба иттилои манобеи Радиои Озодӣ, ба камияш ду нафар дар бемористони марказии шаҳри Исфара бистарӣ шудаанд, вале сабаби сангзанӣ маълум нест. Ҷониби Қирғизистон дар бораи захмӣ шудани чаҳор хонандаи қирғиз хабар дода буд.

"Кӯдакон пас аз адои дарс аз мактаби рақами 64 бармегаштанд. Онҳоро чанд сокини деҳаи Куктоши вилояти Бодканд, ки бо деҳаи Сомониён наздик аст, бе ҳеч сабаб задаанд. Ҳоло ҳодисаро таҳқиқ дорем", -- нақл кард раиси ҷамоати Чоркӯҳи Исфара.

Тоҷикистон бо Қирғизистон 970-980 километр марз дорад, ки аз ин танҳо 519 километр мушаххас ва нишонагузорӣ шудааст. Ҳамасола дар минтақаҳои баҳсии марзи ду кишвар бо сабабҳои гуногун, аз ҷумла бар сари тақсими об, муноқиша сар мезанад.

Дар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи 28-29-уми апрели имсол дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон аз ду тараф 55 кас кушта, даҳҳо нафар захмӣ ва даҳҳо манзил сӯхтаву вайрон шуданд. Нерӯҳои ду кишвар якдигарро ба оғози ҷанг гунаҳкор мекунанд. Додситониҳои кулли ду кишвар дар пайванд ба ҳодиса парванда кушода, таҳқиқро оғоз карда буданд, аммо то ҳанӯз натиҷаи онро эълон накардаанд.

ИМА дар САҲА: интихоботи Русия озоду одилона набуд

Як мақоми интихоботӣ дар интихоботи Русия

Ҳайати ИМА дар САҲА интихоботи ахири Думаи давлатии Русияро ҳамчун “ҷавобгӯ набуданаш ба меъёри интихоботи озоду одилона” интиқод карда иддаои Маскавро дар бораи дахолати берун “бепояву асос” номид. Эндрю Шепард, иҷрокунандаи вазифаи мушовири сиёсии ИМА интиқодҳои худро рӯзи 23-юми сентябр дар сатҳи Шӯрои доимии САҲА матраҳ кард. Шепард гуфт: “Амалҳои саркӯбгаронаи ҳукумати Руси пеш аз баргузории интихоботи Дума дар таърихи 17-19-уми сентябр ва баъди он аз шаффофияти интихооботӣ озод буд, орӣ аз пӯшиши хабарии матбуоти озод гузашт ва ин ҳама эътимод ба интихоботро ба ҳам зад”.

Аввалин бор аз соли 1993 бо сабаби ҷорӣ кардани маҳдудият аз ҷониби ҳукмати Русия нозирони САҲА дар интихоботи ин кишвар иштирок накарданд.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG