Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бритониё дар пайравӣ аз дигар кишварҳои аврупоӣ сафирашро аз Беларус бозхонд


Жаклин Перкинс, сафири Бритониё дар Беларус

Дар пайравӣ аз чанд кишвари аврупоӣ, ки сафиронашонро аз Беларус бозхонданд, Бритониё ҳам сафирашро аз ин кишвар берун кард. Вазири хориҷа Доминик Рааб шоми 9-уми октябр гуфт, ки иқдоми онҳо ба нишони эътироз аз берун кардани дипломатҳои Полшаву Литва аз Беларус гирифта шуд. Қаблан Булғористон, Ҷумҳурии Чех, Словакия, се кишвари назди Балтика ва Полша сафирони худро бозхонданд. Иттиҳоди Аврупо ҳафтаи гузашта гуфт, ки дар посух ба тақаллубҳои интихоботиву нақзи ҳуқуқи башар мақомоти Беларусро таҳрим мекунад. Дар Беларус баъди он ки Комиссиюни интихоботӣ Александр Лукашенкоро баранда эълон кард, мухолифон ва ҳазорҳо сокини маҳаллӣ натиҷаҳоро тақаллубшуда номида, даст ба эътироз заданд. Светлана Тихановская, як раҳбари мухолифон ва номзади дар интихобот мағлуб эълоншуда гуфт, ки натиҷаҳои интихоботро қабул надорад ва баъди таҳдид ба ҷону худу аъзои оилааш, фаъолияти сиёсиро аз хориҷа идома медиҳад.

XS
SM
MD
LG