Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Томас Бах: Варзишгарон метавонанд орзуи олимпии худро соли оянда амалӣ кунанд


Президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) Томас Бах
Президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) Томас Бах

Президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) Томас Бах ба раҳбарони дастаҳо дар Олимпиадаи Токио-2020 итминон дод, ки варзишгаронашон метавонанд орзуи олимпии худро соли оянда амалӣ кунанд. Дар ин бора сомонаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, Бах зимни суханрониаш дар ҷаласаи онлайнии раҳбарони дастаҳо дар Олимпиадаи Токио-2020 ваъда дод, ки ташкилот бо тамоми имконот фаъолият дорад, то Бозиҳоро ба давраи баъд аз коронавирус мутобиқ созад.

Дар истинод ба изҳороти қаблии раҳбарони баландпояи КБО ва Олимпиадаи Токио-2020 дар мавриди он ки Бозиҳои олимпӣ ва паралимпӣ новобаста ба пандемияи коронавирус баргузор мешавад, Бах ба ин паём бори дигар оҳанги хушбинона дод. Вай гуфт, “силсилаи тадбирҳои муҳофизатӣ, ки барои Олимпиадаи Токио-2020 коркард мешаванд, ба КБО ва ташкилкунандагон имкон медиҳанд, ки ба Бозиҳои олимпии бехатар омода шаванд, дар ҳамагуна шароите, ки ҷаҳон дар соли 2021 хоҳад буд.”

Раҳбари Олимпиадаи Токио-2020 Ёширо Морӣ низ зимни муроҷиати видеоӣ гуфт, “тасмимҳои кам кардани хароҷот, ки ташкилкунандагон роҳандозӣ мекунанд, ба ҳама дахл дорад.”

Ташкилкунандагони Олимпиадаи Токио-2020 ҳафтаи гузашта иброз намуда буданд, ки ба хотири кам намудани хароҷот тадбирҳои гуногун амалӣ карда мешавад. Аз ҷумла бо ихтисори шахсони расмӣ дар Бозиҳо аз 10 то 15 дарсад ва барҳам додани маросимҳои қабул дар Деҳаи олимпӣ қабл аз маросими кушодашавӣ то 280 миллион доллари ИМА сарфа хоҳад шуд.

Раҳбари Олимпиадаи Токио-2020 гуфт, ки кушодашавии Бозиҳои олимпӣ дар санаи 23-юми июли соли оянда “лаҳзаи ҳамдилӣ ва иттиҳод хоҳад буд, ки инсоният қаблан инро таҷриба накардааст.”

XS
SM
MD
LG