Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мавлуда Рафиева, хабарнигори фаъоли тоҷик даргузашт


Мавлуда Рафиева, акс аз саҳифаи Фейсбук
Мавлуда Рафиева, акс аз саҳифаи Фейсбук

Мавлуда Рафиева, хабарнигори гуруҳи расонаҳои "Азия-Плюс" дар синни 56-солагӣ даргузашт. Сабаби марги ӯ ҳанӯз дақиқ нест, аммо дӯстонаш мегӯянд, Рафиева чанд рӯзи ахир аз сулфа ва ҳарорати баланд шикоят дошт.

Мавлуда Рафиева аз хабарнигорони фаъол дар вилояти Суғд буд ва барои гуруҳи расонаҳои "Азия-Плюс" мавод менавишт. Ин хабарнигори тоҷик то рӯзи 8-уми октябр дар шабакаи Фейсбук фаъол буд ва ба гуфтаи наздиконаш баъд аз он рӯз дар беморхона бистарӣ шуд.

Рафиева аз фаъолтарин хабарнигорони тоҷик буд, ки мавзӯи гирифторӣ ба COVID-19-ро дар шимоли Тоҷикистон инъикос мекард. Ӯ ҳамчунин мавзӯи муноқишаҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро аз наздик пайгирӣ мекард.

Мавлуда Рафиева ҳамчунин роҳбари намояндагии Анҷумани милли расонаҳои мустақил дар вилояти Суғд буд.

XS
SM
MD
LG