Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирозҳо дар Белорус: 586 касро дастгир кардаанд


Эътирозҳо дар Минск, 11-уми октябри 2020
Эътирозҳо дар Минск, 11-уми октябри 2020

Дар эътирозҳои рӯзи 11-уми октябр дар Белорус 586 касро дастгир кардаанд. 500 нафари онҳо аз Минск ҳастанд ва дар миёнашон беш аз 40 рӯзноманигор ва аккос низ қарор доранд. Дар ин бора маркази ҳимояи ҳуқуқи "Весна" хабар дод.

Ба зидди эътирозгарон дар шаҳри Минск аз мошинҳои обпош, норинҷакҳои садодор, гази ашковар ва васоили дигар истифода кардаанд. Дар посух эътирозгарон ба сӯи пулис зарфи пластикӣ ва санг партофтаанд.

Шоҳидон аз зарар дидани даҳҳо эътирозгар хабар медиҳанд.

Дар давоми ду моҳи баргузории эътирозҳо бори аввал буд, ки пулис дар шаҳри Минск ба роҳпаймоӣ муқобилати сахт нишон дод.

Эътирозгаронро дар шаҳрҳои дигари Белорус: Брест, Витебск, Могилев, Гродно, Молодечно, Жлобин, Кобрин ва Бобруйск низ боздошт карданд.

Сарфи назар аз муқовимати пулис, ҳазорон эътирозгар тавонист, ки дар кӯчаҳои шаҳр роҳпаймоӣ кунад.

Дар Белорус ҳудуди ду моҳ инҷониб эътирозҳо идома доранд. Эътирозҳо баъди он оғоз шуд, ки Кумисюни марказии интихоботи Белорус дар интихоботи президентии 9-уми август Александр Лукашенкоро баранда эълон кард. Мухолифон ва кишварҳои ғарбӣ эътироф накардаанд.

XS
SM
MD
LG